SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."

Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар

23140368 899512586879753 1469349030 n 

Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду андарзи зиндагӣ баҳравар гардад, аввалин омӯзгор ва ё муаллимашро пеши назар меоварад, пайваста ёд мекунад. Охир, он заҳмату меҳнати омӯзгор буд, ки чашми дилат кушода шуд, ба олами нуру зиё пайвастӣ. Омӯзгорон зиёданд, аз онҳо дар ҳар фан баҳраёб шудаӣ, хешро дарёфтӣ. Вале баъзе муаллимон, омӯзгороне ҳастанд, ки ҳеҷ гоҳ натавонӣ аз ёд бурд. Он омӯзгор бо ҳақгӯию ҳақҷӯӣ ва сахтгирию меҳрубонӣ дар ҳаёти мо нақш гузоштааст.

 

 

 

Яке аз чунин омӯзгорон марди шариф, ростгӯю ростқавл, донишманду сахтгир Воҳид Асрорӣ. Ӯ бо рафтор, гуфтор ва ҳаракати хеш зуд ба дидаҳо мехӯрд. Пеш аз он ки бо ӯ вохӯрем, ҳамсуҳбат гардем, чандин нақлҳои аҷиб ва меҳрубонию дилсӯзиашро ба шогирдон ва донишҷӯён шунида будем.

 

Чеҳраи ҷиддӣ, нигоҳи сахт, мӯйи сар шоназада ва то буни гардан дароз, рост ба минбар омаду хомӯш истод. Мо ҳам аз шаҳомат ва сиёсати ӯ ба њайрат омада, бе сухан оқибати корро нигарон шудем.

 

- Хайр, шумо ҳама мехоҳед журналист шавед?

 

Мо на «ҳа» мегуфтем на «не».

 

- Чаро хомӯшед, медонед, на ҳама соҳибқалам мешавед. Рӯзноманигорӣ кори сахт мушкил, ишқ, муҳаббат ва тоқат даркор. Шабу рӯз омӯхтану хондану навиштан лозим, то ба мақсудат расӣ…

 

Мо хомӯш будем. Чӣ ҳам  мегуфтем.

 

- Ман ба шумо вазифа медиҳам. То дарси оянда дар бораи фаслҳои сол лавҳа ё мақола навишта меоред. Як чизро гӯям, касе дар бораи зимистон нанависад. Он фасли мурда аст, баъд хунукиаш нофорам…

 

Мо ҳама парешон шудем. Ман бо Мирзоҳомид ва Шукрисоҳиб аз донишгоҳ берун гаштем.

 

Шукрисоҳиб, ки ҷавони сабзинаи камгап буд, гуфт:

 

- Медонед, муаллим чаро дар бораи фасли зимистон нанависед гуфт?

 

- Не…

 

- Чунки ӯ иштирокчии ҷанг аст, хунукии соли ҷанг ба ҷисму ҷонаш таъсир карда, азоби бисёреро дидааст.  Барои ин фасли зимистонро бад дидан, гунаҳкор кардан меарзад. Охир соли ҷанг дар зимистон аз ҳад хунукии сахт шудааст. Ҳатто шикастхӯрии душманро аз зимистон медонанд.

 

Мо то хобгоҳ бо баҳсу мунозира омадем ва дар андешаи навиштани супориши муаллим гардидем. Медонистам, ки бештари ҳамсабақҳо албатта дар бораи арӯси сол баҳор ва тирамоҳи заррин менавиштанд. Ва чанд нафар мумкин дар бораи тобистон ҳам нависанд. Аммо зимистон… танҳо…

 

Ман натавонистам зимистонро танҳо гузорам, ҳамеша ин фасли сол бароям писанд буд. Махсусан дар зери барфҳои боридаистода қадамзаниро дӯст медоштам. Хаёл мекардам, ки модарам ба китфони ман орд мепошад, то роҳам сафед бошад. Дигар он ки вақте дар болои кӯрпаи барф қадам мезанӣ як мусиқии аҷибро мешунавӣ. Ҳама дашту даман сафедпӯш, чун ҷомасафедон, чун сарбанди модарон, чун сарандози арӯсон… Натавонистам, ки дар бораи зимистон нанависам. «Бигузор маро пеш кунанд, ман дар бораи зимистон, ҳамон фасли дӯстдоштаам менависам».

 

Рӯзи дигар навиштаҳои худро ба муаллим супоридем… Акнун нигарон будем, ки муаллим чӣ баҳо медиҳад, чӣ мегӯяд.

 

Мирзоҳомид ҳар лаҳза мегуфт:

 

- Муаллим бисёр якрав ва ба қавли худ устувор, ту беҳуда дар бораи зимистон навиштӣ. Ӯ хаёл мекунад, ки ту барқасд, писанд накарда навиштӣ.

 

Он рӯзи деринтизор расид. Муаллим чун ҳарвақта бисёр ҷиддӣ ва парешон вориди ҳуҷраи дарсдиҳӣ шуд. Баробари ба минбар омадан гуфт:

 

- Ки дар бораи зимистон навишт.

 

Ман бо авзои беҷо дар таҳи обу арақ монда аз ҷой хестам. Мӯйи сари ҷингилаам хеле калон буд. Ва ҳатто намедонам чеҳраам чӣ хел бозӣ мекард.

 

- Ту навиштӣ?..

 

- Бале…

 

- Худат ҳам чун зимистон хунукӣ…

 

Чанд нафар худро дошта натавониста хандиданд. Вале ман дар оҳанги гапзании муаллим нармиро, меҳрубониро эҳсос мекардам. Шердил шуда рост ба ӯ нигаристам. Ба наздам омаду гуфт:

 

- Ту шеър ҳам менависӣ?

 

- Не, нанавиштаам.

 

- Навиштанат аҷиб оҳанге дорад. Сода, самимӣ ва боварибахш. Аз ҳамин рӯз иборат ман ҳам зимистонро дӯст доштам. Ту маро бо зимистон оштӣ додӣ. Офарин! Метавонӣ ин навиштаатро дар газетаи деворӣ чоп карда, супорӣ…

 

Ба китфам бо дасти сиҳаташ се бор оҳиста заду гуфт:

 

- Табъи шоирӣ дорӣ…

 

Он рӯз ман чунон шод, чунон сарбаланд будам, ки ба гуфтан рост  намеояд.

 

Ҳамон рӯз дигар ҳамсабақҳо маро бори дигар шинохтанд. Ман бисёр мехостам, аз рӯзгор ва зиндагиномаи омӯзгори собиқадор ва донишманд Воҳид Асрорӣ огаҳ шавам. Ҳатто дар вақти дарс ба ӯ савол медодам, то дар бораи худаш нақл намояд. Ӯ аз чӣ бошад даст меафшонду дар бораи навиштану эҷод кардан ва чӣ сон эҷодкори хуб шудан маслиҳат медод. Аммо дигар омӯзгорон ва махсусан шогирдони ӯ, ки аз жанри журналистика дарс медоданд, Иброҳим Усмон ва Абдусаттор Нуралиев аз ҳаёту эҷоди Воҳид Асрорӣ нақл мекарданд. Он марди хирад, барои шуъбаи рӯзноманигорӣ аз аввал талош мекардааст. Дигар он ки шогирдони худро аз ҷонаш ҳам зиёдтар дӯст медоштааст. Ҳатто дар лаҳзаҳои сангин ва бисёр тақдирсоз ӯ барои шогирдаш пушту паноҳ шуда, илоҷи воқеаро меёфтааст. Дигар он ки то охир сухани худро нагузоранд, қарор намеёфтанд. Аз ростгӯӣ, беибо сухан гуфтанаш дигар омӯзгорон ҳарос доштанд. Аҷиб он ки шогирдони саркашу шӯрапуштро бештар дастгирӣ мекарду мегуфт:

 

- Аз чунин ҷавонони боғайрат ва нотарс журналистони асил мебарояд. Худ ин касб чунин инсонҳоро талаб мекунад. Тарсӯ, беғайрат ва беҷасорат, рӯзноманигори хуб намешавад. Худ журналист, мубориз, ҳақгӯ, нотарс, бебок бояд бошад…

 

Ӯ ном мегирифт, он рӯзноманигороне, ки соҳибмактабу соҳибқалам буданд. Ёд меовард, шоири ҷасур ва нотарс Ҳабиб Юсуфиро. Ҳамон шоире, ки рӯйрост, беибо камбудии адабиётро, шеъру шоириро, рӯзгорро менавишт. Аз ҳама беш чоплусону дурӯғгӯён ва хушомадгаронро бад медид. Ба ҳоли онҳо раҳм намекард. Онҳоро ҳамчун касалӣ дар адабиёт медид. Аз нигоҳаш, гуфтораш ҳақиқат мерехт, оташ шӯъла мезад. Ҳамин ҷасурию нотарсиаш буд, ки худ ариза дода бо часпу талошҳои зиёд ба ҷанг рафт. Тақдир онҳоро дар аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Самарқанд шинос кард. Ӯ хурсанд аз комиссариати ҳарбӣ баромаду бо Ҳабиб Юсуфӣ вохӯрд. Ба хонаи ӯ рафта то хеле суҳбат карданд. Бо ҳам оши тайёркардаи ҳамсари Ҳабиб Юсуфиро хӯрданд. Ин аввалу охирин вохӯрӣ бо шоир, рӯзноманигор, мунаққид Ҳабиб Юсуфӣ буд.

 

Боре аз чӣ бошад дар бораи  шеъру шоирӣ сухан рафту муаллим гуфт:

 

- Шоирӣ, ҳавою ҳавас нест. Ишқ, муҳаббат ва истеъдод даркор. Ман ҳам шеър менавиштам, чанд китоб чоп кардам. Аммо пас аз танқиде бас кардам шеъргӯиро.  Чӣ ҷои пинҳон кардан, маро устод Лоҳутӣ ҳам тавсия дод, ки шоириро идома диҳам. Ҳеҷ гоҳ напартоям. Аммо нашуд…

 

Он вақт мо чанд шеъри ӯро аз рӯи эътиқод ва меҳр аз худ карда будем.

 

Махсусан он шеъре, ки бо чунин мисраъҳо оғоз мешуд:

 

Муҳаббат гуна-гуна қисса дорад,

 

Ба ҳар қисса ҳар ошиқ ҳисса дорад.

 

Муҳаббат чун ҳавои навбаҳор аст,

 

Гаҳе шодию гоҳе ғусса дорад…

 

Чанд шеъри дигари ӯро ҳофизон ҳам оҳанг баста месароиданд. Воҳид Асрорӣ дар ҳақиқат дар гуфтору рафтор ягона буд. Корҳои илмӣ ва пайваста донишомӯзӣ қадру қимати ӯро дар назди ҳама баланд карда буд. Фолклоршиносии ӯ барои бисёр олимони ин соҳа як мактаб шуд. Ӯ тавонист ба ҳамагон шоири халқӣ Юсуф Вафоро шиносонад. Ва боз китоберо бо номи «Жанрҳои хурди фолклори тоҷик» ба дасти хонандагон расонид, ки худ дар соҳаи илм як падидаи нодир шуморида мешуд. Ӯ ба маънои томаш олим буд, шоир буд, омӯзгор буд. Чандин китоби адибони маъруфро тарҷума ҳам кардааст. Вале барои мо ӯ устоди кори хеш буд. Омӯзгоре буд, ки дари нуру зиёро ба рӯи донишҷӯён боз намуда.

 

Мо соли 1982 донишгоҳро хатм кардем. Муаллим ҳангоми хайру хуш гуфт:

 

- Акнун майдони эҷод дар пеш аст. Вақту соат нишон медиҳад, ки кӣ журналисти асил мешавад, ки омӯзгориро пеша мекунад, кӣ худро дар илму дониш меёбад. Мо шуморо журналист тарбия кардем, то ин ки дар роҳи пурифтихор нотарсона қадам занед, аз заҳмату меҳнати ин касб ном барореду бо манфиати Ватану миллат хизмати арзанда кунед. Роҳатон сафед бод!

 

Мо бо ӯ – омӯзгори соҳибмақому худогоҳ Воҳид Асрорӣ акс гирифтем. Он рӯз ӯ ҳам дар ҳолати ҳаяҷон буд. Тез-тез рӯяшро яктарафа мекард, то мо ашкҳои чашмони ӯро набинем. Ӯ аз якравӣ, ҷангу ҷидоли дигар омӯзгорон, аз гоҳе танбалию гоҳе бепарвоии мо гарчанде хаста шуда бошад ҳам, ба мо меҳр дошт, умед дошт…

 

- Шумо роҳи худро пайдо карда метавонед, эй уқобони баландпарвози донишгоҳ…

 

Солҳо гузаштанд, омӯзгори мо Воҳид Асрорӣ зиндагиро падруд гуфт.

 

Аммо кору рафтораш, суханони гоҳе нарму гоҳе сахт ва нигоҳи тезу хислати  ҳамидааш ҳамеша дар ёди мо фурӯзон аст. Ёди чунин омӯзгорон диду дидаро нур мебахшад, дилҳоро фурӯзон мекунад. Охир, беҳуда нагуфтаанд, ки:

 

 

 

Фаромӯш макун ҳаққи устоди хеш,

 

Ки бар ҳиммати ӯст бунёди илм.

 

Агар дар дилат меҳри устод нест,

 

Ба дасти умеди ту ҷуз бод нест.

 

 

 

                                      Шаҳобиддини Ҳақназар

 

 рўзноманигор

 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.