SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."

Муроди

Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди матбуоти даврӣ». – Душанбе: Аржанг, 2017. – 224 с.

 

Дар шароити кунунӣ пешрафту тараққиёти ҷомеа ва тамоми соҳаҳои ҳаётро бидуни воситаҳои ахбори омма (ВАО) тасаввур кардан ғайриимкон аст. Хоса дар замони истиқлолияти кишвар барои пешрафту таҳаввулоти ВАО, махсусан матбуоти даврӣ шароити мусоид ба вуҷуд омад. Ҳарчанд дар солҳои аввали истиқлолият матбуоти даврӣ ба мушкилот рӯ ба рӯ гардид, вале дар охири солҳои 90-уми асри гузашта тадриҷан рӯ ба инкишоф овард.

 

 

Дар системаи ВАО нашрияҳои мухталиф ба вуҷуд омаданд, ки на танҳо аз ҷиҳати шакл, балки аз рӯйу мазмуну мундариҷа низ фарқ мекарданд. Ҳадафу таъйиноти матбуот низ то андозае тағйир ёфт. Имрӯз бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки матбуоти тоҷик баёнгари ормонҳои мардум ва ҳимоятгари манфиатҳои миллӣ буда, дар тарғиби дастовардҳои замони истиқлол ва пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саҳми арзанда мегузорад. Ҳамчунин дар ташаккули афкори иҷтимоӣ, ҳалли проблемаҳои муҳими ҳаёт, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, созандагӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ тарбия намудани насли ҷавон низ саҳми матбуот ниҳоят бузург аст.

Боиси хурсандист, ки солҳои охир муҳаққиқону назариячиёни соҳаи журналистика низ ба падидаҳои рушду инкишофи матбуоти тоҷик дар замони истиқлолият бо диду назари тоза менигаранд. Дар бораи мазмуну мундариҷа, хусусиятҳои шакливу мавзӯӣ, жанриву ороишӣ ва дигар паҳлуҳои матбуот тоҷик дар замони истиқлол, даҳҳо асару мақолаҳои илмӣ, рисолаву монографияҳо ба табъ расидаанд, ки барои минбаъ дар ин самт анҷом додани пажӯҳишҳои амиқтару густурдатар роҳ мекушоянд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар ин самт пужӯҳишҳои муҳаққиқи нуктасанҷу нозукадои соҳаи журналистика ва публитсистикаи тоҷик, доктори илмҳои филология Мурод Муродов ниҳоят арзишманду бунёдӣ мебошанд. Номбурда дар самти пужӯҳиши муҳимтарин масъалаҳои матбуот ва публитсистикаи тоҷик барҳақ идомадиҳандаи кори устодон Воҳид Асрорӣ, Асадулло Саъдуллоев, Давлат Давронов ва Пайванди Гулмуродзода буда, дур ин ҷода имрӯз бо устодон Иброҳим Усмонов ва Абдусаттор Нуралиев паҳлу ба паҳлу гом мениҳад. Миқдори асару мақолаҳои илмии дар самтҳои мухталифи журналистика ва публитсистика эҷодкардаи Мурод Муродов ба бештар аз 200 адад мерасад. Мурод Муродов аз зумраи муҳаққиқонест, ки ҳамеша аз пайи ҷустуҷӯю эҷод буда, маҳорату малакаи пажӯҳандагии хушро такмил медиҳад. Аз як асари илмӣ то асари илмии дигар малакаю маҳорати ӯ сайқал меёбад. Натиҷаи ҳамин ҷустуҷӯю заҳматҳо аст, ки ӯ имрӯз системаи хоси тадқиқи хешро пайдо намуда, ба дараҷаи олими соҳибмактаб расидааст…

Ба наздикӣ бо ташаббуси Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи муассисаи табъу нашри «Аржанг» маҷмӯаи пажӯҳишҳои илмии чанд соли охири Мурод Муродов бо номи «Истиқлолият ва рушди матбуоти даврӣ» аз чоп баромад. Дар ин маҷмӯа ҷараёни рушди матбуоти даврӣ дар замони истиқлол, матбуот маҳаллӣ: вазъ ва дурнамои он, мавқеи нашрияҳои алоҳида дар инъикоси воқеияти иҷтимоӣ, паҳлуҳои мухталифи назарӣ ва амалии публитсистикаи муосир, манзалати эҷодии шахсиятҳои ҷудогона ва маҳсули эҷоди онҳо мавриди тааҳлилу баррасӣ қарор гирифта, он барои муҳаққиқону унвонҷӯён, донишҷӯён ва тамоми шахсоне, ки ба тадқиқу пажӯҳиши масъалаҳои муҳими журналистика ва публитсистикаи муосир сари кор хоҳанд гирифт, роҳнамо ва ниҳоят муфид мебошад.

Аз нигоҳи бандубасти мавзӯю мундариҷа маҷмӯаи «Истиқлолият ва рушди матбуоти даврӣ» сарсухан ва 3 қисми алоҳидаро дар бар гирифта, дар он 22 мақолаи ҷудогона ҷой дода шудааст. Ҳарчанд ҳар як мақолаи дар маҷмӯа шомилгардида дар алоҳидагӣ асари комили тадқиқотӣ ба ҳисоб меравад, дар тамоми маводи он робита ва ҳамбастагии зич ба назар мерасад ва дар айни замон қисмҳои ҷудогонаи маҷмӯа низ ба ҳамдигар алоқамандӣ доранд ва ҳамдигарро пурра намуда, дар маҷмӯъ як асари мукаммали илмию тадқиқотиро ба вуҷуд овардаанд. Дар сарсухан ба таври мухтасар дар бораи мундариҷа, масъалаҳои мавриди тадқиқ ва самтҳои пажӯҳиши муаллиф маълумот дода шудааст, ки аз он хонанда дар бораи асар маълумуоти умумӣ дарёфт карда метавонад.

Қисми якуми маҷмӯа «Истиқлолият ва матбуот» ном дорад, ки он 8 мақолаи ҷудогонаро дар бар мегирад. Дар ин мақолаҳо ба заминаҳои инкишофи матбуот дар давраи истиқлол, баъзе масъалаҳои рушди матбуоти даврӣ, мавқеи нашрияҳои алоҳида дар низоми матбуот ва масъалаҳои фанноварӣ дар матбуот таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Аз ҷумла дар мақолаи нахустин – «Омилҳои рушди матбуоти тоҷик дар замони истиқлол» баъзе масъалаҳои рушди матбуоти даврӣ ва табъу нашрро дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон фаро гирифтааст. Дар мақола бо тавзеҳи мақсади таҳқиқ сатҳи пажӯҳиши мавзӯъ, омилҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва касбии инкишофи матбуот дар давраи имрӯз баррасӣ гардида, марҳилаҳои таҳаввули онро зина ба зина бо зикри унсурҳои умумӣ ва фарқкунанда нишон дода мешаванд. Ба ақидаи муаллиф ин ва дигар омилҳо, аз як тараф, ба дигаргун шудани низоми матбуот, рангоранг гардидани мундариҷаи нашрияҳо, замонавӣ шудани ҷараёни омодагии касбии рӯзноманигорон, иртиботи қавии назария ва амалия замина гузошта, аз сӯйи дигар, дар таъмини воситаҳои ахбори омма бо рӯзноманигорони касбӣ ва ба ин минволи рушди ВАО, хоса матбуоти даврӣ таъсир гузоштаанд. Вазъ ва сифати нашрияҳои даврӣ бо усули муқоиса мавриди таҳлил қарор гирифта, вижагиҳои хоса ошкор, зарурат ва дурнамои пажӯҳиши амиқи соҳа муҳим арзёбӣ мегардад. Омилҳои асосие, ки ба таҳаввул ва инкишофи матбуоти даврии тоҷик таъсир расондаанд, нишон дода мешаванд. Унсурҳои умумӣ ва фарқкунандаи инкишофи матбуот дар давраҳои мухталиф баён гардида, баъзе самтҳои тадқиқоти минбаъдаи соҳа зикр карда мешавад.

Моҳият, рисолат ва ҳолати умумии матбуоти маҳаллии Тоҷикистон ва зарурати пажӯҳиши он дар мақолаи «Матбуоти маҳаллии Тоҷикикистон ва зарурути пажӯҳиши он» мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Вазъи имрӯзаи матбуоти маҳаллии кишвар дар заминаи пажӯҳишҳои таърихӣ, таҳлилҳои сотсиологӣ ва мушоҳидаҳои илмии муаллиф ба таври консептуалӣ баррасӣ гардида, дар мавриди эътибор додан ба ин навъи матбуоти даврӣ сазовори пажӯҳиши амиқтар будани он масъала ба миён гузошта мешавад. Дар мақолаи «Андар пажӯҳиши як нашрия» бошад, ба фаъолияти яксолаи нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Ҷумҳурият» мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар иртибот ба масъалаҳои вобаста ба таърихи ташаккули матбуоти миллии тоҷик, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар саргаҳи он қарор дорад ва барору нобарориҳое, ки рӯзнома дар арсаи таърих паси сар кардааст, фаъолияти нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 ба риштаи таҳлил кашида мешавад. Нақши ин нашрия дар инъикоси рӯйдодҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ, тарғиби иқдомоти Президенти мамлакат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҳаллу фасли проблемаҳои ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва иқисодиву фарҳангии кишвар муҳим арзёбӣ гардида, ба масъалаҳои шаклу ороиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Мазмун ва мундариҷаи яксолаи нашрия ва рубрикаҳои озмунии он ба таври мухтасар таҳлил гардида, қолабҳои жанрӣ муайян ва баъзе камбудиҳое, ки дар фаъолияти яксолаи нашрия ба назар расидаанд, нишон дода мешавад.

Дар мақолаи «Вазъ ва дурнамои матбуоти маҳаллӣ» чанд андеша дар заминаи омӯзиши сотсиологии матбуоти шаҳри Қӯрғонтеппа баён гардидааст. Дар ин замина ба баъзе проблемаҳои нашрияи шаҳрии «Набзи Қӯрғонтеппа» ва нашрияҳои вилоятии «Хатлон», «Новый Хатлон», «Дӯстлик», аз ҷумла ба вазъи кунунӣ, таъминоти кадрӣ ва масъалаҳои вобаста ба табъу нашри онҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст.

Мақолаи дигари қисми якуми маҷмӯа «“Маърифати омӯзгор” дар низоми матбуоти соҳавӣ» унвон дорад. Муаллиф дар ин мақола дар иртибот ба роҳи тайкардаи маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» нақшу мавқеи ин маҷалларо дар баррасӣ ва ҳалллу фасли мушкилоти соҳаи маориф, расонидани ёрии методӣ ба омӯзгорон, инъикоси паҳлуҳои гуногуни ислоҳот дар соҳаи маориф, дастгирии омӯзгорони эҷодкору навовар, баланд бардоштани сифати таҳсил ва тарғиби сиёсати давлат дар соҳаи маориф баланд арзёбӣ менамояд. Таъкид карда мешавад, ки дар маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» дар ҳар давру замон рисолати худро ба хубӣ иҷро намуда дар пешрафти соҳаи маорифи кишвар ҳиссаи арзанда гузоштааст. Баъзе нуқсонҳои шакливу мавзӯии маҷалла низ баён карда мешавад.

Мақолаи «Дар талоши фанноварӣ» дар бораи муваффақият ва мушкилоти нашрияи «Насими Исфара» нақл мекунад. Дар заминаи шиносоӣ ба фаъолияти ин нашрия баъзе ҷанбаъҳои таърихӣ ва вазъи имрӯзаи он баррасӣ гардида, бо таҳлили маълумоти тариқи пурсишҳои сотсиологӣ бадастомада усули кор, муносибати кормандони нашрия ба касб, хусусияти эҷод ва фикру назари хонандагон ба рӯзнома нишон дода мешавад.

«Рахмимъ чӣ гуна рӯзнома аст?». Чунин унвон дорад мақолаи дигари қисми якуми маҷмӯаи «Истиқлолият ва рушди матбуоти даврӣ». Мақола роҷеъ ба нашрияи яҳудиёни Осиёи Миёна бо номи «Рахмимъ», ки дар солҳои 1910-1916 интишор гардида, ду бастаи он дар захираи фонди бойгонии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» нигоҳ дошта мешавад, маълумот медиҳад. Мубрамияти мақола дар он аст, ки дар он бори аввал дар бораи чунин як мақола, ки дар ибтидои асри ХХ бо забон ва ҳуруфи яҳудӣ дар қаламрави Осиёи Миёна ба табъ расидааст, умумӣ дода мешавад. Ҳадафи таълифи мақола шиносондани ин нашрия ба доираи пажӯҳандагони соҳаи матбуот ва публисистика мебошад. Ҳарчанд забон ва хатти рӯзнома ноошност, муаллиф дар бораи мазмун ва мундариҷаи он ба ба таври мухтасар сухан меронад ва изҳори умед менамояд, ки шояд тадқиқу омӯзиши амиқи ин нашрия ба баъзе паҳлуҳои норавшани таърихи матбуоти Ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва мардуми ин сарзамин равшанӣ меандозад.

Қисми якуми маҷмӯа бо мақолаи «Баъзе проблемаҳо дар баргузории нишастҳои матбуотӣ» ба анҷом мерасад. Дар мақола моҳият ва аҳамият Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидию таҳлилии воситаҳои ахбори омма» мавриди баррасӣ қарор мегирад. Муаллиф аз рӯйи мушоҳидаву таҷрибаҳо нақши ин фармонро дар балан бардоштани обрӯ ва мартабаи журналистон дар ҳалли масъалаҳои ҳаёти ҷомеа, беҳтар гардидани дастрасӣ ба иттилоъ ва таъмини ҷомеа бо ахбори муътамаду санҷидашуда муҳим арзёбӣ менамояд. Дар баробари ин баъзе камбудиҳое, ки ҳангоми ташуилу баргузории нишастҳои матбуотӣ ба назар мерасанд, муносибати журналистон ва роҳбарони вазорату идораҳою ташкилоту муассисаҳо ба ин чорабинӣ, сифати варақаҳои иттилоотӣ ва амсоли инҳо баён гардида, барои бартараф намудани чунин норасоиҳо пешниҳодҳои муаллиф ироа мегарданд.

Қисми дуюми асар «Публисистика ва замони муосир» унвон дошта, чор мақолаи илмиро дар бар мегирад. Мақолаи нахустини ин қисм – «Баъзе масъалаҳои таҳқиқи публисистика дар замони муосир» ба тарзи муносибат ба таҳқиқи публисистикаи муосир бахшида мешавад. Масъалаи ташаккули таҳқиқи публитсистикаи замон ва нақши он дар ҷодаи эҷод, таҳаввулот дар таҳқиқи публитсистӣ ва ҷанбаъҳои барои илм ва ҷомеа муҳими он ғояи асосии мақолаи илмиро ташкил медиҳад. Ба масъалаҳои ҳолат, хусусият ва таъйиноти публитсистикаи муосир, рӯҳияи замонавӣ пайдо кардани таҳқиқи публитситика таваҷҷуҳ зоҳир гардида, ба равандҳои ҷомеаи муосир ва инкишофи жанрҳои публитсистӣ таъсиррасон будани он таъкид карда мешавад. Дар се ҷанбаъ – ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ, ҳамчун маҳсули шахси эҷодкор ё маҳсули фаъолияти маърифати инсон ва ҳамчун навъи мустақили фаъолияти эҷодӣ ба роҳ мондани тадқиқи публитсистӣ ба мақсад мувофиқ дониста мешавад.

Дар мақолаи «Чеҳранигорӣ ва масъалагузорӣ дар публитсистикаи муосир» маводи публитсистии маҷаллаи «Садои Шарқ» ва ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» дар соли 2013 мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Дар мақола масъалаҳои иҷтимоиву тарбиявии маводи публитсистикаи нашрияҳои номбурда, фарқи маводи публитсистии замони истиқлол аз публитсистикаи даврони шӯравӣ баррасӣ гардида, то чӣ андоза ба тасвири ҳодисаву воқеаҳо, кушодани хислату характер ва олами ботинии қаҳрамонони асарҳои публитсистӣ ноил гардидани муаллифони асарҳои публитсистӣ ва хусусиятҳои хоси нигорандагии онҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст.

Проблемаи интихоби инсони бунёдкору заҳматкаш ва офаридани симои он дар публитсистикаи бадеӣ дар мақолаи «Тасвири инсони бунёдкор дар публитсистикаи имрӯз» аз масъалаҳои марказии мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқ мебошад. Зимни омӯзишу таҳлили асарҳои мухталифи публитсистӣ муаллиф таъкид менамояд, ки дар замони имрӯза аксари адибон барои офаридани симои чунин шахсон ба публитсистика рӯ меоранд ва аз имконоти ин навъи эҷод баҳра мебаранд, вале, мутаассифона, на ҳамаи муаллифон ҳангоми инъикоси ҳодисаву воқеаҳои рӯзмарра ва тасвири меҳнати фидокоронаи инсони бунёдукор махсусиятҳои жанри публитсистиро риоя менамоянд. Дар асоси таҳлилу муқоиса муаллиф ба хулосае меояд, ки дар публитсистикаи муосир жанри очерк симои анъанавии худро аз даст дода, бештар хусусияти иттилоотӣ касб намудааст ва ба тарҷумаи ҳол монанд гардидааст. Ба ақидаи муаллиф инъикоси ҷараёни бунёдкорӣ, тасвири инсони заҳаматкашу муҳнатдӯст, матиниродаву меҳандӯст ва дорои хулқу атвори ҳамида кори осон нест ва на ҳар кас ба ин қодир мебошад. Барои тасвири симои чунуин қаҳарамон ва ноил шудан ба ҳадаф шахс бояд қобилияти баланди эҷодкорӣ, малакаю маҳорати баланди нигорандагӣ, таҷрибаи ғанӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва истеъдоду лаёқат дошта бошад. Бо таассуф қайд карда мешавад, ки дар публитсистикаи бадеии муосир чунин маҳорати нигорандагӣ ниҳоят кам ба назар мерасад.

Мақолаи «Шаклҳои тозаи ҳаҷанигорӣ дар матбуоти даврии тоҷик», ки дар охири қисми дуюми маҷмӯа ҷой дода шудааст, як навъ идомаи силсилатадқиқотҳои муаллиф дар мавзӯи ҳаҷви публитсистӣ мебошад. Муаллиф дар заминаи таҳлили маводи мушаххаси ҳафтаномаҳои «Нигоҳ» ва «Фараж» мақоми ҳаҷвро дар матбуоти даврӣ таҳлил, қолабҳои эҷоди ин навъи асари публитсистӣ, ба вуҷуд омадани шаклу услубҳои нави эҷоди асарҳои ҳаҷвӣ ва махсусиятҳои жанрии онҳоро муайян мекунад. Дар заминаи мисолҳои мушаххас анъанаву навоварӣ дар маводи ҳаҷвии ҳафтаномаҳои «Нигоҳ» ва «Фараж» баён карда мешавад.

Қисми сеюми маҷмӯаи «Истиқлолият ва рушди матбуоти даврӣ» тақризҳои дар се соли навиштаи муаллифро дар бар мегирад. Дар ин қисм 10 тақриз ба маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ ва асарҳои муаллифони гунонун ҷой дода шудааст. Нахусттақриз «Осори пурарзиш» унвон дошта ба нашри ҷилди якуми «Осор»-и Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе: Истеъдод, 2014. – 480 с.) бахшида мешавад. Муаллиф мазмун ва мундариҷаи маҷмӯаи илмии зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, бо таҳлили омилҳои иҷтимоиву илмӣ зарурати чопи чунин маҷмӯа асоснок менамояд, матолиби дар ҷилди мазкур гирдоваришударо муҳим ва актуалӣ меҳисобад.

Маҷмӯаи ашъори «Тавофи ватан»-и Абдурауфи Фитрат дар тақризи «Иқдоми хуб ва пайгирона» мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар ин тақриз аз тарафи маҳаққиқони шинохта, академик Муҳаммадюсуф Имомзода ва Масрур Абдуллоев ба табъ расидан ва дастраси хонандагон гардонда шудани маҷмӯаи ашъори Абдурауфи Фитрат кори хайр ва иқдоми нек ҳисобида шуда, хусусияти ин маҷмӯа аз чанд ҷиҳат муайян карда мешавад. Изҳори умед карда мешавад, ки ин маҷмӯа минбаъд объекти тадқиқи маҳаққиқон қарор хоҳад гирифт ва барои ҷустуҷӯву ҷамъоварӣ ва ба табъ расондани ашъори боқимондаи Фитрат мусоидат хоҳад намуд.

Ду тақризи минбаъда – «Фарҳанги ҷашнороӣ» ва «Рисолати Фарзанддорӣ» ба ду асари адиб ва мунаққид Ҳасани Муҳаммадӣ бахшида шудаанд. Дар тақризи аввал ба хусусиятҳои хоси асари «Фурӯғи субҳи доноӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар дуюмӣ сухан дар бораи образи модари мушфиқу меҳрубон дар қиссаи «Вазифаи хонагӣ» мераваду андешаҳои муаллифи маҷмӯа роҷеъ ба асари муҳаққиқ ва журналист Носирҷон Маъмурзода «Журналистикаи Хатлон: вазъият, тамоюл ва дурнамои рушд» (Душанбе: Ирфон, 2015. – 205 с.) дар тақризи «Иқдоми нек» баён карда мешавад.

Дар ду тақризи минбаъда, ки зери унвони «Илҳом аз бунёдкориҳо» ва «Солномаи пирӯзиҳо» оварда шудаанд, ба ду асари публитсисти шинохта Шералӣ Мӯсо баҳо дода мешавад. Асари аввал «Мардистон» (Душанбе: Бухоро, 2013. – 223 с.) ном дошта, дар он ҷараёни сохтмони нақбҳои Шаҳристон ва Чормағзак аҳамияти ин сохтмонҳои азим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар тасвир ёфтааст. Асари дуюми мавриди назари муаллифи маҷмӯаи «Истиқлолият ва рушди матбуоти даврӣ» бо номи «Ҷасорат» (Душанбе: Эр-граф, 2016. – 276 с.) ба табъ расида, дар он қиссаю очерк, мақола ва ҳикояҳои воқеии Шералӣ Мӯсо фароҳам оварда шудаанд, ки дар бораи корнамоиҳои фидокорона ва қаҳрамониҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳикоят мекунанд.

Тақризи баъдӣ «“Бухорои Шариф” дар таҳқиқи Абдухолиқи Набавӣ» унвон дорад. Дар он сухан дар бораи саҳми адабиётшинос Абдухолиқи Набавӣ дар пажӯҳиши матбуоти миллӣ ва омилҳои пайдоиши он, ташаккули фарҳанги рӯзноманигорӣ, ба хусус нақши нахустрӯзномаи тоҷикӣ – «Бухорои Шариф» дар бедории афкори мардум ва таъсири он ба ҷомеа меравад. Таъқид карда мешавад, ки ин ва дигар масъалаҳои марбут ба матбуот ва фарҳанги рӯзноманигорӣ дар рисолаҳои илмии «Нахусти рӯзномаи тоҷикӣ ва фарҳанги рӯзноманигорӣ» ва «“Бухорои Шариф” – Сароғози матбуоти миллӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Маълумотҳое, ки адабиётшинос Абдухолиқи Набавӣ дар ду рисолаи зикршуда дар бораи зуҳури «Бухорои Шариф» ҳамчун нашрия, таъсисдиҳандагону кормандони он, хусусиятҳои шакливу мазмунии «Бухорои Шариф», иртиботи он бо хонанда, нақши он дар бедории фиккрии мардум ва таъсири он ба ташаккули матбуоти миллии тоҷик ҷамъ овардааст, барои донишмандону муҳаққиқон муҳим арзёбӣ мешаванд.

Маҷмӯа бо тақризи «Роҷеъ ба як омили маҳорат» ба анҷом мерасад, ки он ба маҳорати Баҳманён дар истифодаи устураву афсонаҳо дар маҷмӯаи «Дуди ҳасрат» сухан меравад. Ба ҳунари нависанда дар истифодаи чунин унсурҳои эҷодиёти мардум беназирбаҳои баланд дода мешавад ва таъкид мегардад, ки Баҳманёр ҳамчун нависанда зиндагӣ ва урфу одати мардумро хуб омӯхтааст. Ҳамин аст, ки дар асарҳои ӯ тахайюл рангини нависанда бо унсурҳои эҷодиёти мардум омезиш ёфта, барои ҷолибу хонданюоб баромадани асарҳои ӯ мусоидат кардаанд. Маҳоарти нависанда дар тасвири воқеисти иҷтимоӣ низ баланд ҳисобида мешавад. Ба ақидаи муаллифи тақриз унсурҳои эҷодиёти мардум, ки дар он лутфу зарофат ва танз бештар ба назар мерасад, ба эҷодиёти Баҳманёр ҳамчун «намак ба таом тамъ бахшидаанд» ва барои нишонрас баромадани ҳадафи нависанда ва таъсири он ба рӯҳу равони хонада омили муҳим мебошанд.

Аз мутолиаи маҷмӯаи илмии «Истиқлолият ва рушди матбуоти даврӣ» чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки чопи он аз чанд ҷиҳат муҳим аст:

  1. 1.Маҷмӯа дорои арзиши баланди илмию назарӣ ва барои муҳаққиқону пажӯҳишгарони соҳаи журналистика ва публисистика ниҳоят зурур мебошад;
  2. 2.Ҳар як мақолаи маҷмӯа қимати асари ҷудогонаи илмӣ ва заминаи қавии назариявӣ дорад;
  3. 3.Аз ҳар як мақола ба хубӣ аён аст, ки муаллиф ҳамчун маҳаққиқи пухтакор кӯшиш менамояд, рисолати касбии хешро дар назди ҷомеа адо намояд. Ин пеш аз ҳама аз проблемагузориҳои муаллиф ба назар мерасад.
  4. 4.Проблемагузориҳо дар мақолаҳои ҷудогонаи маҷмӯа ниҳоят муҳим ва саривақтӣ буда, барои фарохтару густурдатар ба роҳ мондани тадқиқотҳои миндаъда роҳ мекушоянд;
  5. 5.Ду қисми маҷмӯа ҷанбаи бештари назарӣ ва қисми сеюми он хусусияти амалӣ дошта, гувоҳи он мебошад, ки муаллиф мазмуну мундариҷаи асарҳои мутолианамудаашро хеле хуб дарк намуда, қобилияти баланди баҳо додан ба маҳсули эҷоди дигаронро дорад.

Умуман, маҷмӯаи «Истиқлолият ва рушди матбуоти даврӣ» силсилапажӯҳишҳои муҳиму арзишманд дар соҳаи назария ва амалияи журналистикаи муосир мебошад, ки ба масъалаҳои мавриди пажӯҳиш аз нуқтаи назари илмӣ муносибат сурат гирифтааст. Проблемаҳое, ки аз тарафи муаллиф дар ҳар мақолаи илмӣ гузошта шудаанд, барои дар оянда анҷом додани тадқиқотҳои мукаммал дар соҳаи матбуот ва публитсистика заминаи мусоид фароҳам меоранд.

 

 

 

Меҳроб Ҷумъаев

дотсенти кафедраи

услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.