SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."

baqulla

Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп баровард ва онро ба сохторҳои илмиву таълимӣ, хоҷагидории донишгоҳ, ки обуна шудаанд, тақсим намуд. Ҳар як шумора бо теъдоди 9500 нусха чоп гардидаанд.

 

 

Нашрия дар асоси озмун (тендер) дар матбааи «Мега-ПРИНТ» бо чаҳор ранг ва бо чаҳор саҳифаи ранга (саҳифаҳои 1,8,9,16) чоп мешавад.

Аз таҳлили мазмуну муҳтавои нашрия маълум шуд, ки фаъолияти ҳайати эҷодии нашрия дар мавриди беҳтар намудани мазмуну муҳтаво ва роҳу равиши инъикоси мавод равона гардида, ба чопи маводи масоили худогоҳиву худшиносӣ, ахлоқу маънавият ва паҳлуҳои гуногуни фаъолияти илмию истеҳсолии ҷумҳурӣ афзалият дода шудааст. Дар баробари ин ҳайати эҷодӣ дар самти тарғибу ташвиқи сиёсати маорифпарварона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат корҳои назаррасро ба сомон расонид. Аз ҷумла, шумораи №1(1427) аз 05.01.2018 шумораи махсус буд. Дар он Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22.12.2017 пурра ранга бо тиражи 10000 нусха ба нашр расид. Он ба сохторҳои илмию таълимии донишгоҳ, ҳамзамон, ба устодону кормандони донишгоҳ, ки аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба гурӯҳи таблиғотӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паём дар навоҳии гуногуни ҷумҳурӣ интихоб шуда буданд, тақсим шуд. Инчунин, санаи 06.01.2018 дар донишгоҳ ҷаласаи васеи Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва ҳисоботи солонаи Вазири маориф ва илм баргузор гардид, ки дар кори он меҳмонон аз гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок доштанд ва нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» (№1(1427) аз 05.01.2018) ба онҳо ҳадя гардид.

Дар партави Паёми солонаи Пешвои миллат дар саҳифаҳои нашрия ва сомонаҳои донишгоҳу нашрия: www.tnu.tj ва www.dmt.tj саҳифаҳои махсус бо унвони «Андешаҳо оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва рубрикаҳои «Аз Паём то Паём», «Об – манбаи ҳаёт», «Ватандӯстӣ», «Соли масъулиятшиносии ҷавонон» амал мекунад, ки пайваста дар онҳо мақолаю гузоришҳои таҳлилӣ ҷой дода мешавад.

Дар ин давра ду шумора: №5(1431) аз 07.03.2018 ва №16 (1442) аз 20.10.2018–и нашрия шумораи махсус буд. Шумораҳо бо сифати аъло дар коғази ҷилодор чоп гардид. Дар шумораи №5 мақолаҳои таҳлилӣ, илмӣ, бадеӣ дар самти муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии ӯзбекистон, инчунин, ташрифи роҳбарияти олии Ҷӯ ба ҶТ ва муносибатҳои дипломатии ин кишварҳо мавод чоп шудааст. Саҳифаҳои нашрия таърихи муносибатҳои дӯстонаи ду халқи бо ҳам дӯст – тоҷику узбекро инъикос менамояд.

Дар саҳифаҳои шумораи №16 бошад, таърихи Донишгоҳи миллӣ инъикос ёфтааст. Шумораи мазкур ба муносибати 70-умин солгарди таъсисёбии Донишгоҳи миллӣ бахшида шуда, дар он мақолаҳои гуногунҳаҷм дар мавзӯъҳои илмию таълимӣ ва табрикоти роҳбарияти олии ҷумҳурӣ, инчунин, суханони шодбошии сардорони сохторҳои гуногуни донишгоҳ инъикос ёфтааст.

Дар 20 шумора 715 мавод - 324 мавод ба кормандони нашрия, 251 мавод ба устодону кормандон ва аспирантон, 119 мавод ба донишҷӯён ва 21 мавод ба хонандагони берун аз донишгоҳ тааллуқ дорад. Дар чанде аз саҳифаҳои нашрия суханрониҳои Пешвои миллат ва гузоришҳо аз сомонаи интернетии Президенти ҶТ ба нашр расидааст.

Дар ин давра як шумора (№4 (1430) аз 20.03.2018) барои тарғибу ташвиқи донишгоҳ ва се шумора (№1(1427) аз 05.01.2018, №5(1431) аз 07.03.2018, №16 (1442) аз 30.10.2018) пурра ранга чоп шудааст. Шумораи №1 ранга дар коғази одӣ ва шумораҳои №5-16 ранга дар коғази ҷилодор бо сифати баланд нашр гардидааст.

Дар нашрия саҳифаи «Пайки қалам» чоп мешавад, ки дар он маҳсули қалами устодону донишҷӯёни факултети журналистика ба нашр мерасад. Дар ин давра дар 9 шумораи нашрия саҳифаи «Пайки қалам» ба нашр расид.

          Рубрикаҳои доимамалкунандаи нашрия:-«Ҷашнвора», «Зодрӯз», «Чеҳра», «Бешу ками донишгоҳ», «Аз мушоҳидаҳои донишҷӯ», «Ҷашнҳои мардумиро фаромӯш накунем», «Қайдҳои сафар», «Мавзӯи рӯз», «Андеша ва пешниҳод», «Таассуроти мухтасар», «Рейди донишгоҳӣ», «Гуфтугӯ дар мавзӯи муҳим», «Кори қалам», «Солҳои таърихӣ», «Эҳтиром», «Ҳуқуқ», «Ватандӯстӣ», «Об-манбаи ҳаёт», «Ҷавонон – неруи созанда» ва ғайра мебошанд, ки то ҳанӯз идома доранд.

 

МАВЗӮЪҲО

       Дар нашрия ҷиҳати татбиқи “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, инчунин, дар мавриди таҷлили ҷашнҳои миллию касбӣ, аз қабили Истиқлолияти давлатӣ, рӯзҳои Артиши миллӣ, Рӯзи модар, Наврӯзи байналмилалӣ ва ғайра мақолаю хабар ва суҳбату гузоришҳои гуногун чоп шудааст. Суҳбат бо Саъдӣ Маҳдӣ – декани факултети журналистика: “Мақсади мо омода намудани рӯзноманигорони миллатдӯсту ватандӯст аст!”, Суҳроб Рауфов – фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ, подполковник: “Артиши миллӣ барои давлату миллат хизматҳои шоён мекунад...”, Юсуфзода А.Ҳ. – ёвари сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ “Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм вазифаи ҳаряки мост!”, М. Саидов “Марказ пайи амалишавии сиёсати экологист...” ва нашри мақолаҳои “Об асту ҳаёт пойдор аст...”, “Сарманшаи ҳаёт об аст!”, “Ҷаҳонишавӣ, масъалаи озодӣ ва ҳифзи ҳаёти инсон”, “Манфиат ва арзишҳои миллӣ”, “Артиш-ҳомии ҷомеа”, “Экстремизм – хатар ба ҷомеаи башарӣ”, “Террорист худиву бегона надорад!”, “Рушди сайёҳӣ–муаррифгари табиати кишвар”, “Наврӯз: аз ҷашни бобилӣ то ҷашни ҷаҳонӣ”, “Сухан андар боби зан дар сиёсат”, “Дасти дуои модар”, “Захираҳои обию энергетикии осиёи марказӣ”аз ин қабиланд.

         Дар ин давра дар баробари ташкили саҳифаҳои таълимию таҳлилӣ, инчунин, ташкили саҳифаи илмӣ ба роҳ монда шуд. Нашри мавод дар робита ба масъалаи кори иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он ки бо ибтикори устодони кафедраи кори иҷтимоии факултети фалсафа – Х.Зеваров ва О.Расулов таҳия мегардад, аз ҳамин қабил аст. Дар ҳар шумора сафҳае ё гӯшае дар мавриди кори иҷтимоии ин ё он давлат нашр гардид.

Нашрия дар робита ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар саҳифаҳои худ маводи гуногунмавзӯъро ба нашр расонид. Инчунин, бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ бахшида ба истифодадиҳии агрегати якуми НБО Роғун, ки санаи 16-уми ноябри соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, маводи зиёдеро дар шумораҳои нашрия, аз ҷумла дар шумораи №18 (1444) аз 15.11.2018 ба нашр расонид.

     Сомонаи нашрия www.dmt.tj фаъол аст ва дар саҳифаҳои худ ҳар шумораи нашрия дарҷ мегардад. Ҳадаф аз ҷой намудани мақолаҳо дар сомона сари вақт огоҳ намудани хонандагони сомона аз бурду бохти Донишгоҳи миллӣ ва бедор намудани ҳисси ватандӯстию худшиносии истифодабарандагони он мебошад.

Фаъолияти нашрия дар соли 2018 дар доираи фактҳо:

- 20 шумора (се шумораи он пурра ранга ва дар коғази ҷиллодор. Шумораҳои (№1, аз 05.01.2018, №5 аз 07.03.2018 ва №16 аз 30.10.2018);

-715 мавод, аз ин 320 мавод ба кормандони нашрия, 255 мавод ба устодону кормандон ва аспирантон, 119 мавод ба донишҷӯён ва 21 мавод ба хонандагони берун аз донишгоҳ;

-12 мусоҳиба (6-то бо устодону кормандони ДМТ, 6 –то бо мутахассисони соҳаҳои гуногуни берун аз донишгоҳ);

-36- хабар. (хабарҳое, ки дар мавриди ташриф ва мелоқоти меҳмонони хориҷа ба роҳбарияти донишгоҳ навишта шудааст);

-10 мақолаю гузоришҳо бо забони русӣ;

-бори аввал мавод ба забонҳои ҳиндӣ (шумораи №14-15 аз 04.10.2018) ва ӯзбекӣ (шумораи №5 аз 07.03.2018 );

 

Чопи мақолаҳои устодону кормандон ва

донишҷӯёни донишгоҳ дар соли 2018 чунин аст

 

Р\Т

Факултет

Мақола,

Гузориш, хабар…

 

 

 

 

Р\Т

Факултет

Мақола,

Гузориш, хабар…

1

Журналистика

60

11

Биология

11

2

Филологияи тоҷик

34

 

12

Иқтисод ва идора

10

3

Таърих

30

 

13

Молиявию иқтисодӣ

9

4

Забонҳои Осиё ва Аврупо

23

 

14

Фарматсевтӣ

8

5

Фалсафа

22

 

15

Механикаю математика

8

6

Кимиё

16

 

16

Геология

7

7

Ҳуқуқшиносӣ

14

 

17

Баҳисобгирию иқтисодӣ

7

8

Филологияи рус

12

 

18

Тиббӣ

6

9

Муносибатҳои байналхалқӣ

13

 

19

Муштараки ДМТ ва ДДБ

-

10

Физика

11

 

20

Раёсат, кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва сохторҳои гуногуни донишгоҳ

35

 

        

ИҚТИСОДИЁТ

         Дар асоси розигии роҳбарияти донишгоҳ ва пешниҳоди масъулини нашрия, ки шумораи донишҷӯён аз ҷониби бахши таълими донишгоҳ муайян ва дастрас мешавад, ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳ ба нашрия обуна шуда, масъулини факултету сохторҳои донишгоҳ маблағи ҷамъовардаро ба хазинаи донишгоҳ супорида, нусхаи расид (квитансия)-еро, ки аз хазинаи донишгоҳ мегиранд, ба идораи нашрия месупоранд. (Барои як нафар - 35 сомонӣ) Масъули нашрия аз рӯйи расидҳои ҷамъшуда шумораи обунашудагонро муайян намуда, дар асоси он теъдоди чопи нашрияро ба роҳ мемонанд.

Дар соли 2018 дар асоси пешниҳод ва розигии раёсат 9500 нафар ба нашрия обуна шуд. Нашрия дар матбааи «Мега-ПРИНТ» чоп шуд. Дар соли 2018 нашрия тариқи озмун (тендер) дар матбааи мазкур чоп гардида, тибқи нақша 20 шумора ба маблағи 233 415 сомонӣ нашр шуд. Тибқи низомномаи озмун 50%-и маблағ пеш аз чопи нашрия ва 50%-и боқимонда пас аз чоп супорида шуд. (Сабаби боло рафтани нарх ин чопи шумораҳои махсус (ҷилодор) буд).

Дар соли сипаришуда бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ идораи нашрия пурра мавриди таъмину тармим қарор гирифт.

 

ҲУҶҶАТГУЗОРӢ

Гурӯҳи корӣ ҳуҷҷатгузории идораи нашрияро таҳлил намуда, муайян намуд, ки дар идора ҳуҷҷатҳои лозима, аз ҷумла Оиннома (барои панҷ сол, аз соли 2016 то 2020) ва нақшаи кори кормандони нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» барои соли 2019 ҷой доранд. Илова бар ин, бо тартиб дар ҷузвдонҳо санаду пешниҳодҳои солона, мактубу фармоишҳои вобаста ба нашрия, варақаҳои тақсимоти нашрия ва нусхае аз шумораҳои нашрия ҷамъоварӣ шудаанд. Инчунин, дар 30 фитта (диск)-и DVD+R, 4 GB, ҷамъ 120 GB аксҳо гирдоварӣ шудааст. Ҳамзамон, тибқи фармоиши ректори донишгоҳ аз 04.02. 2015 дар назди нашрия Маркази иттилоотӣ ташкил шуда, кормандони нашрия вазифадор шудаанд, ки ҳар ҳафта матбуоти даврӣ ва сомонаҳои интернетиро мавриди таҳлил қарор дода, нигоштаҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳро рӯйхат намоянду дар шакли архив нигоҳ доранд.

 

МУШКИЛИҲО

Таҳлили фаъолияти нашрия нишон дод, ки дар фаъолияти нашрия чанде аз мушкилиҳо ҷой доранд, ки ҳалли онҳо ба манфиати кор хоҳад буд. Аз қабли:

-Чопи мақолаҳои калонҳаҷм, ки онҳо хонандагонро дилбазан мекунанд, дида мешаванд. Аз ҷумла чопи мақолаҳои ёдбудию зодсолӣ;

- дастовардҳои донишгоҳ на ҳама вақт ба пуррагӣ инъикос мешаванд;

-дар нашрия саҳифа ва ё гӯшаи таҳлилҳои методӣ-таълимӣ хеле кам ба назар мерасанд. Дар газета маводҳои методӣ қариб ки чоп нашудаанд. Чунин ҳолат аз он сабаб ба вуҷуд омадааст, ки устодони донишгоҳ ба ин масъала таваҷҷуҳи зарурӣ намедиҳанд.

-Сари вақт дастрас намудани нашрия ба хонандагон, ки ин марбут ба намояндагони факултетҳо мебошад.

- дар шумораҳои газета вобаста ба камбудиҳои дар донишгоҳ ҷойдошта, аз ҷумла мушкилиҳои раванди таълим, мушкилиҳои илм ва роҳҳои ҳалли онҳо маводҳо ба нашр намерасанд.

 

ПЕШНИҲОДҲО

Барои беҳбудии кор пешниҳод менамоем:

  1. 1.Мақолаҳои калонҳаҷм бештар таҳрир шаванд;
  2. 2.Тақсимоти нашрия бо садорати факултетҳо дуруст ба роҳ монда шавад (яъне, беҳтар мешуд, ки аз ҳисоби донишҷӯёни фаъол гурӯҳе ҷудо карда шавад, ки бо масъули чопи нашрия ҳамкорӣ намуда, ҳар шумораи нашрияро сари вақт дастрас ва ба хонанда тақсим намояд, то ин ки барои тақисмот мушкилӣ эҷод нашаваду шумораҳо ба гумномӣ нараванд);

3. Ҳайати эҷодӣ дар баробари чопи маводи масоили худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстию ватандорӣ ва ахлоқу маънавият, инчунин, ба мақолаҳои таълимию методӣ рӯ оваранд;

4. Ҷиҳати эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мақолаю гузоришҳои таҳлилӣ ба нашр расонанд;

5. Ба чопи маводи бедоркунандаи завқ ва ҷолиби диққат эътибори бештар дода шавад.

6. Сомонаи рӯзнома ба тартиб дароварда шавад:

- Дар сомона гӯшаи нав бо номи “Шумораи охирини рӯзнома” ташкил карда шавад;

- Ҳама шумораҳои рӯзнома дар сомона ҷой дода шаванд;

- Мақолаҳо ва мусоҳибаҳои замонавӣ ва доғ саҳифаи аввали сомонаро зинат диҳанд;

- Таърихи дар сомона гузоштани мавод ҳатман нишон дода шавад.

 

 

Исматов С. - декани факултети журналистика

Сафарализода Қ. - директори маркази табъу

нашр, баргардон ва тарҷума

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.