ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ
Садорат
Ба Зебонисо Комилова
Аё Зебо, ту доим бошӣ даркор
Ба донишҷӯ занӣ ҳарфи шарарбор!
Ҳама донишҷӯёни факулта!
Чу модар бар ту доранд меҳри бисёр.
Ба Оимгул Ҳайбуллоева
Зи ғоибхон ба фосила гузаштӣ,
Аз ин шуъба ба он шуъба бигаштӣ.
Ҳама корат низоми хеш дорад!
Надорад нуқс, рушди беш дорад!
Ба Нигина Сироҷова
Нигина, эй Нигина, эй Нигина!
Ҳама меҳри туро дорад ба сина!
Даводав мекунӣ, аз субҳ то шом,
Надорӣ заррае дар дил ту кина!
Кафедраи матбуот
Ба профессор Мурод Муродӣ
Муродӣ дар баландиҳо баланд аст,
Валекин хоксору дилписанд аст!
Ба профессор Ҷамшед Саъдуллоев
Ба дастури раёсат кор бандӣ,
Миёни ёру дӯстон арҷмандӣ!
Ба профессор Нуралиев А.
Хирадмандо, намудӣ корсозӣ,
Ҳама шогирдҳоро карда розӣ.
Ба Беҳрӯз Шукруллоев
Ҳамеша дар такопу дар каридор,
Ҳаётатро намудӣ сарфи ин кор!
Ба Мухторӣ
Мабин Мухтории моро чунин кам,
Аз ин биниш надорад ҳеҷ ӯ ғам!
Бидон, устоди донишманд бошад,
Ба донишҷӯ чу кони панд бошад!
Ба Наргис Усмонова
Ба Наргис чашми наргисвор зебо!
Маҳоратро ба шогиронаш эҳдо!
Яке аз ҳилм гӯяд ӯ саропо,
Яке аз илм гӯяд бемуҳобо!
Кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ
Ба профессор Камолиддинов Б.
Сухан аз Арш омад дар миёна!
Барои Баҳриддиншоҳи замона!
Куҷо ёбем он дурри суханро?
Ба пешаш рав, ки ёбӣ ройгона!
Ба Сафаров Ҳ.
Ба ҳилму илму техника баланд аст,
Ҳама кораш ба донишҷӯ писанд аст.
Валекин гоҳ - гоҳе дар миёна,
Равад аз кор ногаҳ сӯи хона!
Ба Шодиев Б.
Баҳодур кори донишро биёмӯхт,
Бирафт ӯ бо раёсат корро пӯхт,
Надорад заррае аз кор парво,
Ба мудирҳо надорад ҳеҷ даъво.
Ба профессор Ҷӯраева М.
Ҳама сеҳри суханро хуб донад,
Ҳама меҳри суханро хуб донад.
Муошират ба донишҷӯ биёмӯхт,
Чу шамъ афрӯхт, аммо хешро сӯхт.
Кафедраи РТВ
Ба Гулов С.
Дарси ӯ ахлоқу одоб асту бас!
Донишаш дарёи шодоб асту бас!
Гоҳ-гоҳе дар ғазаб меояд ӯ,
Гоҳ орому аҷаб меояд ӯ.
Ба Азимов А.
Чанд улум дар сар дорад,
Сад китоб бештар дорад.
Аз таърихи рӯзнома,
Комилан хабар дорад.
Ба Ҳайдарӣ С.
Ҳар замон лутфе барои Ҳайдарӣ
Мо ҳамегӯем бо лафзи дарӣ:
Ҳайдарӣ, эй Ҳайдарӣ, эй Ҳайдарӣ,
Баҳри ёрон, ростӣ, тоҷи сарӣ!
Ба Ализода Хуҷамқул
Овози марғуладор,
Суханҳои бовиқор,
Аз Радио садо дод,
Бо садои Ализод.
Ба Зафар Аскар
Футболбозӣ номӣ,
Надорӣ ягон хомӣ.
Вале дар рӯзи сахтӣ,
Бо мошинат пешгомӣ.
Ба Дилафрӯз Рустамова
Марди мардон Дилафрӯз,
Шахси кордон Дилафрӯз,
Бо мошини хориҷӣ,
Зеби майдон Дилафрӯз.
Ба Дӯстмурод Бобоев
Дар маҳфилу дар нишаст,
Мехезад болову паст.
Танқидро нағз мебинад,
Худаш лек безарар ҳаст.
Ба апаи Сабоҳат
Апаи мо – Сабоҳат!
Кор аст барояш роҳат!
Ҳама кораш бонизом!
Аз ин дорад эҳтиром!
Ба Моҳира Сафарова
Моҳир аст ӯ дар кораш!
Гарм аст аз дарс бозораш!
Ҳар рӯз фикраш тренинг!
Маҳорат аз ин бораш!
Ба Манонова Муслима
Ба танзиму навори хеш моҳир,
Қалам дорад, бувад озода шоир,
Наменолад зи сахтиҳо чу мардон!
Ҳамеша бошад ӯро чеҳра хандон!
Кафедраи журналистикаи байналхалқӣ
Ба Қутбиддинов Б.
Бахт ёрат бод, муъмини Худо!
Аз Худо дорем инро илтиҷо!
Шохаи килки варо ту сабз кун,
То нависад сад китоби бебаҳо!
Ба профессор Муқимов Ҷ.
Профессори мо Ҷовид монад,
Аниси кунҷи дилҳо дар намонад.
Агар дониш ҳамехоҳӣ, ки гирӣ!
Ба маҳфили «Анис» ҷое бигирӣ.
Ба Суҳроби Мирзоалӣ
Суҳроби Мирзоалӣ дар касаба сардор аст,
Туҳфаи солинавӣ як нафар пас қатор аст,
Гуфтем, ки ин туҳфаро ба ёшу пир диҳед, гуфт:
Ба ҷавони бекӯдак туҳфа худ чӣ даркор аст?!
Кафедраи забонҳои хориҷӣ
Ба Қаландаров С.
Саҳар пеш аз ҳама дар кор ҳозир,
Барои ҳар сухан гӯӣ, ки нозир.
Баробар бо забони аврупоӣ,
Забони арабиро зам намоӣ!
Ба Қурбонов И.
Котиби мо меҳрубону боҳуш аст,
Дарси хубаш баҳри донишҷӯ хуш аст!
Ба Назарова Л.
Ба кори тарбия буд солҳо қуш,
Ба мардон дар набардҳо душ бар душ,
Забони инглисӣ хуб донад,
Ба таълим корҳоеро тавонад!
Исматов Саъдӣ
декани факултет