SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."
06/03   РИСОЛАТИ «ҶУМҲУРИЯТ» - " 15 марти соли 1925 шумораи нахустини рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо номи «Иди тоҷик» ..."
16/02   ОҲАНГҲОИ СУЛҲИ ЯК АСАР - " ё мавзўи сулњ дар китоби профессор И. Усмонов «Тањкими сулњ ва тањаввулоти ..."
21/12   Нигоҳе ба таърихи шаклгирии ... - " Низоми ВАО дар ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо-Тоҷикистон зери таъсир ва нуфузи низомҳои ..."

mmmmmmmuuuuuМуродов Мурод Бердиевич журналист, доктори илми филология, профессор, 1.05.1965 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст.

Фаъолияти кориаш аз солҳои 1982-1983 муаллими мактаби ҳамагонии рақами 18–и ноҳияи Айнӣ, 1984-1986 хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ, 1986 - 1989 фабрикаи Чарчинвории чармин (Душанбе), 1989-1992 муаллими мактаби ҳамагонии рақами 31- шаҳри Душанбе оғоз шудааст. Соли 1992 факултети филологияи ДДТ - ро бо дипломи аъло хатм кардааст. Солҳои 1992-1996 дар ДДМТ ба ҳайси аспирант, муаллими калон, дотсент фаъолият бурдааст.   

Солҳои 1996-1999 муовини декани факултети журналистика ва тарҷумонӣ оид ба корҳои илм, тарбия ва таълим буд. Аз соли 1999 то соли 2011 мудири кафедраи матбуот ДМТ, солҳои 2011-2015 профессор, 2015- 2016 и.в. мудири кафедраи матбуот. Ҳоло профессори ҳамин кафедра.

Соли 1996 дар мавзўи «Ташаккули жанри тақризи адабӣ дар матбуоти даврии точик (1920-1940)» рисолаи номзадӣ ва соли 2009 дар мавзўи «Публитсистикаи ҳаҷвии тоҷик (масъалаҳои таърих, назария ва амалия)» рисолаи докториро бомуваффақият дифоъ намуда, ба дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои филологӣ мушарраф гардидааст. Соли 2013 дипломи профессориро аз ВАК –и Россия соҳиб шудааст.

Солҳои 2000 – 2002 ба вазифаи муовини сардабир ва солҳои 2002 – 2004 сардабири нашрияи «Қалам» буд.

Узви иттиҳодияи рўзноманигорони Тоҷикистон (2001), узви конфедератсияи байналмилалии итифоқҳои журналистӣ (2007), Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009), Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014) ва барандаи ҷоизаи Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2010) мебошад.

Муаллифи рисолаҳои илмӣ, китобу воситаи таълимии: «Тақриз ҳамчун жанр» (1999), «Ҳаҷви публисистӣ» (2003), «Асосҳои фаъолияти эҷодии журналист» (2004 ҳаммуаллиф), «Баъзе масъалаҳои журналистика ва ҳаҷви публисистӣ» (2005), «Асосҳои фаъолияти эҷодии журналист», қ. 1.- (2007), «Аз таърихи ташаккул ва инкишофи ҳаҷви публитсистӣ дар матбуоти даврии тоҷик» (2007), «Асоҳои фаъолияти эxодии журналист», қ. 2.- (2008), «Сотсиологияи журналистика», 2009, «Аз замон то замон» (2010), «Публицистическая сатира в таджикской периодической печати (проблемы истории, теории и практики), (2011), «Луғати мухтасари истилоҳот ва мафҳумҳои рўзноманигорӣ» (2011), «Сотсиологияи журналистика» (2012), «Асосҳои эҷодии журналист» (2014), «Аз се шохаи як илм» (2014), «Публитсистикаи ҳаҷвӣ» (2015) ва зиёда аз 200 мақолаи илмиву оммавӣ мебошад.

Таҳти роҳбарии ў 7 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд.

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд. Мавод бе акс қабул карда намешавад.

Сомонаи факултети журналистикаи ДМТ: www.journalism.tnu.tj

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992) 92.765:43:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Шервони Умриддин

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм