SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."
06/03   РИСОЛАТИ «ҶУМҲУРИЯТ» - " 15 марти соли 1925 шумораи нахустини рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо номи «Иди тоҷик» ..."
16/02   ОҲАНГҲОИ СУЛҲИ ЯК АСАР - " ё мавзўи сулњ дар китоби профессор И. Усмонов «Тањкими сулњ ва тањаввулоти ..."
21/12   Нигоҳе ба таърихи шаклгирии ... - " Низоми ВАО дар ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо-Тоҷикистон зери таъсир ва нуфузи низомҳои ..."

BahriddinКамолиддинов Баҳриддин ,  соли таваллудаш 1935, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултаи журналистикаи ДМТ. Номбурда аз зумраи олимонест, ки дар таълифи асару мақолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва ба воя расонидани мутахассисони соҳаи суханшиносию рӯзноманигорӣ ва олимони ҷавони забоншинос саҳми арзанда дорад.

Фаъолияти омӯзгории ӯ баъди хатми Омӯзишгоҳи педагогии ш.Конибодом (1953) ба ҳайси муаллими забону адабиёти мактаби деҳаи Сарои ноҳияи Ашт оғоз ёфтааст. Соли 1959 факултаи филологии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, ба вазифаи муаллими кафедраи забони тоҷикӣ  ба кор шурӯъ кардааст. Соли 1966 дар мавзӯи “Забон ва услуби ҳикояҳои Ҳаким Карим” рисолаи номзадӣ ва соли 1988 дар мавзӯи “Муродифоти наҳвӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ” рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Соли 1991 соҳиби унвони профессорӣ мегардад.

Солҳои 1992-1994 ба ҳайси проректори таълими донишгоҳ, солҳои 1994-2011 ба вазифаи мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ фаъолият намудааст.

Профессор Б.Камолиддинов муаллифи асарҳои илмии “Ҳаким Карим” (1965), “Забон ва услуби Ҳаким Карим” (1967), “Муродифоти синтаксисӣ ва ҳусни баён” (1986), “Муродифоти наҳвӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ” (2012), ҳаммуаллифи грамматикаи илмии академиявии забони тоҷикӣ (1985, 1989), “Масъалаҳои баҳсноки наҳви забони тоҷикӣ” (2003); муаллифи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимии “Услубшиносӣ” (1973, бо забони дарӣ 1978, 1985), “Маҷмӯаи машқҳои синтаксиси забони тоҷикӣ” (ҳаммуаллиф, 1976, 1981), “Услубшиносӣ” (1995, ҳаммуаллифи китоби дарсӣ барои хонандагони синфҳои 10-11), “Ҳусни баён” (1989), “Хусусияти услубии сарфу наҳви забони тоҷикӣ” (1992), “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд” (2001, 2015),  “Сухандонон сухан санҷида гӯянд” (2005), “Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот” (2007),  “Сухан гуфтию дурр суфтӣ  ё рӯ ба рӯ бо микрофон” (2007), “Забони тоҷикӣ” (2007, 2015, китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 11), “Наҳви забони тоҷикӣ” (2010, китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ), “Чанд мушкили гузоштан ё нагузоштани вергул” (2014, 2015) ва зиёда аз 170 мақолаи илмӣ, илмию методӣ аст.

Барои меҳнати пурсамараш бо Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон (1956, 1958), бо унвонҳои фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, бо нишонҳои  Комёбиҳои беназир дар таълими мактабҳои олии СССР ва Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд. Мавод бе акс қабул карда намешавад.

Сомонаи факултети журналистикаи ДМТ: www.journalism.tnu.tj

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992) 92.765:43:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Шервони Умриддин

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм