Назарова Латофат, 03 июни 1954 дар ш. Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1974 Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои 1975-1996 дар мактаби миёнаи № 64 ба ҳайси муаллимаи забони англисӣ ва устоди ҳамкор дар Донишкадаи Варзиш ба номи С. Раҳимов фаъолияти меҳнатӣ намудааст. Аз соли 1996 то ҳол дар вазифаи муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷии факултети журналистикаи ДМТ кор мекунад.