Калонова Лола, 24 майи 1955 дар ш. Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1977 факултети филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло. С. Айнӣ)-ро хатм намудааст. Солҳои 1977-1979 ба ҳайси китобхоначӣ дар Академияи илмҳо фаъолият намудааст. Солҳои 1981- 1988 лаборанти кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи УДТ ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ), солҳои 1988- 1990 муаллимаи забони англисии мактаби миёнаи №67 ш.Душанбе, солҳои 1994-1995 мутахассиси робитаҳои иқтисодӣ-берунии Вазорати меҳнат кору фаъолият намудааст. Аз моҳи сентябри 2004 то имрӯз дар вазифаи муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷии факултети журналистикаи ДМТ кор мекунад.