Кутбиддинов

Қутбиддинов Абдулмуъмин Ҳошимович, 26-уми марти соли 1975 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Соли 1997 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои 1999 – 2004 ассистенти кафедраи матбуоти ДДМТ, солҳои 2004 – 2009 ассистенти кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ, солҳои 2009 то 2016 дотсенти кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ ва аз соли 2016 то ҳол дотсент, мудири кафедраи журналистикаи байналхалқи ДМТ фаъолият дорад.

Бо мукофотҳои Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.