Декан факултета

Қутбиддинов Абдулмумин Ҳошимович

Қутбиддинов Абдулмумин Ҳошимович

Унвон: доктори илмҳои филология, профессор

Вазифа: декани факултети журналистика

Маълумот барои тамос:

Тел.: +992 93 532 60 22

E-mail: adab-75@mail.ru

Қутбиддинов Абдулмумин Ҳошимович (Бахтиёри Қутбиддин) 26 марти соли 1975 дар ноҳияи Файзободи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Солҳои 1982 — 1992 дар мактаби миёнаи №46 таҳсил намуда, соли 1992 донишҷӯи факултети журналистика ва тарҷумонии ДДМТ мегардад ва   соли 1997 онро хатм намуда, тибқи роҳхати донишгоҳ солҳои 1997-1999 ба ҳайси мухбири рӯзномаи “Набзи Файзобод” кор кардааст. Солҳои 1999-2004 ба сифати ассистенти кафедраи матбуоти ДДМТ ва соли 2005 фаъолияти худро ҳамчун ассистент дар кафедраи журналистикаи байналхалқӣ давом медиҳад. Соли 2009 ба вазифаи  дотсенти кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ интихоб мегардад. Солҳои 2015-2016 дар вазифаи ҷонишини декан оид ба таълим кор мекунад. Соли 2016 тариқи озмун мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ интихоб мешавад.  Соли 2019 соҳиби шаҳодатномаи дотсентии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. Аз моҳи апрели соли 2021 дар вазифаи декани факултети журналистикаи ДМТ кор мекунад. Соли 2004 рисолаи номзадияшро дар мавзӯи “Публитсистикаи Мирсаид Миршакар” зери роҳбарии профессор Асадулло Саъдуллоев ҳимоя намудааст.

Диссертатсияи докториашро таҳти унвони  “Хусусиятҳои мундариҷавию жанрии публитсистикаи бадеии матбуоти маҳаллии Тоҷикистон (дар мисоли нашрияҳои «Шаҳриёр» ва «Набзи Файзобод»)24 июни соли 2021 дифоъ кардааст.

 Муаллифи 11 асари илмӣ, зиёда аз 80 мақолаи илмӣ ва 700 мақолаҳои оммавӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

  1. Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон  6 марти соли 2009
  2. Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 марти соли 2012
  3. Барандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2017 (дар бахши таҳқиқи илмӣ)
  4. Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон     20 марти соли 2018
  5. Медали “100-солагии матбуоти тоҷик” 20 апрели соли 2018