Рӯнамоии китобҳо доир ба Пешвои миллат дар факултети журналистика

0
84

асосиИмрӯз дар факултети журналистикаи ДМТ бо иштироки садорати факултет ва устодону донишҷӯён рӯнамоии китобҳо доир ба фаъолият ва хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд. “Пешвои миллат”, “Пешвои миллат дар шинохти миллӣ” ва “Эмомалӣ Раҳмон дар оинаи замон” аз китобҳои тозанашре буданд, ки муаррифӣ гардиданд.Маҳфилро декани факултет Саъдӣ Исматов оғоз бахшид. Ҳамчунин дар ҷамъомад устодон ва донишҷӯёни факултет баромад намуда, доир ба аҳамияти нашри ин китобҳо, “Рӯзи Президент”, хизматҳои шоёни Пешвои миллат дар рушди маориф, ташаккули ҳаёти ҷавонон, нигаҳдошти арзишҳои миллӣ, ваҳдати миллӣ ва амсоли ин фикру андешаҳои худро баён доштанд. Зикр шуд, ки саҳми Пешвои миллат дар арсаи ҷаҳонӣ чун муаррифгарӣ кишвари Тоҷикистон ва тамаддуну фарҳанги тоҷикон басо муҳиму тақдирсоз аст.  Бояд гуфт, ки дар таҳияи китобҳои тозанашр саҳми устодону донишҷӯёни факултети журналистика низ ҳаст. Аз ҷумла, китоби “Пешвои миллат дар шинохти миллӣ” бо ибтикори Зиёрат Киромзода, донишҷӯйи курси 2-юм мураттаб шуда, онро Моҳира Мирзоева, мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ таҳрир кардааст. Инчунин Сангин Гулов, мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ муҳаррири китоби “Пешвои миллат” мебошад. Чанд нусха аз китобҳои рӯнамоишуда ба китобхонаи “Ганҷинаи Воҳид Асрорӣ”-и факултет тақдим карда шуд, ки устодону донишҷӯён ва дигар хоҳишмандон метавонанд аз онҳо истифода баранд. умумихайдариустодон1