«СУХАН АЗ БАҲРИ ДИГАРОН ГӮЯНД»-И ПРОФЕССОР Б. КАМОЛИДДИНОВ ТАҲҚИҚОТИ МУКАММАЛИ ИЛМӢ ДОИР БА ЗАБОНИ МАТБУОТ

0
700

«Сухан аз баҳри дигарон гӯянд» яке аз тадқиқтҳои бунёдӣ ва ниҳоят пурарзишу мондагори доктори илмҳои филология, профессор Баҳриддин Камолиддинов ба ҳисоб меравад. Асари мазкур дар бораи нуқсонҳои забони аҳли матбуоти тоҷик буда, ду маротиба ба табъ расидааст.

Нашри аввали асар соли 2001 дастраси хонандагон гардида [ниг.: 5], нашри дуюми он бо таҳриру иловаҳо соли 2015 ба чоп расидааст [ниг.: 6]. Таълифоти мазкур аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа идомаи мантиқии асари «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад»-и академик М. Шакурӣ мебошад [ниг.: 10]. Дар ёд дорам, ки ин нуктаро худи академик М. Шакурӣ низ зимни яке аз ҳамоишҳои илмии «Устод Садриддин Айнӣ ва асолати забони тоҷикӣ», ки ҳар сол бо ташаббуси профессор Б. Камолиддинов дар арафаи зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон С. Айнӣ дар факултети журналистикаи ДМТ доир мегардид, таъкид намуда буданд [ниг.: 8, с. 58].Ба андешаи мо ҳам асари «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад»-и академик М. Шакурӣ ва ҳам асари «Сухан аз баҳри дигарон гӯянд»-и профессор Б. Камолиддинов арзиши баланди илмиву амалӣ доранд, ҳамдигарро пурра мегардонанд ва барои бартараф намудани нуқсонҳое, ки забони аҳли матбуот ва дигар ВАО маъмул гардидаанд, хизмати босазо карда метавонанд. Бо вуҷуди ин асари ба нуқсонҳои забони аҳли матбуот бахшидаи профессор Б. Камолиддинов аз «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад»-и академик М. Шакурӣ аз ду ҷиҳат фарқ мекунад: аввалан, дар асари академик Шакурӣ ҷанбаи назарӣ бартарӣ дорад. Дар «Сухан аз баҳри дигарон гӯянд» баръакси инро мушоҳида кардан мумкин аст. Ба ибораи дигар, профессор Б. Камолиддинов дар таълифи асари ба нуқсонҳои забони аҳли матбуот бахшидаи худ ба ҷанбаи амалии масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудаанд. Сониян, дар асари М. Шакурӣ мисолҳои ба таври умумӣ ва бидуни нишон додани сарчашма оварда шудаанд, профессор Б. Камолиддинов бошанд бо ҳар мисол сарчашмаи мушаххаси он, яъне нашрияи даврӣ, шумора, рӯзу моҳ ва соли чопи онро низ овардаанд [ниг.: 8, с. 58-59].

Албатта, таълифоти пурарзиши «Сухан аз баҳри дигарон гӯянд» дар заминаи хушку холӣ ба вуҷуд наомадааст, зеро дар бораи забони матбуоти тоҷик устод Айнӣ ҳанӯз дар солҳои 20-уми асри ХХ баъзе андешаҳо баён дошта буд [ниг.: 1, с. 196-198; 2, с. 94-98]. Ё мақолаҳои донишманди шинохта Т. Зеҳнӣ доир ба забони рӯзномаи «Овози тоҷик» [ниг.: 3, с. 96-99; 4, с. 179-184] дар нимаи дуюми солҳои 20-ум ба табъ расидаанд,аз аввалин пажӯҳишҳои илмӣ доир ба забони матбуот ба ҳисоб мераванд. Дар онҳо дар баробари вазъи забони рӯзномаи «Овози тоҷик» дар давоми фаъолияти ду ва чорсолаи он, ба забони оммаи меҳнаткашон наздик кардани забони матбуот, бо ҷумлаҳои содаву ҳамафаҳм баён кардани матлаб, равону ширин баён кардани матлаб, ба вуҷуд овардани истилоҳоти илмии ба завқи хонандаи замон созгор ва ба қонуни қоидаҳои забон муносиб, роҳ надодан ба вайронии услуби баён, сӯсистеъмол накардан аз унсурҳои забонҳои маҳаллӣ дар рӯзнома, истифодаи дурдонаҳои забони зиндаи мардум дар таълифотҳое, ки барои рӯзнома пешбинӣ гардидаанд, баъзе нуқсонҳои забони рӯзномаи «Овози тоҷик» низ баррасӣ гардидаанд [ниг.: 8, с. 56-57]. Муҳаққиқ Н. Маъсумӣ низ дар таълифоти худ зимни баррасии масоили меъёрҳои луғавию гарамматикӣ ва услубии забон таваҷҷуҳи аҳли қаламро ба истеъмоли дурусти воҳидҳои луғавӣ ва унсурҳои грамматикӣ ҷалб намуда буд [ниг.: 8, с. 57].

Бо ин ҳама то дастраси хонандагон гардидани нашри якуми таълифоти ба нуқсонҳои забони аҳли матбуот бахшидаи профессор Б. Камолиддинов асари «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» ягона тадқиқоти мукаммали илмӣ дар ин самт ба ҳисоб мерафт. Аз ин рӯ бо боварии комил метавон гуфт, ки барои таълифи «Сухан аз баҳри дигарон гӯянд» асари зикршудаи академик М. Шакурӣ ҳамчун замина хизмати босазо кардааст. Ба ин нукта на танҳо худи устод Б. Камолиддинов қоил буданд, балки дар суҳбатҳои хосаи аҳли кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи ДМТ борҳо изҳори ақида намуда, дар ин замина саҳми академик М. Шакуриро дар бартараф кардани нуқсонҳои забони аҳли қалам, ба хусус рӯзноманигорон муассир арзёбӣ мекарданд.

Қабл аз он ки дар бораи «Сухан аз баҳри дигарон гӯянд» изҳори андеша намоем, зикри чанд нуктаро, ки ба таълифи ин асар боис гардидаанд, муҳим меҳисобем:

¨ аз овони донишҷӯйӣ ошно будан бо пешаи рӯзноманигорӣ.Чунон ки медонем, устод дар замони донишҷӯйӣ чанд муддат мутасаддии рӯзномаи девории факултети фиология ва корманди нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» буданд. Аз ин рӯ пешаи рӯзноманигорӣ ба эшон бегона набуд;

¨ фаъолият дар факултети журналистикаи ДМТ. Аз соли 1993 устод дар факултети журналистикаи ДМТ кору фаъолият доштанд. Ба донишҷӯён аз фанҳои забони адабии ҳозираи тоҷик, услубшиносӣ, таҳрири адабӣ, маҳорати суханварӣ, матни муосири журналистӣ дарс медоданд. Илова бар ин, яке аз самтҳои фаъолияти илмию тадқиқотии кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ, ки устод муассиси он ба ҳисоб мерафтанду беш аз 16 сол сарвариашро ба зимма доштанд, таҳқиқи забон ва услуби воситаҳои ахбори омма мебошанд;

¨ ба зудӣ оммавӣ гардидани нуқсонҳои забони ВАО. Мардум ба ВАО ва кормандони он бовару эътимоди калон доранд, ба ҳар гуфтаву навиштаи эшон пайравӣ мекунанд. Бинобар ин ҳар нуқсони забоние, ки дар ВАО, ба хусус дар матбуот сар мезанад, аз тарафи мардум ҳамчун меъёр қабул гардида, ба зудӣ оммавӣ мешавад.

Устод Камолиддинов киба чунин нуқсонҳо ҳаргиз муносибати бетарафонадошта наметавонистанд,навиштани чунин асарро ба зимма гирифтанд. Албатта, қабл аз таълифи чунин асари бунёдӣ устод дар бораи роҳҳои дурусти корбасти калима ва тамоюлҳои номатлуби ҷумлабандӣ дар забони матбуот мақолаҳои ҷудогона ба табъ расонда, баъзе аз нуқсонҳои забони кормандони соҳаро ошкор кардаву роҳҳои бартараф намуданашонро нишон дода буданд [ниг.: 8, с. 59]. Дигар одати хуби устод аз он иборат буд, ки дар куҷое (ҳатто дар реферат ё кори курсии донишҷӯён низ) як мисоли ҷолиб пайдо намоянд, онро дар варақаи алоҳида (ба истилоҳ картатека) бо нишон додани сарчашмааш навишта мегирифтанд ва дар мавриди зарурат ё дар дарс истифода мебурданд.Ҳангоми мутолиаи рӯзномаю маҷаллаҳо низ устод чунин таҷрибаро ба кор мебурданд ва шогирдонро низ ба ин ташвиқ менамуданд. Аз ин рӯ табиист, кидар давоми чандин сол дар бораи ғалатҳои забони матбуот мисолҳои зиёд ҷамъ оварда, онҳоро ба гурӯҳҳо ҷудо намуда буданд.Дар ибтидо эшон ҳар як гурӯҳи мисолҳоро вобаста ба навъи ғалатҳои дар забони матбуот содиршуда дар лифофаи алоҳида нигоҳ медоштанд. Бо пайдо шудани зарурат бо истифодаи чунин мисолҳо нашри якуми «Сухан аз баҳори дигарон гӯянд» навишта шуд ва соли 2001 аз чоп баромад [ниг.: 5].Пас аз пайдо шудани техникаи компютерӣ устод нашри якуми асарро ба хотираи компютер ворид намуда, онро такмил доданд, ба он мисолҳои нав илова намуданд ва соли 2015 нашри дуюми асари зикршуда аз чоп баромад [ниг.: 6].

Нашри якуми «Сухан аз баҳри дигарон гӯянд» аз пешгуфтори раиси созмони байналмилалии Интернюс дар Тоҷикистон Баҳодур Қосимов, сарсухани муаллиф, панҷ боб, охирсухан, номгӯйи сарчашмаҳои илмии ишорашуда ва ихтисораҳои дар асар ба корбурдашуда иборат мебошад. бобҳои он аз ду то ҳафт фаслро дар бар мегиранд. Инчунин баъзе аз фаслҳо то ду зерфасл доранд. Дар маҷмӯъ нашри аввали ин асар 171 саҳифаро дар бар мегирад [ниг.: 5]. Дар нашри дуюм қариб тамоми фаслу боб ва зерфаслҳои нашри аввал бо мисолҳои нав такмил дода шудаанд ва дар охири он «Замима ба китоби “Суханаз баҳри дигарон гӯянд”» илова гардидааст, ки 17 фаслро дар бар мегирад. Аз ин боис нашри дуюми такмилёфтаи «Сухан аз баҳри дигарон гӯянд» дар маҷмӯъ аз 400 саҳифа иборат буда [ниг.: 6], на танҳо пажӯҳиши ниҳоят мукаммал доир ба забони матбуот ба ҳисоб меравад, балки он асари рӯйимизии рӯзноманигорону қаламкашон ва умуман шахсони эҷодкор буда метавонад. Дар ин гузориш мо тасмим гирифтем, дар бораи мазмуну мундариҷаи нашри дуюми асар сухан ронем, зеро, бар замми он ки ин нашр такмилёфта мебошад, муҳтавои нашри аввалро низ дар бар мегирад.

Дар пешгуфтори раиси созмони байналмилалии Интернюс дар Тоҷикистон Баҳодур Қосимов хусусиятҳои сабки рӯзноманигорӣ (публитсистика) баён гардида, огоҳ будан аз зиндагии рӯзмарраи мардум ва муайян намудани афкори ҷамъиятӣ, хабар додан ва таъсир расондан ба шуури аҳли ҷомеа аз вазифаҳои он дониста шудааст. Вайрон гардидани меъёрҳои истифодаи луғат, меъёрҳои калимаву иборасозӣ ва ҷумлабандӣ дар навиштаҳои бархе аз рӯзномагорон бо таассуф таъкид карда шудааст. ба хотири баланд бардоштани маърифати забонии рӯзноманигорон зарурати таълифи роҳнамо ёдрас гардида, аз он изҳори қаноатмандӣ карда шудааст, ки устод Баҳриддин Камолиддинов чунин роҳнамо барои рӯзноманигорону эҷодкоронро таълиф намудаанд. Сарвари созмони байналмилалии Интернюс дар Тоҷикистон таълифи «Сухан аз баҳри дигарон гӯянд»-ро як навъ «туҳфаи бебаҳо» барои рӯзноманигорон дониста, изҳори умед кардааст, ки «он дар рафъи ғалатҳо»-и каломи аҳли матбуот, «тозагии забон, риояи балоғату фасоҳати сухан ва нишонрас гардидани маҳсул»-и эҷоди «эшон ёрии амалӣ хоҳад расонд» [ниг.:7, с. 3-5].

Дар сарсухани муаллиф рӯзноманигорӣ дар маҷрои инкишофи забони адабии тоҷик «равияи тозае» дониста мешавад, ки дар оғози асри ХХ ба вуҷуд омада, «такмил ёфтааст ва чун як ҷанбаи услубиёти забон тадриҷан» шакл гирифтааст [ниг.: 6, с. 6-7]. Таъкид карда мешавад, ки саволи «Забони матбуот бояд чӣ гуна бошад?»аз замони пайдоиши нахустин рӯзномаҳо ба вуҷуд омада, чунин баҳсу мунозираҳои илмӣ дар Эрон низ вуҷуд доштааст. Барои исботи ин ақидаи худ профессор Камолиддинов рисолаи «Соданависӣ дар забони форсӣ»-и Шамсулмулуки Мусоҳибро мисол меоранд, ки дар он мушкилбаёнӣ ва печидагӯйи дар рӯзномаҳои ҷудогонаи Эрон сабаби камаҳамият гардидани онҳо дар байни хонандагон арзёбӣ гардидааст. Ба ақидаи устод, чунин суханони Унсурмаолии Кайковус: «сухандону сухангӯй он бувад, ки ҳар чӣ гӯяд мардумонро маълум шавад»ба услуби рӯзноманигорӣ ниҳоят созгору мувофиқ мебошад [ниг.: 6, с. 8-9]. Дар баробари хабар додан ва таъсир расондан ба шуури аҳли ҷомеа ва аслиҳаи тавонои идеологии ҷамъият ба шумор рафтан«баланд бардоштани маърифат, завқу салиқаи суханвариву сухангустарии мардум»аз муҳимтарин вазифаи матбуот ва забони нашрияҳои даврӣ инъикоскунандаи вазъи кунунӣ тамоюли инкишофи минбаъдаи забони адабӣ дониста мешавад [ниг.: 6, с. 9]. Дуруст таъкид мегардад, ки «майли мушкилбаёнӣ, суханороии нобаҳангом ва такаллуфи калом кори аҳли матбуотро осон намекунад, балки ба адои он вазифаҳои мушкил монеъ мегардад» [ниг.: 6, с. 10].Дар суҳбатҳои илмӣ ва мақолаю асарҳояшон роҷеъ ба норасоиҳои забони рӯзномаву маҷаллаҳо сухан рондани устодон Садриддин Айниву Абдусалом Деҳотӣ, Тӯрақул Зеҳнӣ, Раҳим Ҳошим ва Носирҷон Маъсумӣ, баёнгари он ҳисобида мешавад, ки забони матбуот дар ҳамаи давраҳои мавҷудияти худ аз нуқсонҳои таҳрир орӣ набудааст. Нақши асари «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад»-и М. Шакурӣ барои бартараф намудани нуқсонҳои аҳли эҷод муҳим арзёбӣ вакорҳои Р. Ғаффоров, Ш. Рустамов ва Б. Тилавов барин донишмандон, ки зимни таҳқиқи масъалаҳои услубшиносӣ ва ҳусни баён ба забони матбуот таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд, ёдрас мегарданд [ниг.: 6, с. 10-11]. Устод ҳамчунин дар муқаддимаи асар дар бораи ғалатҳои калимаю калимасозӣ, истифодаи нодуруст ва бемавқеи унсурҳои грамматикӣ дар забони матбуот бо таассуф сухан ронда, зарурати пешгирӣ намудани чунин ғалатҳоро ёдрас мекунанд. Сабаби таълифи асари «Сухан аз баҳри дигарон гӯянд» низ ҳамин мебошад.

Боби якуми асар «Доир ба истеъмоли калима ва истилоҳ»унвон дошта, дар он равшан ифода кардани фикр ва фасоҳати калом ба интихоби калима вобаста дониста мешавад. Зарурати дақиқ ифода гардидани мафҳумҳои ашёву аломат ва амалу ҳолат ба воситаи калимаву таркиб ва дар мавқеи худ кор фармудани ҳар як унсури луғавии забон, ки ба саҳеҳ ифода ёфтани матлаби гӯянда ё нигоранда мусоидат менамояд, махсус таъкид мегардад. Баъзе нуқсонҳои забони матбуот, ки академик М. Шакурӣ ҳанӯз дар солҳои шастуми асри ХХ дар бораашон андеша баён карда буданд, то имрӯз бартараф нашудаанд. Чунин нуқсонҳо дар асари устод Камолиддинов мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд ва барои исботи ақида аз забони матбуоти даврӣ мисолҳо оварда шудааст. Ба ҷойи «фарқ» кор фармудани «фақият», ба ҷойи «мусбат» истифода бурдани «мусбӣ», нодуруст истеъмол намудани феъли «нақл кардан / намудан», барзиёду беҳуда корбаст намудани ҷонишинҳои нафсию таъкидии «худ» ва «хеш», ба ҷойи вожаҳои «навъ» ва «хел» ба кор бурдани «намуд», ноҷо ва барғалат истифода намудани феъли таркибии номии «ташриф овардан» аз қабили чунин ғалатҳо мебошанд [ниг.: 6, с. 14-18].

Боби аввали асар дар навбати худ 7 фаслро дар бар мегирад, ки дар онҳо ғалат кор фармудани калима, истеъмоли бемавқеи он, бидуни зарурат ба кор бурдани вожаҳои душворфаҳми арабӣ, мавқеи унсурҳои забони гуфтугӯйӣ дар матбуот, мушкилоти истеъмоли истилоҳ дар матбуот, такрори бемавқеи калима дар забони матбуот ва роҳҳои худдорӣ кардан аз он ва ғалатҳои калимасозӣ дар забони матбуот мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Аз ҷумла ҳар гоҳ ки банда фасли «Ғалат кор фармудани калима»-и ин асари устодро мутолиа менамоям, як воқеаи айёми донишҷӯйӣ ба ёдам мерасад, ки зикри онро муносиб медонам. Дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, як зумра калимаҳое, ки дар замони шӯравӣ аз истеъмол баромада буданд, дубора ба истеъмоли забон ворид шуданд.Аз ин рӯ на ҳар кас ба маънои онҳо сарфаҳм мерафт. Яке аз чунин калимаҳои дубора ба истеъмол воридшуда «феҳрист» буд. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе (феълан Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) таҳсил мекардемурафиқе доштам бо номи Асламшоҳ Акрамшоев (ному насаби рамзӣ). Камсавод, вале худнамои донотарош буд. Рӯзе ба дафтари ӯ нигаристам. Дар муқоваи дафтар чунин навишта шуда буд: «Асламшоҳ Акрамшоев – феҳристи ҷавон». Аз ӯ пурсидам:«“Феҳристи ҷавон”» чӣ маъно дорад? Дар посух гуфт: «Олими ҷавон». Пай бурдам, ки он«бечора» маънои калимаи «феҳрист»-ро намедонад. Ба ӯ фаҳмондам, ки «феҳрист» ба маънои «рӯйхат, номгӯй» кор фармуда шуда, муродифи вожаи «каталог»-и русӣ мебошад. Асламшоҳ дар байни гурӯҳи рафиқон шарм дошт ва бо ғазаб ибораи «феҳристи ҷавон»-ро аз болои дафтар – аз паҳлуи ному насабаш тоза кард. Имрӯз Асламшоҳ соҳибкори нисбатан муваффақмебошад. Ширкати сайёҳии хусусӣ дорад, вале мо – як гурӯҳ рафиқон то ба ҳол ӯро«Феҳристи ҷавон»ном мебарем ваҳар гоҳ ки ҳангоми вохӯрӣ ба ӯ «Ҳа, Феҳристи ҷавон» гуфта муроҷиат менамоем, чеҳрааш аз хиҷолат сурх мешавад.

Маҳз «феҳристи ҷавон»-и Асламшоҳ Акрамшоев барин ғалатҳо дар фасли «Ғалат кор фармудани калима» мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Дар ин фасл устод нахуст қайдҳои устод Айниро дар ҳошияи дастхати романи «Шодӣ»-и Ҷ. Икромӣ дар мавриди ғалат кор фармудани калима ёдрас шуда, таъкид доштаанд, ки ғалатҳои рӯзномаву маҷаллаҳо дар интихобу истеъмоли калима мухталифанд. Масалан, дар ибораи «эҳтироми бемутоиба» калимаи «бемутоиба»,дар ҷумлаи «Ман муваззафам, ки Тоҷикистони мо …шуҳрату нуфуз меёбад» вожаи «муваззаф» аз боиси ба маънои калима сарфаҳм нарафтани муаллиф ғалат истеъмол гардидааст. Дар ибораи изофии «эҳтироми бемутоиба»ба ҷойи «бемутоиба» сифати «зиёд» ва дар ҷумлаи «Ман муваззафам, ки Тоҷикистони мо …шуҳрату нуфуз меёбад» ба ҷойи «муваззаф» феъли таркибии «бовар доштан»-ро кор фармудан лозим аст: Ман бовар дорам, ки Тоҷикистони мо …шуҳрату нуфуз меёбад[ниг.: 6, с. 19-26].

Дар фасли дуюми боби аввали асар бемавқеъ кор фармудани калима мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҳҳои ислоҳи он нишон дода мешавад. Аз баррасии мисолҳои дар ин фасл овардашуда аён аст, ки қаламбадастони матбуот бештар калимаҳои сермаъноро бемавқеъ истифода бурдаанд. Масалан, дар ҷумлаҳои зерин вожаи «ғурбат» ба ҷойи «муҳоҷират» ва ибораи «як ҳаёт» ба ҷойи «як умр, умрбод» корбаст гардидааст:

«Ҳамааш аз он ҷо оғоз ёфт, ки хоҳари шавҳарам аз ғурбат ба хонаашон омад (Ҳ-з, № 5, 2001); Аммо ту як ҳаёт… дар ёди ман боқӣ хоҳӣ монд (Ҷ. Т. 24.03.2000)» [ниг.: 6, с. 26-27].

Ба ҳамин монанд дар ибораҳои «иҳотаи бузург, ҳаяҷони азим, нуфузи баланд, офтоби пурбор» сифатҳои «бузург, азим, баланд, пурбор» бо калимаҳои «иҳота, ҳаяҷон, нуфуз, офтоб» таносуби маъноӣ барқарор карда наметавонанд, зеро иҳота «бузург» намешавад,аммо «ҳаяҷон ва нуфуз зиёд, офтоб тобон мешавад» [ниг.: 6, с. 29].

Фасли сеюми боби якуми асар ба баррасии калимаҳои душворфаҳми арабӣ дар забони матбуот бахшида шудааст. Дар ин фасл истеъмоли «мадюн, маҳд, тааҳҳуд» барин калимаҳои душворфаҳми арабӣ, ки хонанда ба маънояшон сарфаҳм намеравад, мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд [ниг.: 6, с. 31-34].Гуфта мешавад, ки «нигоранда бояд ҳангоми интихоби калима ва мавқеи кор фармудани он ҳамеша талаботи услуби забони публитсистика ва эҳтиёҷоти хонандагони сершумори гуногунсинну гуногунсавияро дар назар дошта, ба шитобкорию саҳлангорӣ роҳ надиҳад» [ниг.: 6, с. 34]. Дар дарсҳои услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ устод Камолиддинов мисолҳоеро, ки дар онҳо чунин калимаҳои душворфаҳми арабӣ истеъмол гардидаанд, дар варақаҳо навишта, ба донишҷӯёни факултети журналистика тақсим мекарданд ва супориш медоданд, ки маънои калимаҳоро муайян кунанд. Дар аксари ҳолатҳо донишҷӯён маънои чунин калимаҳоро намефаҳманд. Албатта, вақте ки донишҷӯ ба маънои чунин калимаҳои душворфаҳми арабӣ сарфаҳм намеравад, дар бораи хонандаи одии рӯзнома ҳоҷати сухан гуфтан ҳоҷат нест. Бинобар ин истеъмоли онҳо дар маводи барои матбуот нигаронидашуда ноҷоиз ҳисобида мешавад.

Дар фасли дигари асар (фасли чоруми боби якум) мавқеи унсурҳои забони гуфтугӯйӣ дар матбуот баррасӣ карда мешавад. Дар ин фасл ба сарвати забони халқ рӯ овардани рӯзноманигорон иқдоми шоиста номида мешавад, зеро бо ин роҳ рӯзноманигор «бо ганҷинаҳои аз забони халқ бозёфтааш хазинаи забони адабиро пурратар ва ғанитар мегардонад» [6, с. 34]. Аз ин рӯ дар матни асарҳои матбуот ба назар расидани калимаю ифодаҳои пуробуранги назири «гулмаҳтоб, обу адо шудан, обу лой кардан» ҷонибдорӣ мегардад [ниг.: 6, с. 35]. Аммо азғалат кор фармудани унсурҳои гуфтугӯйӣ изҳори нигаронӣ карда мешавад. «Таҳсуб кардан» (ба ҷойи «таассуб кадан»), «қурт додан» (ба ҷойи «фурӯ бурдан»), «кунда шудан»(ба ҷойи «беҳиссу ҳаракат шудан»), «раҳини хизмати мурдум намудан» (ба ҷойи «дар роҳи хизмати мардум сарф намудан») аз ҷумлаи чунин унсурҳои луғавии гуфтугӯйие дониста мешаванд, ки ба меъёри забони адабӣ ҷавобгӯ нестанд ва истифодаи онҳо дар матни асарҳои матбуот ҷоиз нест [ниг.: 6, с. 35-19]. Ҳамчунин ба ҷойи пешоянди таркибии номии «дар рӯбарӯйи», ки дар забони адабӣ вуҷуд дорад, истифодаи пешояндҳои дорои хусусияти шевагии «дар рӯёрӯйи» ва «пешорӯйи» нодуруст ҳисобида мешавад, зеро агар барои ифодаи мафҳуме дар забони адабӣ калимаи мувофиқ вуҷуд дошта бошад, ба кор фармудани муродифи шевагӣ эҳтиёҷ нест [ниг.: 6, с. 38]. Ҳамзамон истифодаи алфози қабеҳи назири «пирхар» ва калимаҳои иқтибосии ба меъёри забони адабӣ бегона ба монанди «адрес, валютчик»-ро муаллифи «Сухан аз баҳри дигарон гӯянд» боиси вайрон кардани меъёри забони адабӣ ва олуда кардани он донистаанд [ниг.: 6, с. 38-39].

Фасли панҷуми боби аввали асар «Мушкилоти истилоҳ дар забони рӯзнома» унвон дорад. Ба андешаи муаллиф «ҳар калима ё истилоҳи нав даставвал аз рудио ё телевизион садо медиҳад, баъд дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо пайдо мешавад ва бад-ин васила барои ворид шудан ба забони адабӣ ба худ роҳ меҷӯяд» [ниг.: 6, с. 40-41]. Аз ин гуфта бармеояд, ки истилоҳоти забон маҳз дар забони ВАО суфта гардида, баъдан ба забони адабӣ роҳ меёбанд. Дар забони матбуот барои ифодаи як мафҳуми илмӣ ба тариқи мувозӣ истифда бурдани якчанд истилоҳи ҳаммаънонораво мебошад, зеро ин «ба саҳеҳ баён кардани матлаб ва кушода додани моҳияти масъалаҳои мураккабу печдарпечи илмӣ» монеа пеш меорад [ниг.: 6, с. 41]. Аз имконоти истилоҳсозии забон дуруст фоида бурдан ва мувофиқи меъёри забони адабӣ кор фармудани истилоҳот маслиҳат дода мешавад[ниг.: 6, с. 42-52].

Дар фасли шашум масъалаи такрори бемавриди калима дар забони матбуот баррасӣ гардидааст.Бешубҳа чунин такрорҳои бемавриди калима аз муносибати ниҳоят саҳлангорона ва бемасъулиятиву шитобкории ходимони адабию муҳаррирони нашрияҳои даврӣ рӯй додааст, зеро агар эшон масъулиятшинос мебуданд, чунин такрорҳои бемавридро бартараф менамуданд. Барои мисол ду намуна меорем:

Оё мани …шикастабахт ба дӯстдорию дӯстдоштан ҳақ надорам?! (Ч. г., 17.11.2000); …модарам ба бемории хуни бинӣ гирифтор буданд ва ҳар замон лаби ҷӯйбори ҳавлӣ нишаставу сарашонро дошта менишастанд (О, № 40, 2000) [ниг.: 6, с. 55].

Устод дуруст қайд намудаанд, ки барои бартараф намудани чунин такрорҳои бемаврид, пас аз навиштан матнро бодиққат аз назар гузарондан лозим аст [ниг.: 6, с. 56]. Дар асар инчунин навъҳои такрори бемаврид, аз ҷумла такрори калима бо ҳиссаи калимаҳои сохта ё мураккаб, такрори калимаҳои иқтибосии арабии ҳамреша, такрори феълҳои ёвари кардан, намудан, шудан, гардидан, доштан ва будан баррасӣ гардида, роҳҳои ислоҳи мисолҳое, ки дар онҳо чунин нуқсонҳо мавҷуданд, нишон дода шудааст. Такрори як маънӣ бо калимаҳои мухталиф ба монанди «лавозими зарурӣ, рӯзафзун – бештар, ҳар гуна – мухталиф, басо – бисёр, ҳадаф ва марому мақсад, ғолибу фотеҳу зафарёр», ки ба айни як маъно далолат менамоянд, пургӯйии зиёд арзёбӣ гардидааст [ниг.: 6, с. 57-59].

Фасли ҳафтуми боби аввали асар ба ғалатҳое, ки дар калимасозии забони матбуот ба назар расидаанд ва роҳҳои ислоҳи онҳо бахшида шудааст. Аз ҷумла вожаҳои «машшотагарӣ» ва «ороишсозӣ» нодуруст ҳисобида мешаванд. Ба ҷоийи онҳо «машшотагӣ» ва «ороишгарӣ»тавсия карда шудааст. Дар ибораи «кирдори бемасъулиятноку асабиомез» калимаҳои «бемасъулиятнок» ва «асабиомез» аз ҷиҳати сохт дорои нуқсон арзёбӣ шудаанд, зеро дар вожаи «бемасъулиятнок» морфемаҳои бе- ва -нок хусусияти антонимӣ дошта, аввалӣ ба орӣ будан аз ягон аломату хусусият далолат менамояду дуюмӣ соҳияби ягон аломату хусусият буданро ифода мекунад ва ин ду морфема ҳеҷ гоҳ бо як решаи калима намеоянд. Сифати асабӣ, ки аломати рӯҳии шахсро ифода менамояд бо ҷузъи -омез (асоси замони ҳозираи феъли омехтан) калима намесозад [ниг.: 6, с. 63].

Ба ин монанд як силсила калимаҳое, ки бо пешвандгунаи -пур сохта шудаанд, аз қабили пурафгор, пурорзу, пурталош, пурмасъулият, пуртараҳҳум, пурғановат ба талаботи калимасозиизабони тоҷикӣ номувофиқ мебошанд, зеро пасвандгунаи -пур бо исмҳои афгор, орзу, талош, масъулият, тараҳҳум, ғановат таносуби маъноӣ дода наметавонад ва бо чунин исмҳо васл гардида сифат намесозад [ниг.: 6, с. 63-64].

Дар боби дуюми асар «Ибораҳои рехта дар забони матбуот» унвон дорад. Дар он ба ду масъала – ғалат кор фармудан ва тарҷумаи таҳтуллафзии воҳидҳои фразеологӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст. Чунонки маълум аст, дар забони тоҷикӣ ибораҳои рехтаи «давр рондан» ва «дами беғам задан» мавҷуданд. Аввалӣ маънои «ҳукмронӣ кардан» дораду, дуюмӣ ба маънои «ба айшу нӯш ҳаёт ба сар бурдан, аз ташвишҳои рӯзгор фориғ будан, орому осуда будан» ба кор бурда мешавад. Дар натиҷаи омезиш додани ҷузъҳои ин ду унсури забони зиндаи мардум дар забони матбуот ибораи рехтаи «дами пирӣ рондан» ба вуҷуд омадааст, ки ғалат аст [ниг.: 6, с. 71-72]. Дар бораи ба чунин тарзи ғалат кор фармудани ибораҳои рехта дар асар мисолҳо зиёданд ва роҳҳои бартараф намудани ин гуна нуқсонҳо нишон дода шудааст. Ибораҳои рехтаи назири «қартаи маҳалро кор фармудан, нафаси сарди марг ба кас мерасад» тарҷумаи таҳтуллафзии ифодаҳои маъмули забони русӣ мебошанд. Ба ҷойи онҳо ифодаҳои тоҷикии «маҳалгароӣ кардан»ва «ба касе марг таҳдил мекунад»-ро ба кор бурдан дурусттар ҳисобида мешавад, зеро маънои таҳтуллафзии ибораҳои рехтаи забони русиро на ҳар хонанда мефаҳмад.

Боби сеюми «Сухан аз баҳри дигарон гӯянд» ба нуқсонҳои забони матбуот дар кор фармудани унсурҳои сарфӣ (морфологӣ) бахшида шудааст. дар ин боб таъкид карда мешавад, ки агар нигоранда маъною вазифаи унсурҳои грамматикии забони модариашро надонад, мақсади худро саҳеҳ баён карда наметавонад. Ғалатҳои сарфию наҳвие, ки дар забони матбуот рӯй додаанд ва дода истодаанд, ба надонистани қонуну қоидаҳои шаклсозӣ ва мавқеи кор фармудани воситаҳои грамматикӣ дар ҷумлабандӣ вобаста мебошанд [ниг.: 6, с. 91].

Фасли якуми боби сеюм ба ғалатҳои грамматикии исм бахшида шудааст. Дар ин фасл бештар ба корбасти шаклҳои ҷамъи шикастаи забони арабӣ дар матбуот, аз қабили аъёд (идҳо), навоқис (нуқсонҳо), аҳдоф (ҳадафҳо) ва ғайра таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст, зеро хонандаи одӣ чунин шаклҳои ҷамъи арабиро намефаҳмад. Баъзан чунин шаклҳои ҷамъи шикаста бо унсурҳои ҷамъбандии забони тоҷикӣ дар шакли ҷамъулҷамъ низ кор фармуда мешаванд, яъне нигоранда шаклҳои ҷамъи шикастаи арабиро танҳо пиндошта, аз онҳо бо унсурҳои ҷамъбандии забони тоҷикӣ дубора шакли ҷамъ месозад. Ба монанди: навоҳиҳо, макотибҳо. Аз ин рӯ ба ҷойи шаклҳои ҷамъи шикастаи забони арабӣ бо унсурҳои забони модарӣ ҷамъ баста кор фармудани калимаҳои иқтибосӣ ба мақсад мувофиқ мебошад. Ба монанди: идҳо (ба ҷойи аъёд), нуқсонҳо (ба ҷойи навоқис) ноҳияҳо (ба ҷойи шакли ҷамъулҷамъи навоҳиҳо) [ниг.: 6, с. 91-95].

Дар фасли «Ғалат кор фармудани ҷонишинҳо» (фасли дуюми боби сеюм) ба муҳимтарин хусусиятҳои услубии ҷонишинҳо, ки дар одоби муошират истифода мешаванд, таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст. Масалан, таъкид карда мешаванд, ки ҳангоми истифодаи ҷонишинҳои «он кас», «эшон» хабари ҷумла бояд дар шакли ҷамъ оварда шавад, зеро ин ҷонишинҳо эҳтироми гӯяндаро нисбат ба шахси ғоиб ифода менамоянд [ниг.: 6, с. 97].

Фасли сеюми боби сеюм ба ғалатҳо дар кор фармудани феъл бахшида шуда, аз ду зерфасл иборат аст. Дар зерфасли аввали он нуқсонҳо дар истифодаи шаклҳои феълӣ ва дар зерфасли дуюм ғалатҳо дар калимаю таркибсозии феъл баррасӣ гардидаанд. Таъкид карда мешавад, ки «нигоранда бояд шакл ва сохту таркиб, маъноҳои грамматикии феълро хуб донадва аз имконоти услубии он огоҳ бошад» [6, с. 99]. Аз он изҳори нигаронӣ карда мешавад, ки «навкорони арсаи фаъолияти рӯзноманигорӣ» донишу малакаи пасти сухандониву сухангустарӣ дошта,«дар кор фармудани шаклҳои феълӣ, калимаю таркибсозӣ ва риояи меъёрҳои грамматикии забон ба нуқсонҳо роҳ додаанд» [ниг.: 6, с. 99]. Аз ҷумла рӯзноманигор ба ҷойи «мӯйҳояшро мебофтам» «мӯйҳояшро мебофидам» мегӯяд, ҳол он ки феъли «бофидан» дар забони тоҷикӣ вуҷуд надорад. Ё нигорандабо такаллуф сухан ронда, «Суоолоти бушумори худро ба чаҳор девори хона меборидам»менависад, ҳол он ки феъли боридан феъли монда буда, мафъули бевосита талаб намекунад (борон меборид). Шакли бавоситаи ин феъл (борондан) бо мафъули бевосита ояд ҳам, дар забони тоҷикӣ «саволро намеборонанд». Чунин матлаб бо феъли таркибии «саволборон кардан» ифода меёбад. Ҳол он ки матлаби болоро бидуни такаллуфу суханпардозии барзиёд бо ҷумлаи «Дар сарам саволи бисёр пайдо мешуд» ифода кардан имконпазир аст [ниг.: 6, с. 99-100].

Ҳангоми баррасии нуқсонҳо дар калимаю таркибсозии феъл (зерфасли дуюми фасли сеюми боби сеюм) таъкид карда мешавад, ки майли ороиши сухан баъзе рӯзноманигоронро водор кардааст, ки аз унсурҳои камистеъмои забон истифода баранд. Аз ҷумла феъли сохтаи «даргузаштан» дар забони имрӯза ниҳоят камистеъмол буда, аҳёнан дар нутқи хаттӣ ба маънои «аз олам гузаштан, вафот кардан ба кор бурда мешавад». Аммо рӯзноманогор ба ҷойи «соле сипарӣ шуд» бо такаллуф «соле даргузашт» гуфтааст. Ё ба ҷойи «савол медиҳам» дар матбуот нодуруст «пурсиш медиҳам» навишта шудааст [ниг.: 6, с. 100-101]. Ба ҳамин монанд феълҳои таркибии маъмули «бовар кардан, шурӯъ кардан, оро додан, ҷашн гирифтан» дар шакли нодурусти «бовар шудан, шурӯъ додан, ороиш кардан, ҷашн ёфтан» ба назар расидаанд, ки чунин таркибсозии феъл ҳеҷ гоҳ қобили қабул буда наметавонад. Аз он изҳори таассуф карда мешавад, ки баъзе рӯзноманигорон ба ҷойи дуруст истифода бурдан аз ғановати луғавӣ ва имконоти грамматикии забон, «худро заҳмат дода» воҳидҳои нави луғавӣ ва калимаю таркибҳои нав «ихтироъ менамоянд», ки ба қонуну қоидаҳо ва табиати забон созгор нестанд. Ба ҷойи феъли содаи «навиштан» иътироъ кардани феъли таркибии «навишта кардан» аз ҷумлаи чунин «ихтирооти бо заҳмат ба дастовардаи баъзе рӯзноманигорон ҳисобида шудааст [ниг.: 6, с. 102-103]. Ба ҳамин монанд феълҳои таркибии ба табиати забон бегонаи «фаъолият бурдан, тадқиқот гузаронидан, фароҳам расидани заминаҳо» аз «ихтирооти нодир»-и қаламбадастони навбаромад мебошанд [ниг.: 6, с. 107-108].

Фасли дигари асар «Нуқсонҳо дар кор фармудани пешоянду пасояндҳо» мебошад. Дар ин фасл гуфта мешавад, ки пешоянду пасояндҳо зоҳиран унсурҳои назарногир бошанд ҳам ниҳоят серистеъмол ва як рукн сохтори грамматикӣ ба ҳисоб мераванд, ки дар сохтани ҷумла ва ифодаи фикр нақши муҳим мебозанд. Баъзан ҳолатҳое ба назар мерасад, ки аз боиси нодуруст истеъмол шудани пешоянду пасояндҳо барин унсурҳои грамматикӣ фикр умумӣ ифода намеёбад ё муғлақу душворфаҳм мегардад [ниг.: 6, с. 109-110]. Ин фасл ду зерфаслро дар бар мегирад.

Дар зерфасли аввал дар бораи ғалат кор фармудани пешояндҳо сухан меравад. Дар ин зерфасл гуфта мешавад, ки «маънои грамматикии пешоянду пасоянд аз маънои луғавии феъл ва ҳиссаҳои дигари нутқ, ки бо мафҳумҳои амалу ҳолат ва аломат алоқамандӣ доранд, бармеояд ва ба имконоти васлшавии ҷузъҳои тобеъкунанда бо тобеъшаванда низ вобастагӣ дорад» [ниг.: 6, с. 109-110]. Ба қобилияти муродиф шудани пешояндҳои аслии сода ва дуруст истеъмол намудан аз муродифоти пешояндҳо, ҳампаҳлу омадани ду пешоянди сода, ки ғалати услубӣ буда, тарзи талаффузро душвор мегардонад, барғалат ихтисор гардидани яке аз ду пешояди содаи паҳлуи ҳам воқеъгардида, ба тариқи мувозӣ кор фармуда шудани пешоянду пасоянд, нодуруст ихтисор шудани яке аз ҳиссаҳои пешояндҳои таркибӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, роҳҳои бартараф кардани ғалатҳо нишон дода шудаанд. Барои бартараф кардани нуқсонҳое, ки дар кор фармудани пешояндҳо ба назар мерасанд, аз таҷрибаи беназири устод Садриддин Айнӣ ва роҳҳои истеъмоли пешояндҳо дар адабиёти классикӣ намунаи мисолҳо пешниҳод гардидааст [ниг.: 6, с. 110-143].

Зимни баррасии нуқсонҳо дар кор фармудани пасоянди -ро муҳимтарин вазифаи ин унсури морфологӣ – ифодаи муносибати маъноӣ ва алоқаи грамматикии мафъул (объект)-и бевосита бо феълҳои гузаранда зикр ва бо воситаҳои дигари алоқаи грамматикии калимаҳо вазифаи муштаракро адо намуда, қолабҳои ҳаммаъноро ташкил додани он таъкид гардидааст. Масалан, дар ҷумлаи «Файзишикорчиро чашмон хун гирифт» (Ч. г., 2.002.2001) пасоянди -ро бо бандаки изофии -и ҳаммаъно гардидааст ё ба ҷойи он истеъмол шудааст, яъне «Ҷашмони Файзишикорчӣ хун гирифт». Ё дар ҷумлаи «…онҳо модарамро асар накарданд» пасоянди -ро ба вазифаи пешоянди ба кор фармуда шудааст. Риоя нашудани эътидол ҳангоми баҳра бурдани аҳли қалам аз имконоти муродиф шудани пасоянди -ро бо дигар унсурҳои морфологӣ, азҷумла бо пешояндиба ва бандаки изофии -иёдрас карда шудааст. Дар бораи он сухан меравад, ки дар забони матбуот баъзан дар ҳолати зарурат пасоянди -ро фурӯгузор шуда, дар ҷойе, ки ба зикри он зарурат нест, оварда мешавад. Инчунин дар забони матбуот баъзан ба ҷойи пасоянди -ро пешояндҳое кор фармуда мешаванд, ки аз ҷиҳати маъною вазифа бо ин унсури морфологӣ ягон муносибат надоранд [ниг.: 6, с. 145-146].

Фасли минбаъдаи боби сеюм (фасли панҷум) ба нуқсонҳо дар кор фармудани пайвандакҳо бахшида шудааст. Дар оғози ин фасл андешаҳои донишмандон Н. Маъсумӣ ва М. Шакурӣ дар бораи ғалат будани пайандакҳои «чуноне ки» ва «модоме ки» ва дуруст будани шаклҳои «чунон ки», «модом ки» оварда шудааст [ниг.: 6, с. 147-148]. Дар ин замина таъкид карда мешавад, ки дар забони матбуот аз ду шакли ғалати пайвандаки «чуноне ки» ва «чуноне» дуюминаш дар забони матбуоти имрӯза зиёд ба назар мерасад. Ғалати дигар дар шакли кӯтоҳ кор фармудани пайвандакҳои таркибӣ ба ҳисоб меравад [ниг.: 6, с. 148-150]. Профессор Камолиддинов аз таҷрибаи устод Айнӣ ва забони адабиёти классикӣ дар мавриди дуруст кор фармудани пайвандакҳо мисолҳо пешниҳод мекунанд ва ин мисолҳоро бо пайвандакҳое, ки дар забони матбуот ғалат истеъмол гардидаанд, муқоиса менамоянд ва бо ин роҳ ислоҳи нуқсонҳои кор фармудани пайвандакҳоро дар забони матбуот нишон медиҳанд [ниг.: 6, с. 151-166]. Бо таассуф изҳор карда мешавад, ки қалами баъзе аз рӯзноманигорон барои риояи тамоми қоидаҳои грамматикӣ қудрат надорад. Агар аҳли матбуот дар истеъмоли унсурҳои морфологӣ ба сабки нигориши нависандагони чирадаст пайравӣ намоянд, тарзи баёнашон осеб намебинад, балки дилнишину ҷозибтар мегардад [ниг.: 6, с. 166-167].

Боби чоруми асар ба ғалатҳои наҳвӣ дар забони матбуот бахшида шудааст. Ин боб аз ҳафт фасли ҷудогона иборат аст. Дар ин фаслҳо маъмултарин нуқсонҳо дар иборасозию ҷумлабандии забони матбуот, мувофиқати нодурусти хабар бо мубтадо, нуқсонҳои тартиби калима дар ҷумла ва сохтори ҷумлаи сода, инчунин ғалатҳое, ки дар ҷумлаҳои мураккаби пайвасту тобеъ ба назар мерасанд мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд [ниг.: 6, с. 168-234].Аз боиси зиёд тафсил ёфтан мутобиқати маъноию грамматикӣ надоштани ибтидо ва интиҳои ҷумлаҳои сода [ниг.: 6, с. 171], серистеъмол гардидани қолабҳои ифодаи фикр, ки ба табиати ҷумлабандии забон бегона мебошанд [ниг.: 6, с. 180], риоя нагардидани мувофиқати грамматикии байни мубтадою хабар [ниг.: 6, с. 185-188], бидуни зарурати услубӣ тағйир додани ҷойи аъзоҳои ҷумла [ниг.: 6, с. 189-201],такрори калима ё маънӣ дар ҷумла, нуқсонҳо дар истеъмоли феълҳои модалӣ [ниг.: 6, с. 202-203], зиёд ишорат кардан ба соҳиби амал, истифодаи нодурусти аломатҳои китобат, ба тарзи сунъӣ ба ду ё се ҷумлаи сода табдил додани ҷумлаҳои содае, ки хабари онҳо чида шудааст [ниг.: 6, с. 209], риоя нагардидани мутобиқати шаклҳои феълии хабари ҷумлаи пайрав бо сарҷумла [ниг.: 6, с. 214-215], истеъмоли нодурусти пайвандакҳои тобеъкунанда, пас аз зикри сарҷумла ё ҷумлаи пайрав гузоштани аломати нуқта ва як ҷумлаи мураккаби тобеъро нодуруст ба ду ҷумлаи сода тақсим кардан [ниг.: 6, с. 220-222], риоя нагардидани мутобиқати шумора байни сараъзоҳои ҷумла [ниг.: 6, с. 231] ва ғайра аз ҷумлаи ғалатҳои наҳвие мебошанд, ки дар забони аҳли матбуот ба назар расидаанд ва дар китоби «Сухан аз баҳри дигарон гӯянд» роҳҳои ислоҳи чунин ғалатҳо нишон дода шудааст.

Дар боби панҷуми асар баъзе нуқсонҳои аломати китобат, ки дар забони матбуот ба назар мерасанд баррасӣ гардида, роҳҳои ислоҳи онҳо нишон дода шудааст [ниг.: 6, с. 234-345]. Умуман, ба гуфти муалллиф, қариб дар ҳамаи мисолҳое, ки дар ин асар аз забони матбуот овардашудаанд, нуқсонҳои аломати китобат ба назар мерасанд ва ба хотири гумроҳ накардани хонандагон чунин нуқсонҳо ҳангоми чопи матнҳо ислоҳ карда шудаанд [ниг.: 6, с. 245]. Бо вуҷуди ин муҳимтарин нуқсонҳо дар корбурди аломатҳои китобат, аз қабили дар байни пайвандакҳои таркибие, ки ҷузъи дуюмашон пайвандаки тобеъкунандаи «ки» мебошад, гузоштани вергул, дар байни ҳоли тарзи амал ва хабари ҷумла гузоштани вергул, нагузоштани вергул дар байни сарҷумла ва ҷумлаи пайрав, мушкилоти гузоштани вергул бо пайвандаки тобеъкунандаи «ки»ва ғайра дар боби панҷуми «Сухан аз баҳри дигаронгӯянд» баррасӣ гардидаанд.

Дар охирсухан аз он изҳори қаноатмандӣ карда мешавад, ки дар замони истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ барои рушди ҳамаҷонибаи забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам омадааст. Ба андешаи муаллиф, забони адабии тоҷикӣ дар муттаҳид намудани миллати тоҷик нақши муҳим мебозад. Бинобар ин рӯзноманигорон набояд ба забони модариашон саҳлангорона муносибат кунанду гуфтору навиштаҳояшон пур аз ғалат бошад, балки эшон бояд дар гуфтору навиштаҳояшон қонуну қоидаҳои талаффузу навиштро риоя намоянд, дар истеъмоли сарвати луғавӣ ва имконоти грамматикии забон ба дигарон намунаи иборат бошанд, то забони матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма ба намунаи асили забони адабии тоҷик табдил ёбад [ниг.: 6, с. 251].

Дар охири асар номгӯйи сарчашмаҳои илмӣ ва ва ихтисораҳои дар асар истифодагардида оварда шудааст.

Чунон ки дар болотар низ таъкид карда будем, дар баробари он ки нашри дуюми «Сухан аз баҳри дигарон гӯянд» бо мисолҳои нав такмил дода шудааст, дар охири он «Замима ба китоби “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд”» илова гардидааст, ки он аз17 фасл иборат аст. Чунон ки дар муқаддимаи ин замима гуфта мешавад, ки дар ин фаслҳо масъалаҳои баҳсноки наҳв, услуби бадеӣ ва нуқсонҳои забони матбуот баррасӣ гардидаанд. Қаблан онҳо дар шакли мақолаи ҷудогона дарҷ гардида буданд ва бо мақсади он ки роғибони илми забон аз онҳо фоида бурда тавонанд, ҳамчун замима ба нашри дуюми «Сухан аз баҳри дигарон гӯянд ворид карда шудаанд» [ниг.: 6, с. 255].

Фасли якуми замима «Як қонуни инкишофи забон ва забони матбуот» унвон дорад. Дар ин фасл се ҳодисаи ҷудогонаи забон – «табдил ёфтани овозҳои душворталаффуз ба овозҳои осонталаффуз, кӯшиши одитар кардани шакли калима ва гузариш аз ифодаи мушаххас ба абстракт» дар заминаи маводи забони адабиёти классикӣ, диалектҳои ҷудогонаи забон ва забони матбуот мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Гуфта мешавад, ки дар ҳолати забонзада шудан бисёр ибрраҳо ба калима табдил меёбанд. Масалан, калимаи мураккаби «соҳибмансаб», ки аслан сифат мебошад, дар натиҷаи зиёд истеъмол намудани ибораи «шахси соҳибмансаб» ва ихтисор гардидани ҷузъи муайяншаванда ба сифат табдил ёфтааст [ниг.: 6, с. 263]. Ё шакли дуруст ва пурраи ибораи рехтаи «аз ғаму ғусса наҷот додан»«аз банди ғаму ғусса наҷот додан»мебошад. Дар натиҷаи зиёд истеъмол шудан аз ин ибора калимаи «банд» ихтисор гардида, он дар шакли нисбатан кӯтоҳ қобили истеъмол гардидааст [ниг.: 6, с. 265]. Ба ҳамин монанд имрӯз дар забони матбуот ва дигар ВАО воҳиди фразеологии «ба сар бурдан» зиёд дар истеъмол аст, ки аз таркиби он калимаи «умр»ихтисор гардидааст [ниг.: 6, с. 265]. Ба андешаи устод Камолиддинов дар забони матбуоти имрӯза ба ҷойи ифодаи кӯтоҳи «истифода кардан»«мавриди истифода қарор додан, мавриди истифода таъйин намудан, истифода ба амал овардан», ба ҷойи «даъват кардан» «даъват ба амал овардан», ба ҷойи «иҷро кардан» «ба мавқеи иҷро гузоштан» ба кор бурда мешавад. Ин ифодаҳо сунъӣ мебошанд. Бинобар ин беҳтар аст, ки дар забони матбуот шаклҳои асил ва кӯтоҳи онҳо («истифода кардан, даъват кардан, иҷро кардан») ба кор бурда шаванд.

Дар фасли дигар, ки «“Саҳмия харидам” гӯем ё “харидорӣ кардам”»унвон дорад, фарқи тобишҳои маъноии феъҳои «харидан» ва «харидорӣ кардан» баррасӣ гардидааст [ниг.: 6, с. 267-271]. Гуфта мешавад, ки имрӯз дар забони матбуот ва дигар ВАО ба ҷойи феъли содаи «харидан» истифодаи феъли таркибии номии «харидорӣ кардан» маъмул гардида истодааст, аммо аз мисолҳо пайдост, ки қаламбадастони матбуот ба тобишҳои маъноии ин ду феъл сарфаҳм намераванд. «Харидорӣ кардан» маънои «харидан» надорад, балки ба маънои «ният ва майли харидани чизе, ба нияти харид талабгор шудан ба чизе»-ро ифода менамояд [ниг.: 6, с. 269]. Барои исботи ин аз асари Зайниддин Маҳмуди Восифӣ мисолҳо ҳамчун далел оварда шудаанд [ниг.: 6, с. 268]. Инчунин бо овардани далел аз «Гулистон»-и Саъдӣ фарқи тобишҳои маъноии феълҳои таркибии «кор кардан»ва «хидмат кардан» низ шарҳ ёфтааст. Дар заминаи мисолҳо аз «Гулистон» хулоса бароварда шудааст, ки «кор кардан» хоси шахсони авом (дарвешон) ва «хизмат кардан»хоси тавонгарон мебошад, ки ин тобиши маъноро Шайх Саъдӣ хеле дуруст дарк карда, ҳар ду феълро дар асараш ба маврид истифода бурдааст [ниг.: 6, с. 269]. Дар ин радиф таъкид мегардад, ки солҳои охир дар забони матбуот ба монанди «дидан кардан» ва «навишта кардан» зиёд ба назар мерасанд, ки «тимсоли онҳоро на дар осори беш аз ҳазорсолаи насру назми суннатии гузаштагонамон ва на дар забони зиндаи имрӯза дучор меоем» [ниг.: 6, с. 270].

Фасли минбаъдаи замима (фасли сеюм) «“Сару кор дорам” ё “сари кор дорам”» мебошад. Чунон ки М. Шакурӣ дар «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» «сару калоба, чарху фалак, заҳру зақум» барин ифодаҳоро ғалат ва асли онҳо «сари калоба, чархи фалак, заҳри зақум» ҳисобидаанд [ниг.: 10, с. 199 ], профессор Камолиддинов низ таъкид доштаанд, ки «сару кор, арзу сипос, нарху наво» барин ифодаҳо, ки дар матбуот дучор меоянд ғалат ва шакли дурусти онҳо «сари кор, арзи сипос, нархи наво» мебошад. Дар чунин қолабҳо аз адибони классик ва устод Айнӣ мисолҳо оварда шудааст [ниг.: 6, с. 271-178].

Маъноҳои луғавию грамматикии вожаи «боз» дар фасли 4-уми замима баррасӣ шудаанд. Ба монанди дигар калимаҳои якҳиҷойии забон сермаъно будани ин вожа ва дар вазифаи пасоянд ва зарф омадани он таъкид мегардад. Дар забони тоҷикӣ ин калима якҷоя бо пешоянди «аз»омада пешоянди таркбии «аз бози» месозад(Аз бози омадани шумо кор равнақи тоза пайдо намуд), ки ба оғозу идома ёфтани амал далолат кардани калимаи «боз» ҷолиб мебошад ва матлабро табиӣ ифода менамояд [ниг.: 6, с. 281].

Дар фасли панҷуми замима «Алоқаи мувофиқати калимаҳо дар ҷумла» масъалаи бо ёрии бандакҷонишинҳо ифода ёфтани алоқаи мувофиқати аъзоҳои гуногуни ҷумла ва роҳҳои ислоҳи чунин ғалатҳое, ки дар матбуот ба назар мерасанд, баррасӣ гардидааст [ниг.: 6, с. 282-289]. Бояд гуфт, ки устод Камолиддинов нахустин шахсе мебошанд, ки дар бораи ифода ёфтани алоқаи мувофиқати аъзоҳои мухталифи ҷумла бо бандакҷонишинҳо изҳори андеша карда, таваҷҷуҳи аҳли илмро ба ин масъала ҷалб намудаанд.Аз боиси сарфаҳм нарафтан ба чунин навъи алоқаи мувофиқат дар забони матбуот ва дигар ВАО ин навъи ғалатҳо зиёд роҳ меёбанд

Устод Баҳриддин Камолиддинов шахси ниҳоят мушоҳидакор буданд. Ҳамин буд, ки бисёр унсурҳои асили луғавӣ ва воситаҳои муҳими грамматикиро аз забони адабиёти классикӣ ва забони асарҳои Садриддин Айнӣ пайдо намуда, бо забони матбуоти имрӯза муқоиса кардаанд. Аз ҷумла дар фасли «Асолати ҷумлабандӣ ва забони матбуот»(фасли шашуми замима ба китоби «Сухан аз баҳри дигарон гӯянд»)дар бораи тарзи ифодаи муносибати маъноии хилоф бо пешояндҳои «бо» ва «бар» сухан меравад. Гуфта мешавад, ки, мутаассифона, ин тарзи табиии ифодаи муносибати хилоф ҳам дар забони матбуот ба назар намерасад. Ҷойи ин воситаҳои грамматикии асили забонро унсури забони бегона(новобаста ба, новобаста аз, ба… нигоҳ накарда), ки бо усули тарҷумаи таҳтуллафзӣ аз забони русӣ ба забони мо ворид гардидаанд,ишғол намудаанд [ниг.: 6, с. 289-291].Ҳамчунин як роҳи табиии ба сарҷумла тобеъ гардидани ҷумлаи пайрави ҳоли хилоф бо пайвандаки тобеъкунандаи «ки» мебошад. Ин унсури грамматикӣ бо таъсири забони гуфтугӯ дар забони асарҳои нависандагон мавқеъ пайдо намудааст ва роҳи аз ҳама кӯтоҳ ва табиӣ алоқаманд шудани ҷумлаи пайрави ҳоли хилоф бо сарҷумла ба ҳисоб меравад [ниг.: 6, с. 295]. Дар ин фасл дар бораи бо пайвандакҳои «ҳарчанд, ҳарчанд ки, агар, гар, ар» ифода ёфтани муносибати хилоф дар ҷумлаҳои мураккаби тобеъ сухан меравад [ниг.: 6, с. 297-298]. Пайвандакҳои «бо вуҷуде ки, бо он вуҷуд ки, ба он нигоҳ накарда ки, гарчанде ки» ва амсоли инҳо, ки дар забони матбуот ба назар мерасанд, сунъӣ номида шудаанд [ниг.: 6, с. 299-302].

Дар фасли ҳафтуми замимаи китоб ба нуқсонҳои забони аҳли матбуот бахшидаи устод – «Ҳусни ҷумлабандӣ набояд осеб бинад»дар бораи сермаъною сервазифа будани пайвандаки тобеъкунандаи «ки», ниҳоят серистеъмол будани он ва ба воситаи ин пайвандак осону табиӣ ифода ёфтани якчанд муносибати маъноии байни сарҷумла ва ҷумлаи пайрав сухан меравад. Дар ин замина роҷеъ ба як ғалати гузоштани аломати вергул дар ҷумлаҳои мураккаби тобеъ сухан меравад [ниг.: 6, с. 303-309]. Бо овардани мисолҳо аз забони адабиёти классикӣ собит карда шудааст, ки пайвандки тобеъкунандаи «ки» сермаънову сервазифа буда, қобилияти бо бисёр пайвандакҳои тобеъкунанда, ба хусус бо пайвандакҳои тобеъкунандаи мураккаб ва таркибӣ қобилияти муродиф шудан дорад. Аломати вергул метавонад, баъзан пеш аз пайвандаки тобеъкунандаи «ки», баъзан пас аз он ояд ва баъзан пеш аз к ива пас аз он низ аломати вергул гузошта намешавад. Агар пайвандаки тобеъкунандаи «ки» дар аввали ҷумлаи пайрав ояд, пеш аз он вергул гузошта мешавад, агар дар охири ҷумлаи пайрав ояд, пас аз он вергул гузошта мешавад, агар дар мобайни ҷумлаи пайрав ояд, пеш аз он ва пас аз он вергул гузошта намешавад (дар ин маврид вергул дар охири ҷумлаи пайрав омада, вазифаи худро иҷро менамояд, яъне сарҷумларо аз ҷумлаи пайрав ҷудо мекунад) [ниг.: 6, с. 308-309].Масалан дар ҷумлаи

«Мабар ҳоҷат ба наздики турушрӯй,

Ки аз бӯйи бадаш фарсуда гардӣ».

аломати вергул ҳатман пеш аз пайвандаки «ки» гузошта мешавад, зеро «ки» дар аввали сарҷумла омадааст: «Аз чӣ сабаб мабар ҳоҷат ба наздики турушрӯй? Аз сабаби он ки аз бӯйи бадаш фарсуда гардӣ» – ҷумлаи пайравиҳоли сабаб. Дар ин ҷумла пайвандаки «ки» муродифи пайвандҳои тобеъкунандаи «чунки, зеро, зеро ки, чаро ки» ҳаммаъною ҳамвазифа мебошад [ниг.: 6, с. 309].

Дар ҷумлаи «Ман сахтҷон будаам ки, дар муддати бист сол дар миёни ин дудубӯйи заҳролуд намурдаам» аломати вергул пас аз пайвандаки «ки» гузошта мешавад, зеро дар охири ҷумлаи пайрав омадааст.«Аз чӣ сабаб дар муддати бист сол дар миёни ин дуду бӯйи заҳролуд намурдаам? Аз сабаби он ки ман сахтҷон будаам» – ҷумлаи пайрави ҳоли сабаб. Дар ин ҷумла пайвандаки тобеъкунандаи«ки»муродифи пайвандакҳои тобеъкунандаи«азбакси, аз сабаи он ки» мебошад [ниг.: 6, с. 309].

Аммо дар ҷумлаи «Таҳрири саҳифа ки тамом шуд, Тоҷӣ Усмон дар поёнаш имзо мегузошт» пеш аз пайвандаки тобеъкунандаи «ки» ва пас аз он низ аломати вергул гузошта намешавад, зеро пайвандаки «ки» дар мобайни ҷумлаи пайрав омадааст. «Кай Тоҷӣ Усмон дар поёнаш имзо мегузошт? Таҳрири саҳифа ки тамом шуд» – ҷумлаи пайрави ҳоли замон.Дар ин ҷумла «ки» муродифи пайвандакҳои тобеъкунандаи «вақте ки, ҳангоме ки, чун» мебошад [ниг.: 6, с. 306].

Чунон ки медонем, дар забон ҳудуди сарҷумла ва ҷумлаи пайрав бо аломати вергул муайян карда мешавад. Агар дар ҷумлаи охир пеш аз пайвандаки тобеъкунандаи «ки» аломати вергул гузорем, сарҷумла бемантиқ мешавад. Муқоиса: Таҳрири саҳифа, ки тамом шуд, Тоҷӣ Усмон дар поёнаш имзо мегузошт. Дар ин маврид «Таҳрири саҳифа Тоҷӣ Усмон дар поёнаш имзо мегузошт» сарҷумла мешавад, ки мантиқ надорад. Пас фикри Устод Камолиддинов дар бораи се мавқеи аломати вергул бо пайвандаки тобеъкунандаи «ки» дуруст аст.

Дар ин фасл собит карда мешавад, ки вожаи «ки» ба ғайр аз пайвандаки тобеъкунанда будан вазифаи дигар ҳам дорад. Масалан, дар ин байт он ба ду вазифа омадааст:

«Бо нони хушк қаноат кунему ҷомаи далқ,

Ки бори меҳнати худ беҳ ки бори меҳнати халқ».

Дар аввали мисраи дуюм «ки» ҳамчун пайвандаки тобеъкунанда омада, ҷумлаи пайрави ҳоли сабабро ба сарҷумла алоқаманд кардааст: «Аз кадом сабаб бо нони хушк ва бо ҷомаи далқи худ қаноат кунем? Аз сабаби он ки бори меҳнати худ аз бори меҳнати халқ беҳтар аст» – ҷумлаи пайрави ҳоли сабаб. Дар мисраи дуюм – «бори меҳнати худ беҳ ки бори меҳнати халқ»«ки» ба вазифаи пешоянди «аз» омада, муносибати қиёсро ифода намудааст [ниг.: 6, с. 310].

Фасли ҳаштуми замимаи асар идомаи мантиқии фасли ҳафтум буда, «Як мавқеи корбурди пайвандаки “ки”» унвон дорад. Дар он сухан дар бораи роҳҳои бо пайвандаки тобеъкунандаи «ки» ба сарҷумла алоқаманд шудани ҷумлаҳои пайрави ҳоли замон, ҳоли сабаб, ҳоли шарт ва ҳоли хилоф сухан меравад. Имконияти бо пайвандакҳои тобеъкунандаи замон, сабаб, шарт ва хилоф ҳаммаъно гардидани пайвандаки муштараквазифаи «ки» шарҳ дода шудааст [ниг.: 6, с. 313-324].

Панҷ фасли минбаъдаи «Замима ба китоби “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд”» ба масъалаҳои сабки нигориш ва ҳусни баён дар асарҳои С. Айнӣ бахшида шудааст. Аз ҷумла дар фасли нуҳум ба имконоти услубии муродифоти наҳвӣ дар насри бадеии устод Айнӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст. Дар он гуфта мешавад, ки устод Садриддин Айнӣ аз ҷумлаи суханвароне буд, ки барои бенуқсону саҳеҳ ва суфтаву равон баён намудани мақсад на танҳо «дурдонаҳои суханро мӯшикофона санҷида ба риштаи ибораву ҷумлаҳо» мекашид, балки ҳар як унсури грамматикиро дар мавридаш истифода мебурд. Устод Айнӣ на танҳо дар интихоби воҳидҳои луғавӣ, балки дар иборасозиву ҷумлабандӣ, дар интихоби қолабҳои созгори ифодаи фикр ҳунарманди комил буд. Барои ифодаи нозукиҳои маъно устод Айнӣ на танҳо калимаҳои мувофиқро нуктасанҷона дарёфт намуда, хусусияти услубии ҳар як воҳиди луғавиро ба ҳисоб гирифта ба кор бурдааст, балки дар истифодаи қолабҳои ифодаи фикр, сохтори ҷумла, устухонбандӣ ва мутобиқати маъноии қисматҳои фикр низ маҳорати баланди нависандагӣ нишон дода, бештар чунин қолабҳои ифодаи фикррро истифода бурдааст, ки матлабро таъсирбахш ифода намоянд [ниг.: 6, с. 324-338]. Барои намуна якчанд қолаби наҳвии ифодаи фикр, ки устод Айнӣ дар асарҳои худ ба кор бурдааст, бо дигар қолабҳои дигари дар забон мавҷудбуда муқоиса карда мешаванд ва бартарии қолаби дар ифодаи фикр истифодабурдаи нависанда зикр мегардад. Пешниҳод карда мешавад, ки бояд қолабҳои наҳвии ифодаи фикр, ки дар асарҳои насрии Айнӣ истифода гардидааст, мавриди омӯзиши амиқ қарор дода шаванд, зеро омӯхтани забони Айнӣ ва пайравӣ кардан ба он боиси пойдории асолати забон хоҳад гашт[ниг.: 6, с. 327-338].

Дар фасли даҳум масъалаи таъсирпазирии сабки нигориши устод Айнӣ насри суннатии адабиёти классикии тоҷику форс баррасӣ гардидааст. Дар ин фасл эҳтиёткор будани устод Айнӣ «дар кор фармудани шаклҳои камистеъмол ва мушкилфаҳми иқтибосоти арабӣ» таъкид карда мешавад [ниг.: 6, с. 339]. Бархе аз ибораҳои рехтаи осори Айнӣ бо чунин воҳидҳои насри классикӣ муқоиса гардидаанд. Ба андешаи профессор Камолиддинов, С. Айнӣ гурез аз ҳампаҳлу кор фармудани ду пешояндро аз адибони гузашта омӯхтааст, вале, мутаассифона, бисёр қаламбадастон ба чунин хатои услубӣ роҳ дода, ба ҷойи «аз наздик шудани онҳо ба ҳамдигар»«аз ба ҳамдигар наздик шудани онҳо» мегӯянд, ки ин талаффузро душвор мегардонад [ниг.: 6, с. 341-342]. Бо мисолҳо собит карда мешавад, ки дар сохтани ҷумлаҳои мураккаб низ устод Айнӣ беҳтарин унсурҳои грамматикии насри суннатӣ, аз ҷумла пайвандакҳои тобеъкунандаи «бе ин (он) ки» ва «аз ғайри он ки»-ро ба кор бурдааст, ки барои табиӣ ифода намудани матлаби нависанда мусоидат кардаанд [ниг.: 6, с. 342-343]. Масъалаи дигаре, ки дар ин фасл баррасӣ мешавад, дар осори гузаштагон дар шакли замони гузаштаи наздики сиғаи хабарӣ ифода ёфтани хабари ҷумлаи пайрави пуркунанда аст ва дар шакли аорист ифода ёфтани хабари ҷумлаи пайрави пуркунанда ва ҳоли мақсад мебошад, ки Аҳмади Дониш ва устод Айнӣ низ дар ин бобат ба адибони газашта пайравӣ намудаанд. Чунин тарзи ифодаи хабари ҷумлаҳои мураккаби тобеъ дар забони ВАО, ба хусус матбуот низ шоистаи пайравӣ дониста шудааст [ниг.: 6, с. 344-345].

Дар фасли «Балоғати каломи С. Айнӣ ва рушди забон»(фасли 11-уми замима) дар мавриди ҳамаҷониба омӯхтани услуби ҷумлабандии устод Айнӣ ва пайравӣ намудан ба сабки эҷоди ӯ сухан рафтааст. Махсусан ба ходимони матбуот ва дигар навъҳои ВАО аз асарҳои устод Айнӣ омӯхтани роҳҳои мухталифи баёни як матлаб тавсия дода шудааст. Дар ин замина роҳҳои ислоҳи баъзе нуқсонҳои грамматикии забони матбуот баён гардидааст [ниг.: 6, с. 348-362].

Фасли дувоздаҳуми замима «Назари устод Айнӣ ба иқтибосоти туркӣ ва русӣ»унвон дорад. Дар ин фасл профессор Камолиддинов дар заминаи қайду эродҳои устод Айнӣ ҳангоми таҳрири асарҳои бадеии адибон ва асарҳои бадеиву публитсистии аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷумашуда андеша баён медоранд. Аз қайду эродҳои устод Айнӣ, ки дар ин фасл оварда шудаанд, назари устод Айнӣ доир ба истеъмоли калимаҳои иқбосӣ чунин аст: агар дар забони тоҷикӣ барои ифодаи ягон мафҳум калимае бошад, ки маънои калимаи бегонаро бекамукост ифода карда тавонад, ба кор фармудани калимаи иқтибосӣ эҳтиёҷ нест. Бинобар ин устод Айнӣ зимни таҳрири асарҳои адибони ҷавон ва асарҳои тарҷумавӣ ба ҷойи «ҷиян, қарчиғай, байтал, бойчечак, ихчам, оқидан» барин калимаҳои туркӣ кор фармудани вожаҳои дар забони тоҷикӣ маъмулӣ «додарзда (хоҳарзода), боз, модиён, наргис, мӯҷаз, чакидан» тавсия додааст. Шарҳҳои устод Айнӣ, ки дар ҳошияи асарҳои бадеӣ ва тарҷумавӣ оварда шудаанд, ниҳоят ҷолиб буда, барои эҷодкорони имрӯза низ хеле муҳим мебошанд [ниг.: 6, с. 362-369].

Дар фасли сездаҳум – «Як тарзи кӯтоҳбаёнии Садриддин Айнӣ» равияи хосу писандидаи симоофарии устод Айнӣ баррасӣ гардидааст. Ин равияи хос дар он ифода меёбад, ки Садриддин Айнӣ ҳангоми тасвири симои қаҳрамону персонажҳо дар аввал ҳамаи аломатҳои зоҳирию ботинии қаҳрамонро ба тафсил тасвир менамояд, вале, ҳангоме ки бори дигар сухан дар бораи ҳамон қаҳрамон меравад, ӯро на бо номаш, балки бо ягон нишонаи зоҳирӣ ё ботинии ба назар намоёнаш ёд мекунад. Дар услуби нигориши Айнӣ ин падидаи наҷиби мухтасарбаёнӣ номида шудааст. Дар мавриди ин тарзи кӯтоҳбаёнии нависанда аз асарҳои ӯ мисолҳои ҷолиб оварда шудааст. Масалан, дар «Мактуби кушода ба рафиқ Толис» ҷумлаҳои «Дар майдони пеши дарвозаи дача як тоҷикӣ ҳамонҷойӣ хазонрӯбӣ мекард. …Ман аз тоҷики хазонрӯб пурсидам» мавҷуданд. Чунон ки дида мешавад, дар давоми матн мазмуни ҷумлаи «…як тоҷики ҳамонҷойӣ хазонрӯбӣ мекард» ба таври мухтасар бо ибораи «тоҷики хазонрӯб» ифода ёфтааст. Ин ҳодисаро дар забоншиносӣ «универбатсия» ё сарфаи нерӯи ҷисмонии гуфтор меноманд. Чунин тарзи тасвири симоҳо қариб дар тамоми асарҳои устод Айнӣ ба мушоҳида мерасад [ниг.: 6, с. 369-373].

Фасли минбаъдаи «Замима ба китоби “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд”» ба масъалаи муҳими синтаксиси забон – банди наҳвӣ бахшида шуда, «Банди наҳвӣ дар ашъори М. Турсунзода ва адибони дигар» номида шудааст [ниг.: 6, с. 373-382]. Дар оғози фасл дар бораи махсусиятҳои синтаксисии банди наҳвӣ ва сохтори ниҳоят мураккаб доштани он маълумоти мухтасар пешниҳод гардида, чандин намунаи банди наҳвӣ аз ашъори М. Турсунзода таҳлилва махсусиятҳои наҳвии онҳо шарҳ ёфтааст. Аз ҷумла ба мавқеи сарҷумла ва навъҳои ҷумлаи пайрави таркиби банди синтаксисӣ, нақши саволҳои риторикӣ, мавқеи унсурҳои лексикии такрор дар таъмини оҳанг ва таъсирнокии сухан, ҳамвазнию ҳамоҳангии мисраъҳо, бо як зарб талаффуз шудан, ягонагии сохтор, вазифаи пайвандакҳо ва мавқеи аъзоҳои чида дар банди синтаксисӣ таваҷҷуҳ зоҳир шудааст [ниг.: 6, с. 373-379].Таъкиид карда мешавад, ки банди синтаксисӣ на танҳо дар назм, балки дар насри бадеӣ ва бадеиву публитсистӣ низ истифода шуда барои таъсирбахш гардидани сухани муаллиф хизмат мекунад. Барои мисол аз насри бадеии Айнӣ ва мақолаҳои публитсистии Лоиқ Шералӣ намунаҳои банди наҳвӣ оварда шуда, бунёди сохторию маъноии онҳо таҳлилу баррасӣ гардидааст [ниг.: 6, с. 379-381]. Аз ҷиҳати хусусияти услубӣ тафовути бандҳои синтаксисии баррасишуда дар он зоҳир гардидаааст, ки мазмунро холисона ифода накарда, ба мазмуни асл маъноҳои услубӣ зам менамоянд, дар онҳо муносибати мусбату манфӣ ва эҳсосоти нигоранда ниҳоят барҷаста ва табиӣ ифода ёфтааст [ниг.: 6, с. 382].

Чунин ки маълум аст, имрӯз ҳам дар байни забоншиносон ва ҳам дар байни бархе аз зиёиён дар бораи ҳарфи «ӯ» (таърихан «вови маҷҳул») баҳсҳо вуҷуд дорад. Бархе бар он ақидаанд, ки дар забони тоҷикӣ зарурати мавҷуд будани ин ҳарф нест. Он хоси баъзе лаҳҷаҳои шимол буда, аксари тоҷикон онро талаффуз намекунанд. Дар навишти он низ ғалатҳои зиёд ба назар мерасанд. Дар имлои имрӯзаи забони тоҷикӣ дар навишти ҳарфи «ӯ» бисёр нобасомониҳо ба назар мерасанд, ки дар ин бора мутахассисон борҳо дар матбуот изҳори андеша намудаанд. Дар навишти ҳарфи «ӯ» на танҳо соҳибзабонони муқаррарӣ, балки шахсони дорои таҳсилоти олии филологӣ низ хато содир мекунанд. Аз ин рӯ устод Камолиддинов дар фасли понздаҳуми «Замима ба китоби “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд”»дар бораи зарурати мавҷуд будани ҳарфи «ӯ» дар забони тоҷикӣ сухан ронда, дар такя ба луғатҳои имлои пешин ва дигар сарчашмаҳо қоидаҳои навишта шудани ҳарфи «ӯ»-ро баён медоранд. Дар мавриди зарурати навиштани ҳарфи «ӯ» дар калимаҳои иқтибосии арабӣ таъкид карда мешавад, ки ин иқтибосот бояд ба қонунҳои фонетикии забони тоҷикӣ мутобиқат намоянд ва бо ҳарфи «ӯ» навиштани калимаҳои арабии назири «буҳрон, суҳбат, шуъба» ягон бадӣ надорад, балки нишонаи он мебошад, ки ин қабил вомвожаҳо ба қонунҳои овозии забони тоҷикӣ мутобиқ ва дар ин забон ҳазм гардидаанд [ниг.: 6, с. 382-385].

Ду фасли охири замимаи асар ба мушкилоти гузоштани вергул бахшида шудааст. Аз ҷумла дар фасли шонздаҳум дар бораи мавқеи аломати вергул дар ҷумлаҳои мураккаби тобеъ, ки ҷумлаи пайравашон бо пайвандаки тобеъкунандаи «ки» меояд, сухан меравад [ниг.: 6, с. 386-390]. Дар фасли ҳабдаҳум масъалаи гузоштан ё нагузоштан аломати вергул дар ҷумлаҳои содае, ки сифати феълӣ доранд, баррасӣ гардидааст [ниг.: 6, с. 390-393]. Таъкид карда мешавад, ки шаклҳои кӯтоҳи замони гузаштаи сифати феълӣ (рафта, дида, нигоҳ карда ва ғайра) дар як маврид ба вазифаи хабарҳои чида ва дар мавриди дигар ба вазифаи ҳолҳои тарзи амал, замон, сабаб, мақсад, хилофва мутобиқат омада метавонад. Агар чунин сифатҳои феълӣ ба вазифаи хабари чида оянд, бидуни пайвандаки «ва» ба ҳам алоқаманд мешаванд ва дар байни онҳо аломати вергул гузошта мешавад. Масалан дар ҷумлаи «Вай ҷони сиёҳ коҳонда, бо чанд ташкилоти бинокорӣ даст ба гиребон шуда, пеши чанд мудири анбор сар хам карда, ниҳоят масолеҳи бинокорӣ рӯёнду як ҳафта пеш таъмири кабинеташро ба анҷом расонд», ки ба қалами нависанда Абдулҳамид Самад тааллуқ дорад, таркибу ифодаҳои «ҷони сиёҳ коҳонда,даст ба гиребон шуда,сар хам карда» ба вазифаи хабари чида омадаанд ва дар байни онҳо бояд аломати вергул гузошта шавад [ниг.: 6, с. 391]. Агар чунин шаклҳои сифати феълӣ ба вазифаи ҳоли тарзи амал, замон, сабаб, мақсад, хилоф ва мутобиқат кор фармуда шаванд, аломати вергул гузошта намешавад. Дар ҷумлаи «Соро… бузҳоро ба чаро бурданӣ шуда аз ҳавлӣ баромад» ки муаллифи он устод Айнӣ мебошад, сифати феълии «бурданӣ шуда» ба вазифаи ҳоли мақсад омада, хабари ҷумларо эзоҳ медиҳад. Аз ин рӯ пас аз он аломати вергул гузоштан мумкин нест [ниг.: 6, с. 392]. Ҳамчунин дар забони адабии имрӯза сифатҳои феълии «нигоҳ накарда» ва «нигоҳ карда» дар таркибҳои «ба… нигоҳ накарда, ба… нигоҳ карда» ҳамчун пасванд кор фармуда шуда, вазифаи грамматикии алоқаи ҳолҳо бо хабари ҷумларо адо мекунанд. Бинобар ин пас аз чунин таркибҳо низ аломати вергул мондан мумкин нест. Ба монанди: Одамро ба гапзаниаш нигоҳ карда интихоб намекунанд-ку [ниг.: 6, с. 392].

Ҳамин тавр, аз таҳлилу баррасии асари ба нуқсонҳои забони аҳли матбуот бахшидаи профессор Б. Камолиддинов ба чунин хулоса омадан мумкин аст:

1. «Сухан аз баҳри дигарон гӯянд» аз тадқиқтҳои бунёдӣ ва пурарзиш доир ба забони матбуоти тоҷик ба ҳисоб рафта, аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа давоми мантиқии асари «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад»-и академик М. Шакурӣ мебошад. Ин ду асар арзиши баланди илмиву амалӣ доранд, ҳамдигарро пурра мегардонанд ва барои бартараф намудани нуқсонҳое, ки забони аҳли матбуот ва дигар ВАО маъмул гардидаанд, хизмати босазо менамоянд;

2. Дар муқоиса бо «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» дар «Сухан аз баҳри дигарон гӯянд» ба ҷанбаи амалии бартараф кардани ғалатҳои забони матбуот таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардидаст.

3. Тафовути дигари ин ду таълифоти пурарзиш дар он зоҳир мегардад, ки дар асари М. Шакурӣ мисолҳои ба таври умумӣ зикр гардидаанд. Дар китоби профессор Камолиддинов бо ҳар мисол сарчашмаи мушаххаси он оварда шудааст;

4. «Сухан аз баҳри дигарон гӯянд» дар заминаи холӣ ба вуҷуд наомадааст. Таълифоти устод Айнӣ ва дигар донишмандон дар бораи забони матбуот, тадқиқотҳо роҷеъ ба меъёрҳои луғавию грамматикӣ, услубиёти забон ва ҳусни баён, ки пас аз солҳои панҷоҳуми асри гузашта анҷом дода шуда буданд,инчунин асари «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад»-и академик М. Шакурӣ ва якчанд мақолаи илмии қаблан аз ҷониби муаллиф навишташуда барои таълифи он ҳамчун замина хизмат кардаанд;

5. Аз овони донишҷӯйӣ шинос будан ба пешаи рӯзноманигорӣ, фаъолият дар факултети журанлистика, муносибати бетарафона надоштан ба нуқсонҳои забони матбуот ва дигар ВАО, ба зудӣ оммафаҳм гардидани нуқсонҳои забони ВАО аз омилҳое ба ҳисоб мераванд, профессор Б. Камолиддиновро ба таълифи ин асар водор намудаанд;

6. Нашри аввали «Сухан аз баҳри дигарон гӯянд» соли 2001 ба табъ расида, панҷ боб, охирсухан, номгӯйи сарчашмаҳои илмии ишорашуда ва ихтисораҳои дар асар ба корбурдашуда иборат мебошад. Бобҳои он аз ду то ҳафт фаслро дар бар мегиранд. Баъзе аз фаслҳо то ду зерфасл доранд. Дарнашри дуюм, ки соли 2015 аз чоп баромад,баъзе фаслу боб ва зерфаслҳои нашри аввал бо мисолҳои нав такмил дода шудаанд ва дар охири он «Замима ба китоби “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд”» илова гардидааст, ки аз 17 фасл иборат мебошад;

7. Дар асари мазкур нуқсонҳо дар кор фармудани калима ва истилоҳот, истеъмоли бемавқеи калимаҳои иқтибосии арабӣ, унсурҳои забони гуфтугӯйӣ дар забони матбуот, такрори бемавқеи калима, нуқсонҳои калимасозӣ, воҳидҳои фразеологӣ, тарҷумаҳои таҳтуллафзии ибораҳои рехта, нуқсонҳои грамматикии исму феъл, ғалат кор фармудани ҷонишинҳо, пешоянду пайвандакҳо, ғалатҳои ҷумлабандию аломатҳои китобат мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҳҳои бартараф намудани онҳо нишон дода шудааст;

8. Дар қисми «Замима ба китоби “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд”», ки ба нашри дуюми асар илова гардидааст, масъалаҳои баҳсноки наҳв, мувофиқати аъзоҳои ҷумла ва ғалатҳои он, ҳусни баён, балоғати калом, мушкилоти гузоштани аломати вергул дар ҷумлаҳои содаю мураккаб, дар муқоиса бо сабки нигориши устод Садриддин Айнӣ ва намояндагони адабиёти классик баррасӣ гардидаанд;

9. Мушоҳидакории муаллиф имкон додааст, кибисёр унсурҳои асили луғавӣ ва воситаҳои грамматикии забони адабиёти классикӣ ва забони асарҳои Садриддин Айнӣ бо забони матбуоти имрӯза муқоиса ва роҳҳои табиии ифодаи фикр дар забони матбуот нишон дода шавад;

10. Таълифоти ба нуқсонҳои забони аҳли матбуот бахшидаи устод Камолиддинов на танҳо пажӯҳиши мукаммал доир ба забони матбуот ба ҳисоб меравад, балки он асари рӯйимизии рӯзноманигорону қаламкашон ва умуман шахсони эҷодкор буда метавонад.

АДАБИЁТ

1. Айнӣ, С. Қавми тоҷик ва рӯзнома // Айнӣ, С. Куллиёт / С. Айнӣ. – Душанбе: Ирфон, 1969. – Ҷ. 9. – С. 196-198.

2. Айнӣ, С. Матбуоти тоҷик // Айнӣ, С. Ахгари инқилоб / С. Айнӣ. – Душанбе: Ирфон, 1974. – С. 94-98.

3. Зеҳнӣ, Т. Забони «Овози тоҷик» / Т. Зеҳнӣ // Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо. – Душанбе: Ирфон, 2007, С. 96-99.

4. Зеҳнӣ, Т. Забони «Овози тоҷик» (ё ки давраҳои сегонаи ӯ доир ба забон) / Т. Зеҳнӣ // Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо. – Душанбе: Ирфон, 2007. – С. 179-184.

5. Камолиддинов, Б. Сухан аз баҳри дигарон гӯянд (Нуқсонҳои забони аҳли матбуоти тоҷик) / Б. Камолиддинов. – Душанбе: Интернюс Тоҷикистон, 2001. – 171 с.

6. Камолиддинов, Б. Сухан аз баҳри дигарон гӯянд (Нуқсонҳои забони аҳли матбуоти тоҷик) / Б. Камолиддинов. – Душанбе: Дунёи дониш, 2015. – 400 с.

7. Қосимов, Б. Пешгуфтор // Камолиддинов, Б. Сухан аз баҳри дигарон гӯянд (Нуқсонҳои забони аҳли матбуоти тоҷик) / Б. Камолиддинов. – Душанбе: Дунёи дониш, 2015. – 400 с.

8. Ҷумъаев, М. Профессор Б. Камолиддинов – муҳаққиқи забони матбуот / М. Ҷумъаев // Камоли одамӣ дар илм бошад. – Душанбе, 2015. – С. 55-63.

9. Ҷумъаев, М. Таҳқиқи забони матбуоти миллӣ дар консепсияи илми забоншиносии муосир / М. Ҷумъаев // Паёмномаи фарҳанг. – Душанбе, 2017. – № 1 (37). – С. 65-72.

10. Шакурӣ, М. Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад / М. Шакурӣ. – Душанбе, – 2005. – 432 с.

Меҳроб ҶУМЪАЕВ, дотсенти

кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ