Таърихи кафедра

Кафедраи мазкур соли 1996 тағйири ном карда, ба худ номи кафедраи забонҳои романию олмониро гирифт, ки дотсент Мавҷуда Бобоева (солҳои 1996-1999) мудири кафедраро ба уҳда дошт. Соли 1999 кафедра бо кафедраи назарияи тарҷума ва услубшиносӣ муттаҳид карда шуд.

Соли 2002 кафедраи зикршуда бо номи кафедраи забонҳои хориҷӣ дубора барқорор гардид, ки дар вазифаи мудири кафедра дотсент Қ. Пиров (солҳои 2002-2008) таъин гардида буд.

Солҳои 2008-2011 вазифаи мудири кафедраро дотсент С.Қаландаров давом дода, аз соли 2011 то 2014 масъулияти вазифаи мудири кафедраи мазкур ба зиммаи н.и.ф. Б. Наврўзшоев вогузор гардида буд.

Аз соли 2014 то имрўз вазифаи мудири кафедраро дотсент Қаландаров С. ба уҳда доранд.

Дар солҳои гуногун олимону мутахассисони варзидаи соҳаи забонҳои хориҷӣ ба монанди М.Ҷалилова, П.Ҷамшед, Ш.Мухторов, М.Тоҳиров, М.Бобоева, А.Маҳмадназаров, Н.Шозедов, С.Яхшимуродова, Ф.Исаева, О.Маликов, Д.Раҳматов, А.Расулов, Ш.Андарқулова, С.Амирхонов, С.Бекова, Т.Ҳасанова, М.Ғозиев, Ёсир Муҳаммад Мансур (аз Судон), А.Давлатов, М.Нозимова, Ҷ.Гурезов ва дигарон чун аъзо ва ҳамкори кафедра ба донишҷўён аз фанҳои забонҳҳои англисӣ, фарансавӣ ва арабӣ дарс мегуфтанд.

Дар айни замон ҳайати устодони кафедраи забонҳои хориҷии факултети журналистикаи ДМТ-ро 9 нафар ташкил медиҳад, ки инҳо дотсентон С.Қаландаров, муаллимони калон Л.Назарова, Г.Қулматова, Г.Исмоилов, Г.Калонова, Д.Маҳмудов, ассистентон С.Ҳайдарова, И.Қурбонов Мухтори М. мебошанд.

            Мақсад ва вазифаи асосии кормандони кафедра, ин омода ва тайёр намудани мутахассисони сатҳи баланди касбӣ дар соҳаи васоити ахбори омма, ҳамчун рўзноманигор ва донандаи забонҳои хориҷии мувофиқ ба сатҳи байналмилалӣ, инчунин ҷавобгўйи талаботҳои муносибатҳои бозорӣ мебошад.

Дар кафедраи забонҳои хориҷӣ корҳои илмию тадқиқотӣ дар самти «Омўзиши хусусиятҳои услубию маъноии воҳидҳои забони матбуот, таҳаввулоти маъноӣ ва луғавии калима ва ибораҳои серистеъмоли ВАО ва усулҳои тарҷумаи онҳо ба забонҳои хориҷӣ (англисӣ, арабӣ, франсавӣ)», масоили «Муайян намудани дараҷа ва меъёри инкишофу тағйирот ва хусусиятҳои услубию маъноии таркибу ибораҳои феълии забони матбуоти тоҷик дар давраи истиқлол ва усулҳои тарҷумаи онҳоро ба забони хориҷӣ (англисӣ, арабӣ, франсавӣ)» мавзўи «Омўзиши муқоисавии хусусиятҳои забонии воситаҳои ахбори омма дар забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, франсавӣ ва арабӣ» (роҳбари илмӣ д. и. филол., профессор Б.Камолиддинов пеш бурда мешаванд.

Ин таҳқиқотҳо имкон доданд, ки омўзиши сохтори забонӣ дар муқоиса, ифодакунандаи маъноҳои замонӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ (англисӣ, арабӣ, франсавӣ) муайян карда шаванд.

Дар солҳои охир устодони кафедра С.Қаландаров дар мавзўи «Калимаҳои иқтибосии арабӣ дар «Наводирулвақоеъ» – Аҳмади Дониш» (2009), Т.Ҳасанова дар мавзўи «Воситаҳои ахбори чопӣ дар бораи ҷараёни истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон» (2010), М.Ғозиев дар мавзўи «Корбасти вожаҳои иқтибосии арабӣ дар матбуоти тоҷикӣ» (2011) ва Б.Наврўзшоев дар мавзўи «Ибораҳои фразеологии феълӣ дар забони расонаҳои хабарии тоҷикӣ ва роҳҳои тарҷумаи онҳо ба забони англисӣ» (2011) рисолаҳои номзадӣ ҳимоя карданд.

Дар назди кафедра маҳфили илмӣ-эҷодии «Debate» низ амал мекунад, ки фаъолияти худро дар шакли вохўриҳо, ҷаласаҳои илмӣ ва баҳсҳои эҷодӣ ба роҳ мемонад. Доир ба мақсади баланд бардоштани малака ва маҳорати суханварӣ бо забонҳои хориҷӣ (англисӣ, франсавӣ ва арабӣ), васеъ гардонидани доираи илмӣ ва ҷаҳонбинии донишҷўён дар кафедраи забонҳои хориҷӣ маҳфили донишҷўён бо номи «Debate» фаъолият мекунад. Роҳбарии ин маҳфилро муаллимаи калон Л.Назарова ба уҳда дорад. Шумораи аъзоёни маҳфил аз 18 нафар иборат аст. Маводи матраҳшавандаи маҳфил масъалаҳои марбут ба аҳамияти забономўзӣ, пайвастагии забон бо ихтисос дар бар мегирад. Барномаи маҳфили мазкур дар ҷаласаи аввали кафедра моҳи сентябр тасдиқ шуда, ҷаласаҳои он аз рўйи барномаи мазкур гузаронида мешаванд.