Кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи ДМТ рӯзҳои 25, 26-уми октябри соли равон конференсия ҷумҳуриявии илмию амалиро таҳти унвони «Масъалаҳои баҳсноки забони ВАО» баргузор менамояд.
Дар конференсия масоили зерини забоншиносӣ мавриди баррасӣ қарор мешавад:
• забони ВАО ҳамчун як ҷузъи забони миллӣ;
• саҳми забони ВАО дар рушду такомули забони адабии ҳозираи тоҷик;
• хусусиятҳои забонии услуби публисистӣ;
• масъалаҳои забони матбуот ва ВЭА, аз ҷумла, радио, телевизион ва интернет;
• риояи меъёри забони адабӣ ва забони ВАО
Забони корӣ, тоҷикӣ ва русӣ буда, иштирок барои хоҳишмандон ва намояндагони ВАО озод аст. Маводи конференсия дар шакли маҷмӯа чоп карда мешавад.