Тақриз ба дастури таълимии С.Гулов ва М. Ҷумъаев – «Муқаддимаи журналистика». – Душанбе: Ирфон, 2016. – 176 с.Таълим ва таҳқиқ дар соҳаи журналистика як ҷараёни аллакай самтёфтае мебошад, ки дар раванди он аз ҷониби муҳаққиқону устодон барои завқмандони соҳа тули чанд даҳсола боз маҳсули муайяне пешниҳод гаштааст. Шояд вобаста ба арзишҳои мухталиф ва даст додани имкон дар замони истиқлол таҳқиқоти зиёде ба анҷом расида бошад. Рисолаҳои таълифшудаи зиёди илмӣ аз ин ё он паҳлўи журналистикаву публитсистикаи тоҷик далели гуфтаҳои болоянд. Аммо ба анҷом расонидани дастуру китобҳои таълимӣ, ки барои омўзонидани касби журналистика нигаронида шуда бошанд, хеле каманд. Ҳамзамон таълифи дастуру китобҳои таълимие, ки аз нигоҳи фазо ва вақт ҳамнафаси замон нестанд, қобили зикри сарироҳии мо мебошанд. Албатта, дар ин самт заҳматҳои алоҳидаи устодоне чун А. Саъдуллоев, А. Нуралиев, И. Усмонов, М. Муродов, А. Азимов, М. Муқимов ва дигарон қобили қайд мебошанд, ки дар роҳи таълими қаламкашони ҷавон муфиданд. Дар робита ба андешаҳои боло ба нашр расидани дастури таълимии «Муқаддимаи журналистика»-ро барои алоқамандони соҳа навгонӣ ва муждаи тоза номидан мумкин аст. Дастури мазкур ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиф гардида, тўҳфаи арзандаест барои донишҷўёни соли аввал. Бояд гуфт, ки дар муддати таълими фанни «Муқаддимаи журналистика» матолиби парешоне вуҷуд дошт, ки донишҷўи соли аввалро ба мушкилот мувоҷеҳ менамуд. Он матолиби парешон низ дар домани нисбатан мураккабу душворфаҳм қарор доштанд, ки барои журналисти дар «остона қарордошта» то ҳадде мушкилфаҳм буданд. Нахустин заҳмати шоистаи муаллифони дастури мазкур он аст, ки дар такя ба ҷавҳари назарияҳои мухталифи шинохти журналистика ҳар як мавзўъро ба хонанда шарҳ додан мехоҳанд. Аз мутолиаи ин дастур хонанда ва қаламкаши ҷавон барои худ нахустин равзанаи вуруд ба дунёи журналистикаро ҳосил менамояд. Дастур аз 13 бахш иборат гаштааст, ки дар маҷмўъ ҳар он чизеро барои «шинохти умумӣ»-и журналистика лозим мебошад, пайдо намудан мумкин аст. Дар қисмати «Дар шинохти журналистика» муаллифон тавонистаанд, унсурҳо ва рукнҳои асосии соҳаи мазкурро баён намоянд. Моҳияти истилоҳҳое чун васоит, ахбор ва омма бо шарҳу тавзеҳи сода мафҳум мешаванд, ки мо инро дарки нахустини истилоҳи ВАО барои фарди навомўз гуфта метавонем. Моҳият ва арзишу мақоми иттилот бо услуби илмӣ-оммавии сареъ идрок карда мешаванд, ки нишондиҳандаи дар асоси таҷриба такя кардани муаллифон аст. Хеле хуб аст, ки дар бахши «Сайри таърихии журналистика» муаллифон на аз дидгоҳи фарсудаи идеологияи замони шуравӣ, балки аз мавқеи замони муосири шароити ҷаҳонишавӣ шинохти соҳаро дар саҳифаҳои таърих нишон додан мехоҳанд. Дар замони шўравӣ «Ҷузъиёти алоқаи коммуникативии стандартӣ» дар фаъолияти воизону қаландарону ровиҳо, аз дидгоҳи хусусияти ѓайримиллидошта шарҳ меёфт. Навқалами имрўза бошад ин таъинотро феълан бидуни парда дар асли воқеиятдошта қабул менамояд. Пештар донишҷў вазифаҳои журналистикаро дар такя ба адабиёти мухталифи назриявию таълимии пароканда ва душворфаҳм ҷустуҷў менамуд. Акнун дар бахши «Вазифаҳои ҷамъиятии ВАО» вазифаҳои қаблӣ ва нави васоити ахборро дар шаклу шеваи нав, бо ибораи дигар бо шеваю «либоси тоҷикӣ» пайдо намудан мумкин аст.Нуқтаи дигари мавриди таъкид он аст, ки дар ин дастур зина ба зина хонанда ба ҷавҳари касб наздик гардонида мешавад. Яъне тартиби дурусти ҷо ба ҷо сохтани ҳар як мавзўъ имкон медиҳад, ки навнигори ҷавон бо дарки осон маълумоти маҷмўиро доир ба ҳар як бахши муайян пайдо намояд. Китоби мазкур танҳо манбаи дониши назариявӣ ба ҳисоб рафта наметавонад. Дар робита ба маълумоти муаррифисозандаи самтҳо ва уфуқҳои касби журналистӣ дар бахши «Мазмун ва шакли асарҳои журналистӣ» мо як навъ матраҳ гаштани маҳорату амалияи касбро пайдо менамоем. Ин бахш бо он ҷиҳат барои навомўзон муфид аст, ки пайроҳа ва майдони эҷод тавзеҳи оммавӣ дорад. Яъне печидагии ҳадаф ва равзанаи илмии муаммобарангез як ҷузъи ба куллӣ канорӣ ба ҳисоб рафта, ки гувоҳи боло рафтани услуби фардии муаллифон мебошад. Ин аст, ки дар такя ба мазмуну мароми истилоҳоти мухталифи назарияи эҷод хосияти иттилоотӣ ва ҳикоятии ҷумлаҳо ѓолиб меоянд. Ин беҳтару самарбахштар аз пешниҳоди таърифу қоидаҳои бемантиқест, ки донишҷўи дар остонаи эҷод қарордоштаро ба саргумӣ мебаранд. Масалан, истилоҳҳои композитсия, фабула, сужа, драмматургия, конфликт, экспозитсия, маҷоз, ташбеҳ, тавсиф, истиора, лид, синхрон, рушноӣ, кадр, ракурс, монтаж ва амсоли он дар робита ба соҳаҳои эҷод бо як диду пайванди мантиқии хос шарҳи кутоҳ ёфта, асли мақсадро содаву фаҳмо ба донишҷўён пешниҳод менамоянд. Дар китоби мазкур дар бораи нозукиҳои шинохти касб, ташкили кори эҷодӣ, бахши ҳуқуқии фаъолияти журналистӣ, меъёрҳои ахлоқии касбӣ, дирўзу имрўзи матбуоти тоҷик, оҷонсиҳои хабарӣ ва радиову телевизион аз равзанаи шинохти умумӣ маълумоти заруриву аввалия барои донишҷўи ихтисоси журналистика пешниҳод гаштааст. Як муваффақияти ин китоб он аст, ки муаллифон ба тарҳ ва таҳияву тарҷумаи адабиёти русиву меросӣ такя накардаанд. Яъне қолабшикании маълуме имкон ба вуҷуд овардааст, ки дар ҳамоҳангӣ ба шароити имрўзаи ҷаҳонишавӣ мавқеъ ва ҷойгоҳи илму таълими миллиро боло баранд. Албатта, омўзиши адабиёти ѓайрро дар ин самт ҳеҷ гоҳ унсури манфӣ ном бурда наметавонем. Аммо чӣ хуш аст, ки аз бардагиву тақлиди маҳз дида, дар ин самт дар заминаи омўзиши ҳама адабиёти фаровони имрўза диду назари фардии худро ба миён орем. Дастури таълимии «Муқаддимаи журналистика» то ҳадде аз ин хосият бархурдор аст ва барои навқаламони ҷавони соҳа муҳимтарин дастур ба ҳисоб рафта метавонад.
Бахтиёр Қутбидинов, дотсент,
мудири кафедраи журналистикаи байналхақии ДМТ