Санаи 29.04.2023 бо тантанаи махсус ҳудуди 400 нафар хатмкунандагони ДМТ ба хизмати аскарӣ гусел карда шуданд. Ҳама ҷавонон хандону бо руҳи болида дар фазои хосе дар саҳни донишгоҳ ҷамъ омаданд. Маврид ба зикр аст, ки ин теъдоди ихтиёриён 2-3 маротиба нисбати соли гузашта бештар аст. Хеле хушоянд аст, ки ҷавонон бо ихтиёри худ мераванд ва бо итминон мегӯем, ки дар сафарбарнамоӣ ягон омили маҷбурӣ вуҷуд надошт.
Аҳсан шогирдони азизи Донишгоҳи миллӣ!
Дар ин маъракаи муҳими ватандӯстӣ саҳми бевоситаи ректори Донишгоҳ профессор Қобилҷон Хушвахтзода махсус мебошад. Сӯҳбатҳои бевоситаву алоҳидаву озоди ректори донишгоҳ бо хатмкунандагон боис гардид, ки сафи онҳо ба маротиб имсол афзояд.
Дуруст аст, ки аз ҷониби раёсати донишгоҳ барои онҳо баъзе ҳавасмандиҳо роҳандозӣ гардид. Воқеан онҳое, ки ихтиёран барои адои хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ мераванд, бояд дар ҳама ҷодаҳои дастгирӣ ёбанд.
Аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ин теъдоди рақамҳо ниҳоӣ нестанд. Як қисми хатмкунандагон дар даъвати тирамоҳӣ хизмати ватанро адо хоҳанд кард.
Ҳуқуқшинос, журналист, иқтисодчӣ, биолог, дипломат, таърихчӣ, филолог, физик, химик, геолог, математик ва дигару дигар соҳибихтисосҳо, ки имрӯз ба хидмати ҳарбӣ мераванд, аввалин қадамҳои худро дар ҷодаи касбу зиндагӣ мегузоранд.
Онҳо ҳатман ҷавонони муваффақ мешаванд. Зеро, онҳо соли оянда бо унвони афсарӣ ва доштани билети ҳарбӣ дар ҷои кори худ як сару гардан болоянд.
Ин ҷараёнро бевосита шоҳидам, ки чи гуна сурат гирифт. Ин теъдод ҳама бо ихтиёри худ номнавис гардиданд. Танҳо ҳавасмандӣ он буд, ки онҳо имтиҳоноти хатмро пеш аз мӯҳлат супориданд.
Қатъи назар аз ҳамагуна омилҳо сол ба сол сафи ихтиёриён барои адои хидмати ҳарбӣ меафзояд. Баъзан аз қисмҳои ҳарбӣ дидан менамоем. Шароит имрӯз дар сатҳи хуб аст.
Дар чорабинӣ намояндаи МИҲДИ шаҳри Душанбе ва Вазорати мудофиаи кишвар миннатдории худро ба раёсати донишгоҳ ва ҳамаи устодону шогирдон расониданд.
Зеро, ДМТ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар миёни дигар макотиби олии кишвар дар ҷои аввал мебошад.
Роҳи сафед наваскарон ва шогирдони азиз!
Бахтиёри Қутбиддин, декани
факултети журналистикаи ДМТ