Коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддиест, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Амалҳои коррупсионӣ қариб дар ҳама давлатҳои ҷаҳон ба чашм мерасанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин рӯйхат истисно нест. Мувофиқи ҳисоботи нашрнамудаи созмони – Transparency International оид ба дараҷаи коррупсия, Тоҷикистон дар миёни 180 давлати дунё, мақоми 164-умро ишғол кард, ки ин дар навбати худ, кишвари моро ҳамчун яке аз давлатҳои дараҷаи коррупсияаш бениҳоят баланд эътироф намуд. Новобаста аз чораҷӯиҳои мамлакат алайҳи коррупсия ин амал, то алҳол бараъло мушоҳида мешавад.
Коррупсия дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон ба назар мерасад. Онро метавон яке аз факторҳои асосии паст шудани иқтисодиёти кишвар ва коҳишёбии эътимоди шаҳрвандон ба давлат номид. Сабабҳои зоҳиршавии коррупсия гуногунанд. Яке аз сабабҳои асосии зоҳиршавии коррупсия ин паст будани даромаднокӣ дар мамлакат аст, ки барои рушди коррупсия шароити мусоид фароҳам меорад.
Барои мубориза алайҳи коррупсия бояд, сараввал тафаккури ҷомеаро дигар намуд. Ҷомеаи мо чунин мепиндорад, ки коррупсия як амали маъмулӣ буда, аксаран беҷазо мемонад. Бо сабаби баланд будани дараҷаи коррупсия дар Тоҷикистон, эътимоди шаҳрвандон ба мамлакат коста аст. Инчунин шаҳрвандон бояд ҳуқуқу озодиҳои худро донанд. Баъзан сабаби сар задани амалҳои коррупсионӣ ин надонистани қонун аз ҷониби шаҳрвандон ва сӯиистифода аз ваколатҳои хизматӣ аз ҷониби мансабдорон аст. Дар ҳолати дуруст омӯзонидани қонун ба шаҳрвандон, эҳтимолияти амалҳои коррупсионӣ ба таври назаррас коҳиш хоҳад ёфт. Барои коррупсияро нобуд сохтан бояд ҳамаи сохторҳои давлатӣ, инчунин ҷомеаи шарвандӣ сафарбар карда шаванд. Назорат аз болои фаъолияти ҳама соҳаҳо қатъӣ ба роҳ монда шуда, кӯчактарин амали коррупсионӣ бояд бе муҷозот намонад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд аҳамияти худро дар ташаккули низоме, ки набудани коррупсияро кафолат медиҳад, дарк намуда, пайваста дар мубориза бар зидди коррупсия мавқеъ гирад. Бояд дарк намуд, ки мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон бояд сартосарӣ бошад. Ин раванди дуру дароз буда, иштироки фаъолонаи ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва мақомотҳои давлатиро тақозо менамояд.
Алиев Бузургмеҳр,
донишҷӯи соли сеюм