Нерӯмандии ҳар як шакли васоити ахбор ҷузъи аслии муайянкунандаи нуфузу мавқеи он дар ҷомеа мебошад, ки матбуот дар ин самт истисно нест. Ҳамчун шакли классикии васоити ахбор ҳар як навъи матбуот вобаста ба самти фаъолият ва таъиноти худ имкону қудратеро дорад, ки онро нашрияи дигар соҳиб нест. Ҳар як нашрия доираи эътибору таъсири махсуси худро молик аст. Чунончи нашрияи сиёсӣ бо таъиноти идеологӣ, нашрияи фарҳангӣ бо хусусияти маънавию маърифатӣ, нашрияи соҳавӣ бо инъикоси проблемаҳои як соҳа ва монанди он. Масалан, ҳеҷ гоҳе баррасии як мавзӯи сиёсӣ дар нашрияи фарҳангӣ ба мисли нашрияи ҷамъиятиву ҳизбиву сиёсӣ эътибору арзишеро соҳиб шуда наметавонад. Ин қонуниятро дар навбати аввал марзу ҳудудҳои муҳиту рисолати нашрия ба вуҷуд меоварад. Аз ин лиҳоз ҳар як нашрия, аз ҷумла нашрияи маҳаллӣ доираи имкону иқтидори хосро соҳиб аст. Матбуоти маҳаллӣ (дар ноҳия, шаҳр ва вилоят) бо гузашти фосилаи муайяни вақт неруи хоси худро молик гаштааст ва мегардад. Гузашти вақт ва маҳбубияту нуфузи он дар доираи имкону иқтидори хос рисолати онро мушаххас менамояд. Ҳамин аст, ки матбуоти маҳалии мо дар тӯли наздик ба навад соли мавҷудият вазифаҳои хоси худро мушаххас кардааст, ки мо онро имрӯз ба сифати неруву иқтидори он баҳогузорӣ карда метавонем. Дар мавриди рисолату иқтидори гузаштаи яке аз рӯзномаҳои маҳаллии водии Вахш, ки дар замони худ шиддат дошт, чунин гуфта мешавад: «…рӯзнома ҳамқадами замон буда, дигаргунӣ, корҳои созандагӣ, азму талошро дар ҳама соҳаҳо инъикос менамуд». [7, с. 44]
Яке аз вазифаҳои матбуоти маҳаллӣ дар навбати аввал рисолати фарҳангиву маънавии он ба шумор меравад. Бо назардошти ин ҷиҳат рӯзномаи маҳаллиро«омили боло бурдани зеҳнияти тафаккури мардуми маҳал» [8, с. 11] номидаанд, ки ҳақиқати возеҳ мебошад. Матбуоти маҳаллӣ дар баробари маркази иҷтимоиву фарҳангии ҳаёти ноҳияву шаҳру минтақа будан, созандаи арзишҳои фарҳангӣ низ ҳаст. Худи рӯзномаи маҳаллиро ҳамин омилҳои маҷмӯӣ ба вуҷуд овардаанд. Матбуоти маҳаллӣ низ манбаи азбар кардани донишҳову ҷаҳонбиниҳо мебошад. Ба таври мисол устод Айнӣ дар мақолаи худ бо номи «Омӯзиши ман аз Максим Горький», ки моҳи июни соли 1937 дар газетаи «Тоҷикистони сурх» нашр шудааст, ибораи«журнал ва газетаҳои маҳаллӣ» [2, с. 308] -ро истифода бурдааст. Устод Айнӣ ин навъи матбуотро марказу махзани судманди мутолиаҳову таблиғҳои даврону замони муайян меҳисобад.
Матбуоти маҳаллӣ афкори умуми як маҳалро дар алоҳидагӣ самт бахшида метавонад. Албатта, дар инъикоси мавзӯи маҳал ва як навъ бозтоби он матбуоти марказӣ ҳеҷ вақт дар канор нахоҳад буд ва ҳатто баъзан дар саҳифаҳои он «баррасии мавзӯоти маҳаллӣ ба мадди аввал низ мебарояд» [9, с. 98]. Қонунияти дигаре вуҷуд дорад, ки матбуоти маҳаллӣ имкону қудрат дорад, ки дар сурати барҳам задани навоқиси техникиву молӣ вазифаи матбуоти марказиро иҷро намояд. Аммо матбуоти марказӣ ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад, ки дар инъикоси ҳаёти маҳал пурра муваффақ бошад. Ҳарчанд дар ин самт андешаи дигаре низ дар мавриди маҳдуд гаштани доманаи матбуоти марказӣ вуҷуд дорад, ки онро на хосият, балки мушкилоти матбуоти феълии марказӣ номидан мумкин аст: «Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки нашрияҳои умумиҷумҳуриявӣ то андозае хусусияти музофотӣ, аниқтараш пойтахтӣ пайдо кардаанд. Мундариҷаи онҳоро, асосан, мавзӯъ ва воқеаҳои Марказ ва атрофи он ташкил медиҳанд» [6, с. 65].
Дар оғоз дар сайри таърихии мавзӯъ мо вазифаҳои душвору пурмасъули кормандони нашрияҳои маҳаллиро дар солҳои сиюми асри гузашта таъкид намудем. Таҳқиқҳову омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки шумораи зиёдтари мухбирони коргару деҳқон дар он солҳо ба матбуоти маҳаллӣ иртибот доштанд. Барои онҳо матбуоти маҳаллӣ дастрасттар, маҳбубтар ва боэътимодтар ба шумор мерафт. Ин эътимоду ҷиҳатҳои мусбат буд, ки давлату ҳукумат низ ба ин неру бовар дошт ва ба он такяи бештар менамуд: «Дар рӯзномаҳои мо аз 150 ҳазор мухбирони деҳот, 70 ҳазорашон мухбирони коргаранд. Мухбирони коргар, мухбирони қишлоқ, дар замони ҳозир ёвару муттафиқи муҳими ҳукумати фирқа ва Шӯро ҳастанд». [1, с. 9]
Ибораи “мухбирони қишлоқ”-ро як навъ муродифи матбуоти маҳаллӣ қабул карда метавонем, зеро матбуоти маҳаллӣ, ки дар ноҳияву музофот амал менамоянд, дар навбати аввал набзи деҳотро нишон медиҳанд. Дар замони салтанати сохти сотсиалистӣ, мухбирони деҳот дар ҳақиқат ёвари наздики ҳизб ба шумор мерафтанд. Матбуоти маҳаллии он замон муваззаф буд, ки матолиби мухбирони деҳотро ба нашр расонад, мавқеи идеологии онҳоро баррасӣ намояд, ҳамоҳангии сиёсати замона будани онҳоро ифода карда тавонад. Андешаҳои боло бештар сифату хусусияти матбуоти маҳаллиро нишон медиҳанд. Неруи ҳар навъи матбуотро бошад, тавре дар боло ишора кардем, таъиноти он бозгӯ мекунад. Ба таври нисбатан мушаххас неруву имкони матбуоти маҳаллиро муҳаққиқон дар иҷрои чунин вазифаҳо дидаанд: «…бояд дар бораи функсияҳои асосии матбуоти маҳаллӣ баҳс наорост: иттилоотӣ, шакли идораи маҳаллӣ, воситаи ташкилочигӣ ва иртиботӣ дар дохили шаҳру ноҳия, сарчашмаи иттилооти манфиатбахш барои хонанда».[10, с. 64]
Як хосияти муҳими матбуоти маҳаллӣ он аст, ки дар саҳифаҳои худ маводи интиқодии шадидро нисбати шахсиятҳову афроди манфӣ хеле кам ба кор мебарад. Инро худсензураи нашрияҳои мазкур номидан мумкин аст. Дар рӯзномаҳои марказӣ истифодаи инчунин мавод бештар аст. Ин омил ба он иртибот дорад, ки мухбири рӯзномаи марказӣ аз қаҳрамони танқидкардаи худ дар як фосилаи муайяни ҷуғрофӣ қарор дорад. Аммо мухбири маҳаллӣ метавонад бо қаҳрамони мавриди танзу танқид дар бархӯрди ҳаррӯза қарор гирад. Ӯро дар куча, дар маҳал, дар маркази ноҳия ҳар рӯз аз наздик мебинад ва хоҳу нохоҳ як ихтилофе ба миён омада метавонад. Аз ин ҷиҳат мухбири маҳаллӣ дар як навъ ҳарос қарор дорад ва намехоҳад, ки барои худ моҷарои фардиеро созмон диҳад.
Матбуоти маҳаллӣ аз оғоз чунин як хосиятеро соҳиб аст, ки формати мавзӯии худро дар як қолаб нигоҳ медорад, ки ин ба масъалаи худсензураи идораи нашрия иртиботи қавитар пайдо мекунад. Ғайрифаврӣ будани матолиб, доиман ором ва якмаром нишон додани ҳаёти маҳал, рӯҳияи ками рухдодӣ дар маводҳо, ҳазар аз нашри маводи интиқодии шадид, истифода накардан аз усулҳои замонавии пешниҳод (ҳангома ва шӯр) ва дигар омилҳо мавҷуда боисанд, ки ин навъи матбуот ба костагӣ рӯ оварад. Ҳол он ки замоне ин раванд баръакс буд: «Мо хеле хуб норасоиҳо, нуқсонҳо ва иштибоҳҳои худро мебинем, ки барои инъикоси онҳо натанҳо матбуоти марказӣ, балки рӯзномаҳои фабрикаву заводҳо ва рӯзномаҳои деворӣ мусоидат мекунанд».[4, с. 70]
Андешаҳои М.Горкий ифодагари муҳиту доираи матбуоти маҳаллии рус дар солҳои сиюм аст. Аммо мушоҳидаву таҳқиқҳо нишон медиҳад, ки чунин шева барои тамоми матбуоти маҳаллии ҳудуди шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистони шӯравӣ яксон будааст, ки онро дар мисоли яке аз рӯзномаҳои водии Вахш чунин таъкид кардаанд: «..ҷолиб аст, ки қариб дар ҳар шумора маводи танқидӣ чоп мекарданд…».[7, с. 21] Камҷуръатии имрӯзаи матбуоти маҳаллӣ аввалин нотавонӣ дар рақобат ба матбуоти марказӣ мебошад, ки бо доираи мавзӯии худ аудиторияи маҳаллиро пахш месозад. Албатта, дар ин раванд таъсир ва таъкиду нишондоди ҳокимиятҳои маҳаллӣ ҳамчун муассисон истисно нест. Онҳо дар масъалаи сифат ва пешниҳоди матолиби алоҳида монеаи ҷиддӣ мебошанд. Ҳамин аст, ки проблемаҳои алоҳида як навъ рӯпуш мешаванд ва танҳо баъд аз оне ки матбуоти марказӣ ба ин масъала таваҷҷуҳ менамояд, ҷуръати матбуоти маҳаллӣ бештар мешавад.
Таҷрибаи матбуоти пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки неруву иқтидори рӯзнома, пеш аз ҳама, нашри пайвастаи он аст. Бо назардошти ин рӯзномаҳо то ҳадди имкон дурнамои бақову фанои худро дарк карда метавонанд. Яъне, дар ин самт мавҷудияти омилҳои муайян дар ҳамбастагӣ ба манфиати рӯзнома дурнамои некро бозгӯ менамоянд. То қадри имкон омилҳои мусоидаткунандаи рушди матбуоти маҳал ва иқтидор пайдо кардани он бештар дар Русия вуҷуд дорад. Чунончӣ дар ҷадвали зер пешрафти матбуоти маҳал дар доираи ноҳияву шаҳрҳо чунин нишон дода шудааст:
Сол | Шумораи нашрияҳо | Тиражи якдафъаина Млн. нусха | Тиражи солона Млрд. нусха |
Матбуоти шаҳрӣ | |||
1989 | 490 | 14,8 | 2,9 |
2000 | 1689 | 28,6 | 2,0 |
2001 | 1229 | 23,9 | 1,8 |
2003 | 2318 | 68,5 | 3,8 |
2004 | 2354 | 76,4 | 3,5 |
Матбуоти ноҳиявӣ | |||
1989 | 1620 | 9,4 | 1,5 |
2000 | 1436 | 4,6 | 0,5 |
2001 | 1541 | 12,9 | 0,9 |
2003 | 1731 | 8,0 | 0,7 |
2004 | 1667 | 7,1 | 0,5 |
“…Иқлими мусоиди иқтисодии шаҳрҳо дар пешрафти матбуот таккони ҷиддӣ мебахшад.Матбуоти шаҳрӣ дар Русия қисмати бузурги матбуоти кишварро ташкил медиҳад ва аз нисф зиёди онҳо ҳафтанома мебошанд”. [10, с. 61]
Аз ҷадвали боло бармеояд, ки дар замони шӯравӣ шумораву номгӯи матбуоти шаҳрӣ дар Русия кам будааст. То соли 2005 қариб панҷ маротиба афзудани номгӯи нашрияҳо далели аз нигоҳи иқтисодӣ пеш рафтани шаҳрҳост. Ҳамзамон қиёси солҳои шӯравӣ ва Русияи мустақили имрӯза нишон медиҳад, ки шумораи нашрияҳои ноҳиявӣ рӯ ба камшавӣ доранд. Пас имрӯз месазад гӯем, ки неруи матбуоти шаҳрӣ дар қиёс бо ноҳиявӣ бештар мебошад. Ин маънои онро надорад, ки матбуоти ноҳиявӣ дар майдони рақобатҳо ноустувор аст. Тавре маълум аст, шаҳрҳо ҳамчун марказҳои саноативу тиҷоратӣ дар самти тиҷоратии нашрияҳо мусоидат менамоянд. Дар фазои иттилоотии Русия дар маҷмӯъ неруманд гаштани матбуоти маҳаллӣ бештар падидор аст. Ин дар ҳолест, ки аксарият гумон мекарданд, ки матбуоти маҳаллӣ дар шароити нави бозаргонӣ ҳама нуфузу неруи худро ба зудӣ аз даст медиҳад: «Чанд даҳсола қабл, дар оғози бозсозии сохти нав бисёриҳо аз марги қарибулвуқуи матбуоти маҳаллӣ ҳарф мезанданд. Чунин андешае матраҳ буд, ки ин навъи матбуот ба шароити муносибатҳои бозорӣ тоб оварда наметавонад».[10, с. 62] Аммо раванди инкишофу таҳаввул нишон медиҳад, ки ин навъи матбуот неруи аз дастрафтаи худро барқарор кардан низ мехоҳад. Алакай мутобиқ шудани ин навъи матбуотро дар шароити нави муносибатҳои бозорӣ ҳамагон воқифанд. Ҳарчанд дар ин масъала кишвари мо дар ҳолати гузариш қарор дорад, аммо дар Русияву Қазоқистон барин ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ ҳолати хуб ва ҳатто неруи чашмраси матбуоти маҳаллӣ мушоҳида мешавад. Матбуоти маҳаллии ин кишварҳо бо матбуоти марказӣ дар бархӯрду рақобат қарор гирифта истодаанд. Матбуоти маҳаллии мо ҷои инкор нест, ки рисолати ахбории худро аз даст додааст. Табиист, ки ин ҷиҳат эътибору нуфузи рӯзномаҳои маҳаллиро коста менамояд. Аммо рӯзномаҳои маҳаллии мо имрӯз аз матолиби ғайрииттилоотии таҳлилие истифода мебаранд, ки хусусияти таблиғиву ташвиқиро бештар соҳибанд. Манзур публитсистикаи матбуотист, ки имрӯз истифодаи он дар саҳифаҳои ин навъ матбуот доманаи васеъ дорад. Публитсистика бошад, ҳеҷ гоҳ барои матбуот бегона нест, балки онро ҳатто силоҳи журналистика меноманд: “дар баробари ин барои фаъолияти сиёсӣ журналистика дар ихтиёри худ силоҳи муқтадир дорад, ки он публитсистика мебошад”. [3, с. 158]
Ташаккулу пешрафти матбуоти маҳаллӣ дар шароити мубориза барои вақти холии аудитория ба чанд омил вобастагии зич дорад. Аз ҷумла:
- Шароити пешрафтаи иқтисодии шаҳр, ноҳия, маҳал;
- Аҳолии аз нигоҳи иқтисодӣ таъмин (соҳибсармоя);
- Фарҳанг ва маънавиёти баланди мардуми як минтақа сарфи назар аз имконоти иқтисодӣ;
- Рӯҳияи баланди иҷтимоиву интиқодии матолиби нашрияи як маҳал;
- Ба марказҳои бузурги иқтисодӣ наздик будани маҳал, ноҳия ва шаҳр;
- Ба назар гирифтани анъанаву урфу одати як маҳал аз ҷониби муҳаррир ва ҳайати эҷодии рӯзнома;
Нуқтаҳои боло худ таҷаммӯи неруи матбуоти маҳаллӣ ба шумор мераванд. Нишон додани ҷузъиёти дигари таҷаммӯи ин нерӯ баҳси тӯлонӣ хоҳад буд. Тавре маълум гардид, дар нерӯманд гаштани ин матбуот шароиту авзои хос мусоидат карда метавонад. Гузашти вақт ва паси сар кардани зинаҳои маълум неруи аз дастдодаи матбуоти маҳаллиро эҳё карда метавонад. Он чиз хушоянд аст, ки матбуоти кишвар матбуоти маҳаллии мо аз рӯйи теъдоди номгӯй мавқеи чандон бадро соҳиб нест. Мавҷудияти ҳудуди сад номгӯи ин типи нашрияҳо дар ҷумҳурӣ бозгӯи неруву иқтидори маълуми чунин матбуот аст.
Адабиёт:
- Азимов А. Очеркҳо аз таърихи матбуоти тоҷик: Дастури таълимӣ./ А.Азимов.– Душанбе, 1998. – 91 с.
- Айнӣ С. Акнун навбати қалам аст. Ҷилди 1./ С. Айнӣ –Душанбе, 1977. – С.308.
- Ворошилов В.В. Журналистика. Базовый курс: Учебник./ В.Ворошилов. – СПб.: Изд-во Михайлова В.А. 2004. –700 с.
- Горкий М. О печати: Сборник статей./ М. Горький.-М.: Госполитиздать, 1962.– 367 с.
- Нуралиев А, Саъдуллоев А, Усмонов И, Гулмуродов У. Журналистикаи советии тоҷик: Васоити таълимӣ / А. Нуралиев ва диг. – Душанбе, 1989.- 174 с.
- Муродов, М. Б. Аз се шохаи як илм. /М.Муродов. – Душанбе: Аржанг, 2014. – 232 с.
- Мӯсоев А. Вахш, эй сарчашмаи илҳоми ман: Ҷашннома./ А.Мӯсоев. – Душанбе:Бухоро, 2017. – 167 с.
- Набзи қалам – набзи Файзобод. –Душанбе, 2013. –294 с.
- Садуллаев А. Горизонты публицистики./ А.Садуллаев. –Душанбе, 2009. – 306 с.
- Типология периодической печати.(Под редакцией доктора филогических наук, профессора М.В.Шкондина, кандидата филогических наук, доцента Л.Л.Реснянской): Учеб. пособие./ М.Е.Аникина, В.В. Баранов и др. – М.: АСПЕКТ ПРЕСС, 2009. – 236 с.
Қутбиддинов А.Ҳ., д.и.ф., профессори
факултети журналистикаи ДМТ