Бонувони Тоҷикистон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллатанд. Президенти Тоҷикистон нақши бонувону занонро дар ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург ҳисобида, ба фаъолияти пурсамари онҳо баҳои баланд доданд.
Ҳоло қариб фоизи зиёди кормандони соҳаи тандурустӣ, кормандони соҳаи маориф, илм ва онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд.
Дарвоқеъ, маҳз дар даврони Истиқлолияти Тоҷикистон имконияти таҳсилу фаъолияти бонувон дар баробари мардон муҳайё гардида, ба ғайр аз соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хидмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.
Дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 21-уми декабри соли 2021 дастур дода шуд, ки то соли 2030 ҷиҳати то 30% расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25% расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд дар муҳлати 3 моҳ «Барномаи Давлатии тарбия интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030» таҳия ва ба ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад. Бо мақсади ҷалби ҳарчӣ бештари занону бонувон ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва таъмини зиндагии арзандаи занону модарон аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод гардидани таҳияи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» аз таваҷҷуҳи бевосита ва боварии роҳбарияти олии кишвар нисбати занону бонувон дарак медиҳад.
Зани тоҷик имрӯз пешбарандаи сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат, муаррифгар ва тарғибгари сиёсати давлат, сиёсати иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва ҳамзамон пешбарандаи рисолати аввалини худ-модари тоҷик аст, ки дар баробари сиёсатмадор будан, тарбиятгари фарзанд, ҳамсари меҳрубонро низ ба душ дорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷо овардани иззату эҳтироми занону модарон ва бонувону духтарон саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтаронро вазифаи ҷонӣ мешуморанд.
Бонувони тоҷик аз дастгирӣ ва кӯмаки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат руҳбаланд гардида, дар пешравии ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳим саҳмгузорӣ карда истодаанд. Ҳабиб Юсуфӣ дар ҳаққи бонувони дар рави истиқлол барҳақ фармудааст:
Дӯзандаи нағзию тракторронӣ,
Соҳибқаламӣ, муборизи майдонӣ.
Ҳам пиллакашию ҳам ҳавопаймоӣ,
Маҳбуби замон чанд ҳунар медонӣ?!
Зоирова Шаҳзода,
донишҷӯи курси якум