Донишҷӯи факултети журналистика Ҷумъаева Гулрахшон Саъдуллоевна дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосири тоҷик сазовори ҷойи дуюм гардид. Ин ифтихори факултет ва Донишгоҳ аст. Гулрахшон дар курси дуюми ихтисоси иттилоот ва робита таҳсил карда истодааст. Ӯ бо хондан ва аз худ кардани 40 роман, 60 повест, 90 ҳикоя, 17 драмма, 6 очерк, 5 новелла, Ёддоштҳои С.Айнӣ, асарҳои С.Улуғзода, 125 ғазал, 140 рубоӣ, 150 байт аз достонҳо ва 150 байт аз дигар навъҳои шеър ба ин ҷоиза сазовор гардид.
Соле нест, ки иштирокчиёни ин озмун аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дасти холӣ баргашта бошанд. Ҳамасола донишҷӯёну устодони мо бо туҳфаҳои сазовор ва ҷойҳои намоён ҳамкорон ва устодони худро шод мегардонанд.
Садорати факултети журналистика ба волидайни донишҷӯ – Ҷумъаева Гулрахшон изҳори сипос намуда, дар таҳсил ва омзунҳои илмиву фарҳангӣ, имтиҳони зиндагӣ ба ӯ комёбиҳо таманно мекунад.