МАОРИФ — АСОСИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА

0
88

(Бардошт аз суханронии Пешвои миллат дар Рӯзи дониш)

Мулоқот ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии То­ҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи дониш саҳифаи наве дар таърихи маорифи кишвар, намунаи олии изҳори эҳтиром ба заҳмати аҳли мактабу маориф, хоса, омӯз­горон гардид. Маълум аст, ки Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустин ба мактабу маориф таваҷҷуҳи хоса доштанду доранд. Зеро хуб медонистанду медонанд, ки асоси пешрафту ояндаи ҳар давлату миллат ба мактабу маориф марбут аст. Агар корхонае аз кор монд, бо гузашти муддате, бо пайдо шудани имкону маблағ метавон онро аз нав ба кор даровард, агар замин кишт нашуд, метавон соли оянда онро кишт кард, аммо агар дар низоми мактабу маориф ва таълиму тарбияи насли наврас фосилаву холигоҳ ё танаффус ба миён ояд, солҳо мебояд то он ҷуброн шавад. Зеро насле бесавод мемонад, бемаърифат мешавад ва мағзи насли навраси аз таълиму тарбия дурмонда ба осонӣ шуста мегардаду худ бозичаи дасти сияҳкорону душманон мешаванд. Маҳз бо дарназардошти ҳамин омил, дар душвортарин марҳалаҳо ҳам Сардори давлат лаҳзае та­ваҷҷуҳи худро аз таълиму тарбияи насли наврас ва мактабу маориф кам накарданд. Баръакс, маорифро дар сиёсати хеш ба самти афзалиятнок табдил доданд ва ин сиёсат сиёсати маорифпарварона ном гирифт.

Баракати ҳамин сиёсат буд, ки дар андак муддат дар низоми маорифи кишвар таҳаввулоту дигаргуниҳои тасаввурнопазир сурат гирифтанд. Аз соли 2000-ум то ба имсол маблағгузорӣ ба соҳаи маориф 200 маротиба афзудааст (соли 2000 — 42 миллион сомонӣ, соли 2024 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ). Мувофиқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳоест, ки ҳаҷми маблағгузориашон ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Ва Тоҷикистон дар миёни 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта мақоми 21-умро ишғол менамояд. Ин шаҳодати он аст, ки бо вуҷуди мушкилоти буҷет таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба мактабу маориф меафзояд. Дар ҳама сафарҳои худ ба минтақаҳои Ватани азизамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳатман аз муассисаҳои соҳаи маориф боздид ба амал меоранд. Сафаре нест, ки Сарвари давлат боғчаву мактаби наверо накушода бошанд. Дар чанд соли охир мо шоҳид ҳастем, ки то 200 бинои муассисаи таълимӣ барои ҳама зинаҳои таҳсилот сохта ба истифода дода мешаванд. Ва дар ин муассисаҳо беҳтарин шароит барои таълиму тарбия ва донишомӯзии шогирдон муҳайё карда шудааст. Гузашта аз ин, дар ягон кишвар оғози соли нави хониш бо чунин ҳашамату ифтихор таҷлил намешавад. Ва чуноне Президент таъкид карданд: «Дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар оғози соли таҳсил таҷлил намудани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти низоми маорифи кишвар ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст.»

Хушбахтона, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар амалисозии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат барои дигар шаҳру ноҳияҳо намунаи ибрат мебошад. Ва барҳақ, Душанбе чун «пойтахт на фақат маркази маъмурӣ, балки ойинаи миллати куҳанбунёди то­ҷик ва давлати соҳибистиқлоли мост.» Дар 7 соли охир дар пойтахт ҳамасола то 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки ҳар кадоме на камтар 3 ҳазор хонандаро ба таълим фаро мегирад, бунёд гардидааст. Бо файзу баракати Истиқлол, дастгириҳои Сарвари давлат ва иқдомоти Раиси шаҳр, муҳтарам Рустами Эмомалӣ танҳо ҳамин сол барои 12 ҳазор навраси пойтахт муассисаҳои таълимӣ сохта ба истифода дода шуда, «сохтмони боз 24 муассисаи нави таълимӣ барои 47 ҳазор нафар хонанда ва 55 муассисаи томактабӣ барои 11 ҳазору 500 нафар кӯдак босуръат идома дорад.» Ва ибратбахш аст, ки дар ин самт Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соҳибкоронро низ ҷалб месозад.

Пешвои миллат дар ин суханронии пурмуҳтавои худ дар баробари зикри муваффақиятҳо, мушкилоти ҷойдоштаро, ки монеаи пешрафти низоми маориф ва умуман, ҷомеа ҳастанд, таҳлилу баррасӣ намуда, роҳҳои ҳалро нишон доданд. Ва хеле хуб медонем, ки ин мушкилот омилҳои объективию субъективӣ доранд. Аз ҷумла, нарасидани биноҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, раванди нокофии ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон, идома надодани таҳсил баъди синфи 9 (хоса, духтарон), норасоии омӯз­горон, сифати китобҳои дарсӣ, ширкати ғайрифаъоли омӯз­горон дар озмунҳо, таълими калонсолон, мушкилоти таҳсилоти ибтидоии касбӣ, кам будани озмоишгоҳу устохонаҳо ва монанди ин ҳаматарафа бо далелҳои қавию мантиқӣ таҳлил шуданд. Ҳалли аксари ин мушкилот, тавре Президентамон таъкид доштанд, пеш аз ҳама, ба виҷдон ва масъулиятшиносии ҳар як корманди соҳа вобаста аст. Пешвои миллат дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва Вазорати маориф ва илм вазифа гузоштанд, ки барои «то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бартараф кардани мушкилоти дар ин самт ҷойдошта тадбирҳои мушаххас ва фав­рӣ» андешанд.

Ба ҳама маълум аст, ки имрӯз инсоният пешорӯйи мушкилоти зиёде истодааст, ки аксарияти ин мушкилотро худи инсонҳо ба вуҷуд овардаанд. Ба андешаи Пешвои миллат, «хусусан, чор – панҷ соли охир дар дунё бар­хӯрди манфиатҳои абарқудратҳо, ки бо мақсади аз нав тақсим кардани ҷаҳон дар шакли мухолифатҳои сиёсиву низомӣ, яроқнокшавии бошитоб ва «ҷанги сард» роҳандозӣ гардидааст, рӯз ба рӯз шиддат гирифта истодааст.» Дар баробари ин, ҷангу хунрезиҳо, терроризм дар минтақаҳои алоҳидаи олам ҳазорон одамро аз ҳаёт маҳрум сохта, ба ҷони миллионҳо нафар таҳдид менамоянд. Яъне, «одамони бегуноҳ қурбони манфиатҳо ва бозиҳои геосиёсии кишварҳои абарқудрат шуда истодаанд.»

Дар баробари ин, Сарвари давлат ба масъалаҳои терроризму экстремизм, радикализм ва хурофоту таассуби динӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ, авҷи исломситезиву мусулмонбадбинӣ ва тафриқаандозӣ миёни дину мазҳабҳо, тағйирёбии босуръати иқлим, гармшавии бесобиқаи ҳаво ва оқибатҳои ногувори он – камобиву хушксолӣ, офатҳои табиӣ, нарасидани маводи ғизоӣ, болоравии нархи молу маҳсулот ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ ишора намуданд.

Дар ҳамин замина, бо Дарси сулҳ оғоз гардидани соли таҳсил дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот барои хонандагону донишҷӯёни кишвар аҳаммияти басо муҳимми таълимиву тарбиявӣ дорад.

Зеро танҳо дар сурати барқарор будани сулҳу суботи комил ва оромиву амният ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла, раванди таълиму тарбия ба таври муътадил идома пайдо мекунад.

Яъне, амалӣ гардидани ниятҳои неки ҳар як инсон ва нақшаву бар­номаҳои созандаи давлату ҷомеа фақат дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазир мебошад.» Ин андешаи Пешвои миллат бархоста аз воқеияти Тоҷи­кистон ва ҷаҳони муосир аст, ки дар миёни аҳолии мамлакат ҷониб­дории қатъӣ дорад.

Барои мо – омӯзгорони факултети журналистика боиси шодмонист, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси боз як телевизион — шабакаи алоҳидаи телевизионии таълими забонҳои хориҷӣ (махсус барои кӯда­кон) ба сохторҳои дахлдор супориш доданд. Бовар дорем, ки таъсису ба фаъолият оғоз намудани ин шабака дар самти забономӯзӣ ва умуман, таълиму тарбияи насли ояндасози миллат нақши босазое хоҳад гузошт.

Таҷдиди назар намудани «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» «бо дарназардошти тағйирёбии фазои сиёсиву иҷтимоии ҷаҳон ва бедор намудану тақвият бахшидани ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандорӣ дар зеҳну шуури кӯдакону наврасон ва ҷавонон» заруру саривақтист, ки Сарвари давлат таъкид доштанд.

Шоҳид ҳастем, ки дар чанд соли охир бо ташаббусу иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин озмуну чорабинӣ барои беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ху­догоҳии аҳли ҷомеа, хоса, ҷавонону наврасон сурат мегиранд. Бо дарназардошти ин ҳама, Пешвои миллат супориш доданд, ки барои боло бурдану беҳтар намудани сатҳи олим­пиадаҳои фаннӣ, озмунҳо ва зиёд кардани воситаҳои ҳавасмандгардонии иштирокчиён (аз ҷумла, як баробар зиёд кардани маблағ барои ғолибон) тадбирҳои зарурӣ ва ҳатмӣ андешида шаванд. Дар ин суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби аҳли ҷомеа ба илму маърифат, донистани адабиёту таърихи миллат, ифтихор аз ватандориву истиқлол, тарбияи ва­тандӯстӣ, боло бурдани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ боз як иқдоми дигар – роҳандозӣ намудани озмуни «Шоҳномахонӣ»-ро эълон намуданд.

Сарвари давлат ба заҳмату та­лошҳои аҳли мактабу маориф баҳои баланд доданд ва таъкид доштанд, ки омӯзгор касест, ки Инсон месозад, ояндаи давлату миллат ва Ватан ба масъулият, маърифату маҳорати омӯз­­гор вобаста аст. Ин баҳои Пешвои миллат моро водор месозад, ки беҳ­тару бештар фаъолият намоем ва барои тарбияи насли нав дар руҳияи арзишҳои миллӣ, инсондӯстӣ, ватан­дорӣ, худшиносӣ, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар роҳнамо бошем.

(Бознашр аз ҳафтаномаи “Омӯзгор”)

Сангин ГУЛЗОД,мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии ДМТ,дотсент