ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД БО ДОНИШҶӮЁНИ КУРСИ АВВАЛ

0
50

Баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ, маърифати ҳуқуқӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон василаи пешрафт ва пешгирии ҳама гуна омилҳои номатлуб дар ҷомеамаҳсуб меёбад. Ин мавзу аз ҷумлаи масъалаҳое буд, ки дар вохӯриҳои намояндагони шуъбаи тарбияи ДМТ бо донишҷӯёни курсҳои аввали факултетҳои филологияи рус, журналистика ва геология баррасӣ гардид.

Зикр гардид, ки вазифаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз ташаккули худшиносии миллӣ, муносибати арзанда ба шахсият, ҷомеа, давлат, ғояву арзишҳо, инчунин эҳё ва рушди онҳо, ҷалби насли наврас ба низоми арзишҳои иҷтимоию маданӣ, ки таъриху фарҳанги ғанӣ ва ба худ хоси Ватану миллатро инъикос менамояд, дар тафаккури онҳо ташаккул додани арзишҳои олии маънавию ахлоқӣ, маданӣ ва худогоҳӣ, инчунин талабот ба рушди минбаъдаи он иборат мебошад.

Ёдрас мешавем, ки дар вохӯрӣ масъулини шуъбаи тарбия, шуъбаи назорати сифати таҳсилот, декани факултетҳо ва муовинони декан оид ба таълим ва тарбия иштирок доштанд.