ШУКРОНА АЗ ХОТИРИ ҶАМЪУ ОСУДА!

0
15

Як тафсир, тавзеҳ ва шарҳу сифати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хитобаи болост!

Ду таззод:

1. Хотири ҷамъ, сулҳу осудагӣ, амнияту ваҳдат, хандаи пиру барно, табассуми волидайн, дар пайи худсозӣ будани фарзандон, сарҷамъии аҳли оила, дастурхони сер, мулки хандону шукуфон, ободониву пешрафт ва даҳҳо ҷузъиёти дигар ҳама заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи имрӯзаи мост.

2. Набудани низому тартиб, адами амнияту осудагӣ, нодориву гурсунагӣ, куштору қатлу ғорат, тарсу ҳарос аз тақдири ҳамдигар ва ноумедиву дилсардии зиндагӣ дар остонаи солҳои 90-уми асри гузашта захму доғе дар ҳаёти тоҷикон буд, ки онро халқи тоҷик бо роҳнамоии фарзанди содиқи ватан – Эмомалӣ Раҳмон рафъ карда тавонист.

Хулосаи ду таззод: барои одамӣ қиматтарин ҷавҳари ҳаёт хотири ҷамъу осуда аст.

Махсусан, дар ҷаҳони имрӯза!

ҶУЗЪИЁТЕ ДАР ШИНОХТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

Идоракунии президентӣ он роҳи муваффақонаи мо буд, ки ба омили наҷот табдил ёфт.

Қоидаву қонун, таҳаммулу инсондӯстӣ, муҳаббату садоқат ба ватан ва сиёсати дурусти Президент – Эмомалӣ Раҳмонро аз ҳама марҳилаҳову зинаҳо бомуваффақият гузаронида аст.

Дар пояи иттиҳод, дустӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ халқи тоҷик сиёсати Президенти худро бо муҳаббат қабул кардааст.

Масъулият ва мушкилии ҷомеаро ба души худ гирифтани Президент буд, Тоҷикистон ба чунин рӯзҳои нек расидааст.

Президент аст, ки аз оғоз то имрӯз ба шуълаи умедро дар дили мардум афрӯхта нигоҳ доштааст ва медорад.

Ба худ бовар доштан ва бедор кардани ҳисси боварӣ дар ботину вуҷуди халқ Эмомалӣ Раҳмонро Президент ва Роҳбари муваффақ гардонидааст.

Маҳз, Президент ва шакли идораи перзидентӣ халқро аз бунбаст, беҳуқуқӣ, тарс, ваҳшат, ҳарос раҳоӣ бахшид.

Танҳо як нафар Президент ва Роҳбари худфидо наҷотбахш мешавад ва инро халқи тоҷик баъди идораи ҷамъиятӣ (коллективӣ) хуб дарк кард.

Эмомалӣ Раҳмонро халқ президент кардааст, зеро танҳо ӯ дар душвортарин лаҳзаҳои таърихӣ зимоми давлатдории мураккабро ба даст гирифта тавонистааст.

Набзи ҷомеаро дарк ва ташхис карда тавонистан, сифати олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо барои Тоҷикистон, балки барои ҷомеаи башарӣ мебошад.

Маҳорати дурнаморо дидан ва дар назди ҷомеа вазифагузорӣ карда тавонистан, Эмомалӣ Раҳмонро Президент сохтааст.

Доим дар ҳаракат будан, ташхис карда тавонистани вазъ, аз марҳилаҳову зинаҳо сарбаландона гузаштан ва ҳамоҳангу ҳамқадаи замон будан аз сифатҳои олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Дили пурмуҳаббат ба халқу миллат доштан имкон додааст, ки Эмомалӣ Раҳмон давлатдории созанда дошта бошад.

Хеле кам роҳбарони давлатҳо ҳастанд, ки аз тақдири минбаъдаи аҳли башарият меандешанд ва ЭМОМАЛӢ РАҲМОН аз ҷумлаи онҳост.

Масъулият, ҷасорат, бунёдкорӣ ва умуман барои халқ талош кардан ин абармардро ба дараҷаи пешвоӣ расонидааст.

Президент бо он давлати моро пеш бурда тавонист, ки дар худ амалҳои намунаро нишон дода тавонист: сулҳдустӣ, иттиҳодмеҳварӣ, инсондӯстӣ ва халқият.

Дилгарм будан ва ба ояндаи нек бовар доштани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки халқро аз пайи худ бурда тавонист.

Таҳаммулпазирӣ, эътимод ва устуворӣ сифати пояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Фикри солиму созандаи Президент буд, тафаккуру андешаи миллӣ шакл гирифт.

Хастанопазирӣ, талоши пайваста ва нияти неку хайри созандгӣ Президентро маҳбуб гардонидааст.

Сатрҳо давомдору меҳисобанд.

Ҷамъбасти онҳо ин ҷумла аст:

Шукрона аз зиндагии муназзам ва хотири ҷамъу осуда!

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК БОШАД!

Бахтиёри Қутбиддин,декани факултети журналистикаи ДМТ