Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
________________
23 – ноябр дар донишгоҳи миллӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамоиши илмиву фарҳангӣ баргузор гардид, ки рӯҳияи баланди ватандӯстона дошт.
Ҳамоишро баъди пахши Суруди миллӣ ректори донишгоҳ профессор Эмомалӣ Насриддинзода ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба ин ҷашни ваҳдатсоз муборак гуфт.
Баъди табрикот профессор Эмомалӣ Насриддинзода ҳамчун мутахассиси варзидаи соҳаи ҳуқуқ дар бораи нақш ва рисолати бузурги Парчами давлатӣ доир ба чанд самт тавзеҳоти мухтасарро пешниҳоди аҳли толор намуданд.
Маҳфил дар се самти илм – ҳуқуқ, адабиёт ва таърих ҷараён пайдо кард, ки барои аҳли толор таассуротбахш буд. Дар ҳақиқат ҳар як мавзӯъ равзанаи шинохти худро дорад, ки танҳо дар ин сурат дарки оммавии маънавӣ пайдо мегардад.
НАСРИДДИНЗОДА ЭМОМАЛӢ, профессор, доктори илми ҳуқуқшиносӣ
Мусаллам аст, ки илми ҳуқуқ дар мушахас намудан ва эътибори иҷтимоӣ пайдо кардани рукнҳои давлатдорӣ нақши умда дорад. Аз ҷумла, аз ин дидгоҳ дар партави суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ректори донишгоҳ нисбат ба шинохти Парчами давлатӣ чунин таъкид доштанд:
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст таъкид кардаанд, ки
“Парчами навини тоҷикон зодаи даврони истиқлолият аст.”
Парчами давлатӣ ифодагари орзуву ормонҳои миллӣ ва арзишҳои олии тамаддуни халқи тоҷик аст;
Парчами давлатӣ ифодагари ваҳдату ҳамгироӣ, сулҳу оромӣ дар мамлакат мебошад;
Парчами давлатӣ таҳкимбахши бунёди давлатдории навин аст;
Парчами давлатӣ аз рӯи расмиёт ва муқаррарот ҷой ва мақоми махсуси худро дорад.
Хуб мешавад, ки аз дидгоҳи ҳуқуқӣ Парчам ва рисолати он ба шогирдон хуб тавзеҳот дода шавад.
Парчами давлатӣ дар Иҷлосияи 16-уми Шурои олӣ ва дар вазнинтарин рӯзҳои таърихии халқамон қабул гардидааст.
Парчами давлатӣ таҷассумгари таърих ва мероси пурғановату арзишманди миллӣ ба шумор меравад.
Таърихи парчамдории миллати мо аз Дирафши Ковиёнӣ оғоз мегардад.
Парчами давлатӣ нишонаи нангу номус ва адолату осоиш дар кишвар мебошад.
Парчами давлатӣ рамзи худшиносиву ходогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ эътироф гардидааст.
МИРЗО СОЛЕҲ, профессор, доктори илми филология
Адабиёт вассоф ва инъикосгари набзи зиндагӣ мебошад. Ҳар як ҷузъиёту падидаро аз равзанаи адабиёт дар доираи завқу эҳсос қабул кардан мумкин аст. Аз ин дидгоҳ устод Мирзо Солеҳ чунин таъкид доштанд:
Дирафш дар адабиёт шабеҳи ахтар аст. Яъне муқаддасотест, ки мақому эътибори баланд дорад.
Пешдоман чармини Кова дар пайкари найза ва ғолиб омаданаш ба нерӯи аҳриманӣ рамзи мондагори мазмундор барои ҳазорсолаҳост.
Агар нахустин парчами матоъ ба асри панҷи пеш аз милод ба юнониҳо хос бошад, пас хулоса он аст, ки қавмҳои ориёӣ суннати парчамдориро эҳё кардаанд.
Дар ҳама таровишҳои бадеӣ маъниву маслаки Парчам – муттаҳидӣ ворастагӣ, сафарбарсозӣ ва некбинӣ мебошад.
Дар такя ба ҳама офаридаҳои адабӣ Пешвои миллат парчамро таърихи халқ меноманд, ки ҳақиқати бебаҳс мебошад.
Аз сарбози қаторӣ то сарвари давлат дар назди Парчами давлатӣ қасам ёд мекунанд, ки дар баробари дигар паҳлуҳо ин фалсафаро ҳар як фарди ҷомеа хуб дарк менамояд.
Адабиёт аст, ки ба мо мегӯяд: Ҳазор сол тоҷикон шахсияти сиёсатӣ надоштанд. Адабиёт аст, ки ба мо мегӯяд: Баъд аз ҳазор сол бо шарофати ба майдон омадани шахсияти сиёсӣ – Эмомалӣ Раҳмон мо соҳиби давлат гардидем.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се рисолати бузургро анҷом додаанд:
Давлатсозии миллӣ;
Тафаккури миллӣ;
Ваҳдати миллӣ;
Ин се рисолат таманниёти халқ буд ва ин ҳама шукӯҳи зиндагии халқи тоҷик ба баракати он аст.
ШОҲИНБЕКОВ ФИРӮЗ,
дотсент, номзади илмҳои таърих
Таърих китоби зиндагӣ мебошад, ки таҳрифро намеписандад. Маҳз, таърих аст, ки асолати парчамдории моро собит менамояд. Доир ба ин устод Фирӯз Шоҳинбеков чунин зикр намуданд:
Тоҷикон дар ҷаҳон яке аз қадимтарин халқҳои соҳибпарчам мебошанд.
Парчамдории тоҷикон аз қадим бо рангу мазмунҳо ва оҳангҳои гуногун маълум мебошад.
“Шоҳнома” як сарчашмаи таърихии мушаххас дар парчамдории халқи тоҷик эътироф шудааст.
Парчам нишони қудрату тавоноӣ буд ва дар ҳама саҳифаҳои таърихӣ дар доираи рамзҳои гуногун зикр гардидааст.
Дирафши ковиёнӣ намунаи нангу номус буд, ки дар заминаи он дар давраҳои гуногун халқи тоҷик муборизаҳо бурдааст.
Дар набарди Қудсия бо парчамдорӣ қаҳрамонии Рустами Фаррухзод намунаи беҳтарини ватандорӣ мебошад.
Дар ин набард Дирафши ковиёниро чун ҷони азиз ҳифз мекарданд.
Дар ҳама давраҳои таърихӣ парчамро чун як нерӯ медонистанд ва дар атрофи он муттаҳид мегардиданд.
1400 сол дирафши ковиёнӣ хомӯш буд ва фарзанди содиқи ватан – Эмомалӣ Раҳмон парчамро аз нав эҳё кард.
Парчами давлатӣ рамзи худшиносиву ходогоҳӣ мебошад.
Дар қисмати дуюми ҳамоиш аз ҷониби санъаткорон барномаи консертӣ намоиш дода шуд, ки ҳамагӣ фарогири эҳсоси ватандӯстӣ буданд.
Декани факултети журналистика, профессор Қутбиддинов А.Ҳ.