Нақш ва хизмати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон на танҳо дар ташаккули давлати муосири тоҷикон, балки дар бартарафсозии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ба даст овардани ризоияти миллӣ низ хеле назаррас аст. Илова ба мактаби сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ҷалб намудааст, мактаби сулҳоварии он кас низ аҳаммияти хосса дорад ва ин ҳама аз барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бармеоянд.
Дар шароити таҳдидҳои берунӣ, бахусус, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо ташаббус ва пайгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10-уми декабри соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил ёфт ва дар вазорати адлияи ҷумҳурӣ 15-уми декабри соли 1994 таҳти №199 сабти ном шудааст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад. ҲХДТ барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамояд.
Вазифаи ҲХДТ имрӯз дар иртибот ба фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра ва минтақа афзудани тамоюлҳо ва хатарҳои терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводди мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар минтақа аз он иборат аст, ки баҳри таҳкими истиқлолияти давлатӣ, суботу амнияти миллӣ, ваҳдати миллӣ, ягонагии халқи Тоҷикистон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша талош намояд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд.
Маҳз рисолат, хираду заковати воло ва ояндабинии Пешвои муаззами миллат буд, ки барои ташкили Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо қатъияту ҷасорат иқдом намоянд ва инак, бо гузашти 30 сол ҳизб ҳамчун ниҳоди тавонои сиёсӣ дар мамлакат тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии худ, бо такя ба масъулиятшиносию иқтидори зеҳнии аъзо ва ҷонибдоронаш омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи истиқлоли кишвар буда, аз умқи дилу таффакури мардум реша мегирад. Он аз рӯзи аввали таъсисёбӣ ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои зиндагии босаодати миллат ва ободии Ватан зери шиори «Барои ваҳдат, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» саъю талош меварзад. Имрӯз бешубҳа онро метавон ягона нерӯи сиёсии кишвар номид, ки дар заминаи ғояҳои созандаву ваҳдатофари миллӣ ба майдони сиёсат ворид гардида, борҳо ин афзалияти хешро собит намудааст.
Имсол аз таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ шуд ва ба хотири таҷлили ин санаи таърихӣ Ситоди ҷумҳуриявии “Ҷашни 30–солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” таъсис шудааст.
Дар асоси қарори Раёсат Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 25-уми майи соли ҷорӣ ба тавсиб расидааст, Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ муваззаф гардиданд, ки барои ба таври шоиста ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ин санаи таърихӣ бо омодагии ҳамаҷониба дар асоси дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти ҳизб фаъолияти худро ҷиҳати татбиқи самараноки барномаҳои қабулгардида ва амалӣ намудани ғояҳои созандаи ҳизб дар ҷомеа равона созанд. Ҳамзамон, фаъолияти таблиғотию ташвиқотии худро дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вобаста ба дастовардҳои мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ вусъат бахшида, баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии ҲХДТ тадбирҳои судманд андешида, дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бо иштироки аъзои фаъол ва ҷонибдорони ҳизб маҷмуи чорабиниҳоро дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ баргузор намоянд.
Воқеан, фаъолияти самарабахши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо назардошти таҳаввулот ва навсозии ҷомеа роҳандозӣ гардида, дар давоми сӣ сол тақвияту густариш ёфт. Дар ин марҳила ҲХДТ ҳамчун созмони боэътимоди сиёсии мардумӣ таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали таъсисёбӣ барои устувориву пойдории сулҳ ва ободии Ватан кўшиш ба харҷ дода, ҳадафи асосиаш низ ваҳдату ягонагӣ, таъмини ояндаи неки кишвар аст.
Имрўз аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ғояи умумӣ ва вазифаҳои бузурге, ки ҳалли онҳо танҳо ба манфиати ҷомеа аст, муттаҳид менамоянд.
Ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва тарғиби дастовардҳои Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ба бахши муҳимми фаъолияти ҳизбӣ табдил ёфтааст. Бояд таъкид намоем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи созанда ва қувваи бузурги сиёсӣ рисолати худро дар рушди пайвастаи ҷомеа, татбиқи ормонҳо ва арзишҳои миллӣ, бунёди низоми демократӣ ва расидан ба зиндагии шоиста ва ҳаёти арзанда мебинад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фазои соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёт такя намуда, донишу маҳорати аъзои худро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавӣ сафарбар намуда, барои таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат қадамҳои устувор мегузорад.
Абдурозиқ АБУНАСРЗОДА,узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,докторанти Ph.D-и кафедраи матбуоти факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон