ОМОДА НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН ДАР САМТИ ТАЪРИХ ВА НАЗАРИЯИ ЗАБОНШИНОСӢ

0
11

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар санаи 30.05.2024 мулоқот намуда, масъалаҳои муҳимми соҳаи илму маорифро мавриди баррасӣ қарор дода буданд. Яке аз масъалаҳои баррасигашта мусоидат намудан ба зиёд шудани шумораи олимону муҳаққиқони дорои дараҷа ва унвони илмӣ аз руйи ихтисосҳои бунёдию замонавӣ буд. Дар партави ин таъкидҳо, раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади зиёд намудани теъдоди олимону муҳаққиқони дорои дараҷа ва унвони илмӣ тадбирҳои муҳиммеро роҳандозӣ намудааст. Баргузории семинару ҳамоишҳо бо ҷалби мутахассисони варзида баҳри такмил додани нақшаи чорабиниҳои дахлдор мусоидат менамоянд.

Ҳамин аст, ки имрӯз (16.01.2025) дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти омода намудани мутахассисон аз рӯйи ихтисоси таърих ва назарияи забоншиносӣ бо ибтикори садорати факултети филологияи Донишгоҳи миллӣ семинари ҷумҳуриявӣ бо иштироки намояндагони сохторҳои мухталифи ҷумҳурӣ ва садорати факултетҳои журналистика, филологияи рус, забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ баргузор гардид.

Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз ёфт. Гуфта шуд, ки Пешвои муаззами миллат зимни баромади хеш бо аҳли илму маорифи кишвар (30.05.2024) таъкид доштанд, ки “Мо, инчунин, ба олимону мутахассисони илмҳои вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне иҷтимоъшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва як қатор илмҳои дигар ниёз дорем”. Таваҷҷуҳи Роҳбари давлат баҳри омода намудани мутахассисони таърих ва назарияи забоншиносӣ ҷалб гардида, моро водор менамояд, ки дар ин самт тадбирҳои муҳиммеро роҳандозӣ намоем.

Дар зимн ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиён Маҳмадовуд, директори Институти забон ва адабиёти АМИТ Фарангис Шарифзода, докторони илмҳои филология, профессорон Шаҳбоз Кабиров, Давлатбек Хоҷаев, Бахтиёри Қутбиддин ва Дилмурод Ҳомидов, дотсентон, устоди ДМТ Сулаймон Анварӣ, муовини ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба таълим Абдусамадзода Эраҷ ва мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ Камолзода Хуршед суханронӣ намуданд.

Олимону муҳаққиқон дар самти омода намудани мутахассисон аз рӯйи ихтисоси таърих ва назарияи забоншиносӣ, таҳияи рисолаҳои илмии хатму корҳои курсӣ, баргузории ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиши паҳлуҳои мухталифи илми забоншиносӣ музокираҳо намуда, дар робита ба ин масъала пешниҳодҳои судманд крданд.

Таъкид шуд, ки таърих ва назарияи забоншиносӣ ду соҳаи муҳим дар омӯзиши забон мебошад. Ин ду самт ба ҳам алоқаманд буда, рушди илмҳои гуманитариро муайян менамояд. Агар таърихи забоншиносӣ ба пайдоиш, инкишоф ва тағйирёбии забонҳо дар тули замонро дар бар гирад, назарияи забоншиносӣ ба омӯзиши асосҳои назариявии сохтор, функсия ва истифодаи забон бахшида мешавад. Омода намудани мутахассисон дар ин самтҳо талаботи замони муосир буда, дар рушди илми забоншиносии тоҷик мусоидат хоҳад кард.