НАВРӮЗ – ҶАШНИ АҶДОДӢ

0
15

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадима ва пурифтихори мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад, ки таърихи беш аз шаш ҳазорсола дорад. Ин ҷашн дар қатори дигар идҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон, Сада ва Тиргон, мавқеи хос дошта, бо шукӯҳу шаҳомати махсус таҷлил мегардад. Маънои калимаи «Наврӯз» ба забони тоҷикӣ «рӯзи нав», «оғози тозаи зиндагӣ» ва «рӯзи нахустини сол» мебошад. Ин ҷашн ҳамчун рамзи эҳёи табиат, бедоршавии наботот ва ҳайвонот, ҳамчунин оғози мавсими нави кишоварзӣ маъруф аст.

АЗ ТАЪРИХИ НАВРӮЗ

Наврӯз решаҳои амиқи таърихӣ дошта, пайдоиши он ба давраҳои қадим ва замони пеш аз ислом бармегардад. Бино ба баъзе манбаъҳои таърихӣ, ин ҷашн ҳанӯз дар давраи Ҳахоманишиён (асрҳои VI-IV пеш аз милод) мавҷуд буд. Дар он замон, Наврӯз ҳамчун оғози солшумории офтобӣ ва фарорасии баҳор таҷлил мешуд. Баъдан, ин ҷашн дар байни халқҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон, густариш ёфта, ба як ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги онҳо табдил ёфт.

Ба навиштаи донишманд ва таърихнигор Абӯрайҳони Берунӣ, «Наврӯз ибтидои офариниши олам аст». Ба ҳамин хотир, мардум ин рӯзро бо шодиву нишот, умед ба ояндаи нек ва эҳтиром ба табиат истиқбол мегиранд. Дар фарҳанги мардуми тоҷик, Наврӯз ҳамчун рӯзи нав, оғози зиндагии нав, рӯзи шодӣ, адлу эътидол, бахшоиши гуноҳҳои якдигар ва рӯзи оштӣ маъруф аст. Дар ин рӯзи пурфайз, табиат, таърих ва инсон рӯҳи тоза мегиранд.

НАВРӮЗ – ҶАШНИ МИЛЛИЮ ФАРҲАНГӢ

Фарҳанги бостонии тоҷикон бо табиату коинот, муҳити атроф ва омилҳои мавсимӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Бахусус, ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, хислати мавсимӣ дошта, бо тағйири фаслҳои сол алоқаманданд. Агар Меҳргон рамзи фаро расидани тирамоҳи заррин бошад, Сада нишони наздикшавии баҳор бошад, пас Наврӯз расман оғози баҳори дилафрӯз ва шукуфоии табиатро ифода мекунад.

Ҷашнҳои ориёӣ, аз ҷумла Наврӯз, ба ҳеҷ гуна мазҳаб ё дин вобастагӣ надоранд. Ин ҷашн сирф миллӣ ва табиӣ буда, ҷузъи мероси таърихии мардумони ориёитабор ба шумор меравад.

Дар робита бо ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Наврӯз бо табиӣ будан ва муҳтавои зиндагисозаш беш аз шаш ҳазор сол аст, ки дар байни мардуми ориёитабор мавҷуд аст ва ҳеҷ нерӯе натавонист онро аз байн барад». Ин суханон аҳамияти бузурги Наврӯзро дар тамаддуни тоҷикон ва фарҳанги ҷаҳонӣ нишон медиҳанд.

ОИН ВА РАСМУ РУСУМИ НАВРӮЗӢ

Наврӯз на танҳо як ҷашн, балки маҷмӯи расму оин ва маросимҳои гуногуни мардумӣ мебошад. Аз замонҳои қадим то ба имрӯз мардум ба пешвози ин ҷашн омодагии хос мегиранд. Чанд рӯз пештар хонаҳоро тоза мекунанд, либосҳои нав мепӯшанд ва хӯрокҳои миллиро омода месозанд. Аз муҳимтарин расму оинҳои Наврӯз инҳоянд:

Пухтани суманак – Ин анъана рамзи фаровонӣ ва баракат ба ҳисоб меравад. Суманакро гурӯҳ-гурӯҳ занон бо суруду рақсу шодӣ омода мекунанд, ки рамзи ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад.

Гузаронидани бозӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ – Бозиҳои миллӣ, аз ҷумла гӯштини миллӣ, бузкашӣ, шатранҷ ва дигар бозиҳо дар рӯзҳои Наврӯзӣ баргузор мегарданд.Аёдати наздикон – Дар рӯзҳои Наврӯз мардум ба хонаи ҳамдигар меҳмонӣ мераванд, хурду калон ба ҳамдигар табрик гуфта, бо нияти неку самимӣ дидорбинӣ мекунанд.Ороиши хони Наврӯзӣ – Дар хони Наврӯзӣ ҳафт шин ё ҳафт син гузошта мешавад, ки ҳар кадом рамзи хос доранд.

НАВРӮЗ – ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон ба эҳёи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуд. Ҳоло Наврӯз дар саросари кишвар бо шаҳомати хос таҷлил мешавад. Ҳамасола чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, варзишӣ ва илмӣ баргузор мешаванд, ки ба таҳкими худшиносии миллӣ ва ваҳдати ҷомеа мусоидат мекунанд.

Мояи ифтихор аст, ки бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз ба феҳристи ёдгориҳои ғайримоддии фарҳанги башарият шомил карда шуд. Ҳамчунин, Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 21-уми мартро расман ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд. Ин иқдом собит сохт, ки Наврӯз на танҳо ҷашни тоҷикон, балки мероси муштараки инсоният мебошад.

НАВРӮЗ – ОМИЛИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ ФАРҲАНГӢ

Наврӯз ҳамчун ҷашни қадимӣ ва пурмазмун имрӯз аҳамияти бештар касб кардааст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки арзишҳои миллӣ таҳти хатар қарор мегиранд, чунин ҷашнҳо метавонанд барои ҳифзи ҳувият ва мероси таърихии халқҳо мусоидат кунанд. Дар Тоҷикистон, Наврӯз ҳамчун омили муттаҳидсозии мардум, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди фарҳангӣ хизмат мекунад.

Бо таҷлили Наврӯз, мардуми тоҷик на танҳо фарҳангу анъанаҳои худро ҳифз мекунанд, балки онҳоро ба наслҳои оянда низ мерос мегузоранд. Аз ин рӯ, Наврӯз на танҳо ҷашни табиат, балки ҷашни маънавӣ ва фарҳангии миллати тоҷик аст, ки бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад.

Муҳуддинзода Қурбонхоҷаи Саидхоҷа,Мудири радиои “Садои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон”