ДУРНАМОИ РУШДИ СИСТЕМАҲОИ ТАҶҲИЗОТИ ОФТОБИРО ДАР ТОҶИКИСТОН ЧӢ ГУНА БАҲОГУЗОРӢ МЕТАВОН КАРД?

0
24

🧑‍💼 Сайфиддин Суннатӣ яке аз рӯзноманигорони шинохтаи тоҷик аст, ки дар яке аз деҳоти атрофи пойтахт – шаҳри Ҳисор зиндагӣ ба сар мебараду дар саҳифаҳои матбуот пайваста мақолаҳояш доир ба мавзӯи сарчашмаҳои энергияи барқароршаванда, бахусус марбут ба манфиати таҷҳизоти офтобӣ ба табъ мерасанд.

💡 Ӯ на танҳо мубаллиғи системаи таҷҳизоти офтобӣ аст, балки ташаббускори амалӣ намудани идея низ мебошад.

🏠 Моҳи марти ҳамин сол Сайфиддин тасмим гирифт, ки ба хотири раҳоӣ аз мушкилоти бебарқӣ дар боми манзили истиқоматиаш панелҳои офтобиро насб намояд.

🔋 “Ду моҳ қабл таҷҳизоти офтобии дорои 6 киловатаро ба таври кредит бо нархи 30 ҳазор сомонӣ (бефоиз) харидорӣ карда ва дар боми хона насб намудам… Ҳатто дигар дар бораи хомуш гаштани барқ фикр ҳам намекунам…” — мегӯяд Сайфиддин.

👀 Ҳангоми қатъи барқи умумӣ ҳамсояҳо бо ворид шудан ба манзили истиқоматиам медиданд, ки телевизор тамошо карда истодааму хонаҳо чароғон аст…

🏥 Масалан, сардухтури беморхонаи касалиҳои гӯш, гулӯ ва бинии шаҳри Ҳисор тасмим дорад, дар болопӯши бинои беморхона таҷҳизоти офтобӣ насб намояд…

🌞 Бо боварӣ гуфта метавонам, ки таҷҳизоти офтобии 3 киловата барои кор фармудани як яхдон, телевизор ва равшанӣ кардани хонаҳо басандагӣ мекунад” — мегӯяд Сайфиддин.

⚙️ Ба таври маълум 95 дарсади неруи барқи истеҳсолшаванда дар кишвар аз ҳисоби неругоҳҳои барқи обӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Аммо экологҳо чунин меҳисобанд, ки дар баробари энергияи обӣ, энергияи алтернативӣ, бахусус таҷҳизоти офтобӣ низ афзалият дорад, зеро рӯзҳои офтобӣ дар Тоҷикистон  қариб 10 моҳро ташкил мекунад. Ва рушд додани системаҳои офтобӣ метавонад мушкилоти мардумро бахусус дар деҳот ҷиҳати таъмини барқ бароварда гардонад.

🌱  Фарход Абдурахмонов, Роҳбари Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ, ки ҳамзамон узви коршиносони Иттиҳоди Байналмилалии ҳифзи табиат мебошад,  мегӯяд: “Тоҷикистон аз лиҳози ҷойгиршавии ҷуғрофии худ дорои иқтидори баланди энергияи офтоб мебошад. Давомнокии офтоб дар як сол аз 2160 то 3166 соатро ташкил медиҳад ё худ баробар ба 260-330 рӯзи офтобӣ дар як сол мебошад, ки тибқи тадқиқотҳо энергияи офтоб метавонад то 25% талаботи энергетикии ҷомеаи Тоҷикистонро қонеъ гардонад, аммо ҳоло ҳиссаи он камтар аз 1% ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқро ташкил медиҳад.

🌱 Ба андешаи Абдураҳмонов Ф. истифодаи бештари энергияи офтоб дар минтақаҳои зерин мушоҳида мешавад:

🌱  Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) махсусан дар ноҳияи Мурғоб, ки ягона нерӯгоҳи офтобии тиҷоратӣ бо иқтидори 220 кВт фаъолият мекунад,  дар ин замина барҷаста аст.

🌱  Дар Вилояти Суғд-сохтмони нерӯгоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 200 МВт ба нақша гирифта шудааст, ки асосноккунии техникӣ-иқтисодии он дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад.

🌱  Минтақаҳои ҷанубу ғарбии кишвар, аз ҷумла Вилояти Хатлон, ки дар он сохтмони корхонаҳои истеҳсоли панелҳои фотоэлектрикии офтобӣ оғоз ефтааст, бешубҳа ба паст кардани арзиши системаҳои истифодаи энергияи офтоб мусоидат мекунанд ва инчунин дастрасии аҳолӣ ба технологияҳои навро тавсеа мебахшад.

🌱 Шуруъ аз солҳои 2010 дар Тоҷикистон бо ташаббуси ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон, ки ба шабакаи барқи умумӣ пайваст нестанд, панелҳои офтобӣ насб карда шудааст. Ассотсиатсияи энергияи барқароршавандаи Тоҷикистон аз он ташкилотҳое мебошад, ки дар ҳамкорӣ бо вазорати энергетика ва захираҳои об, Барномаи Рушди СММ (UNDP) дар самти рушди энергияи офтобӣ як қатор ташаббусҳоро рӯи даст гирифтааст. Аз ҷумла, бо дастгирии Барномаи Рушди СММ (UNDP) дар назди Ассотсиатсияи энергияи барқароршаванда Маркази таълимии технологии манбаъҳои барқароршавандаи энергия таъсис дода шуд.

🌱 Вазифаи асосии Марказ аз омода намудани мутахассисони баландихтисос оид ба васлу насби таҷҳизоти офтобӣ иборат мебошад. Дар чаҳорчӯби хамкорӣ бо Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон 15 нафар мутахассисон аз минтакахои гуногуни Тоҷикистон омузонда шуданд.

Пас аз гузарондани омузиш дар 10 дехоти минтақаҳои гуногун Точикистон, аз ҷумла иншоотҳои муҳими ҷамъиятии н. Дарвоз (ВМКБ), Куҳистони Масчох (в.Суғд), Дусти (в.Хатлон) ва Шахринав (НТМ) таҷҳизоти офтобӣ насб карда шуд.

🌱 Соли 2022 аз тарафи муттасаддиёни Ассотсиатсияи энергияи барқароршавандаи Тоҷикистон бо ҷалби гуруҳи журналистон ба хотири шинос шудан бо ноҳияҳое, ки таҷҳизоти офтобӣ насб гардидааст, пресс тур ташкил карда шуда буд. Сайфиддин Суннатӣ, ки дар ин гуруҳ шомил будааст, бардошти худро аз ин сафарҳо чунин иброз дошт:  Моҳи августи соли 2022 дар деҳаи Роғи ноҳияи Масчоҳи куҳӣ, ки аз пойтахт такрибан дар масофаи зиёда аз 300 км ҷойгир аст ва ба шабакаи умумии барқ пайваст нест, шоҳиди он будем, ки бунгоҳи тиббии деҳа пурра аз ҳисоби панелҳои офтобӣ барқи равшан мешаваду бо таҷҳизоти офтобӣ об гарм мешавад. Аз суҳбат бо сардухтур маълум гашт, ки солҳои пеш вақте ки панелҳои офтобӣ вуҷуд надошт, бунгоҳ тобистон бо нерӯи барқии обӣ таъмин мешуд, аммо бо фаро расидани фасли сармо, ки дар куҳистон 5 моҳро дарбар мегирад, об ях баста, имкони равшанӣ набуд. Беморонро вақте ба бунгоҳ барои ҷарроҳӣ меоварданд, соҳибони бемор генераторҳои дизелиро ба кор мебурданд, ки аз садои гӯшхароши он ва бӯи ғализи он мардум нороҳат мешуданд.

🌱 Дар бунгоҳи тиббии деҳаи Роғ панелҳои офтобии 5 киловатта ва дар коргоҳи дузандагии деҳа таҷҳизоти офтобии 3 киловатта насб карда шудааст, ҳамчунин дар ин нуктаҳо обгармкунаки офтобӣ низ гузошта шудааст. Ин гуна таҷҳизоти офтобиро дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Дарвоз, Шамсиддин Шоҳин, Шаҳринав низ мушоҳида намудем.

🌱 Ин далелҳо гувоҳи он ҳастанд, ки таҷҳизоти офтобӣ дар ҳоли такмилу таҷдид буда, хушбахтона нархи онҳо низ сол аз сол ба арзоншавӣ майл доранд.

🌱    Аммо Фарҳод Абдураҳмонов хароҷоти баланд барои истеҳсол ва воридоти таҷҳизот, набудани субсидияҳои давлатӣ ва ҳавасмандгардонии молиявӣ, норасоии мутахассисони соҳибихтисосро аз монеаҳои асосӣ барои паҳншавии таҷҳизоти офтобӣ дар деҳот меҳисобад.

🌱    Ҷалби сармоя дар рушди саноати энергияи офтобӣ, бахусус дар кишварҳои дорои иқтидори баланд, ба монанди Тоҷикистон, нақши калидӣ дорад. Маблағгузорӣ барои суръат бахшидани татбиқи технология, коҳиш додани арзиши таҷҳизот ва афзоиш додани дастрасии аҳолӣ ба нерӯи офтоб  имконият фароҳам меорад.  

🌱     Ҳукумати Тоҷикистон рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла энергияи офтобро дар доираи «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023-2037» фаъолона дастгирӣ менамояд.

🌱 Тибқи нақшаи Стратегияи болозикр то соли 2037 ҳиссаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия бояд ба 10% афзоиш ёфта, ҳамаи биноҳои нав бояд бо системаҳои барқи офтобӣ муҷаҳҳаз карда шаванд.

🌱 Аз 1 апрели соли 2024 талаботи ҳатмии муҷаҳҳаз кардани биноҳои нав ва таҷдидшаванда бо системаҳои барқии офтобӣ ҷорӣ карда шуд. Ин ба иншооти таълимӣ, тиббӣ, маъмурӣ ва истиқоматӣ дахл дорад.

🌱       Ҳамин тариқ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди энергетикаи офтобӣ нақши калидӣ дошта, барои ҳамгироии он ба иқтисодиети кишвар ва беҳтар намудани истиқлолияти энергетикӣ шароит фароҳам меорад.

Ҷамолиддин Яқубов