Ваҳдати миллӣ кафолати рушди давлатдорӣ, таҳкими истиқлол ва асоси зиндагии осоиштаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳар миллату давлат барои рушд кардан ба якдилӣ ва ҳамбастагӣ ниёз дорад. Ваҳдати миллӣ на танҳо як истилоҳ ё сухани расмӣ аст, балки поя ва сутуни ҳастии миллат ва давлати тоҷикон мебошад. Ваҳдат рамзи сулҳу оромӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии мардум аст, ки бо вуҷуди тафовутҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва забонӣ онҳоро дар як пойдевор ба ҳам мепайвандад. Солҳои аввали истиқлолият барои миллати мо давраи сангину пурпечутобе буд. Аммо орзуву умед ба ояндаи дурахшон ва заҳматҳои фарзандони ватандӯст моро ба ваҳдати миллӣ расонд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин таъкид менамояд: «Ваҳдати миллӣ – сутуни давлатдории тоҷикон ва омили асосии таъмини амнияти мамлакат мебошад». Ин суханон мисли чароғе дар торикии мушкилот равшанӣ бахшиданд ва роҳи наҷотро нишон доданд. Ваҳдати миллӣ на танҳо рамзи ҳастӣ, балки кафолати субот ва рушди давлат аст. Агар мардум бо дили пок ва рӯҳи саршор аз муҳаббат якҷоя бошанд, касе наметавонад онҳоро ҷудо кунад ё оромии онҳоро халалдор созад. Рушди иқтисод, илму маориф, фарҳанг ва дигар соҳаҳо дар заминаи ваҳдат ва сулҳу амният ба вуҷуд меоянд.
Ваҳдат кафолат медиҳад, ки тамоми захираҳои кишвар ба самти ободонӣ ва пешрафти умум равона мешаванд. Ҳар як фарди ҷомеа бо эҳсоси масъулият ва ҳисси ватандӯстӣ бояд саҳми худро дар нигоҳ доштани ваҳдат гузорад. Ваҳдати миллӣ моро ба эҳтироми ҳамдигар даъват мекунад, ҳатто агар мо аз миллат ё нажоди гуногун бошем.
Тоҷикистон кишвари сермиллат ва серфарҳанг аст ва дар ин гуногунрангӣ ваҳдат ҳаргиз набояд осеб бинад. Барои нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ бояд мо ҷавононро тарбия кунем, ки ба қадри ин неъмат бирасанд ва ҳамеша аз рисолати ватандорӣ огоҳ бошанд. Мо бояд ҳифзи ваҳдати миллиро ҳамчун қарзи маънавӣ ва сиёсӣ қабул кунем, чунки ваҳдати миллӣ моро устувор ва боэътимод месозад. Пас, ваҳдати миллӣ калиди асосии ҳастии миллат ва кафолати ояндаи дурахшони Ватан мебошад. Ваҳдат моро дар баробари ҳар гуна мушкилот устувор ва тавоно месозад ва заминаи рушди иқтисод, илму фарҳанг ва сулҳу амният аст. Бо ёдоварӣ аз суханони Пешвои миллат мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таъкид медоранд: «Танҳо дар фазои ваҳдати миллӣ ва бародарӣ мо метавонем сулҳ, оромӣ ва рушди пойдорро таъмин намоем». Мо бояд кӯшиш кунем, ки ин ваҳдатро чун ганҷинаи арзишманд нигоҳ дорем ва ҳамеша онро дар дил ва рафтори худ эҳё намоем. Бо якдилӣ, муҳаббат ва эҳтиром ба якдигар пояҳои ояндаи Тоҷикистонро устувор сохта, ин кишвари офтобиро ба макони сулҳу оромӣ ва пешрафт табдил диҳем.
Замоне, ки мо сулҳро орзу мекардем кишварҳое буданд, ки дар осоиштагї ва амн зиндагї мекарданд. Имрӯзҳо мо шоҳиди онем, ки чигуна давлатҳои аз лиҳози иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ пешрафта дар доми нобудӣ ё таниши байни якдигар қарор доранд. Ҳар лаҳза метавонад доманаи оташи онҳо ҷаҳонро фаро гирад.
Муноқишаҳои охири ховари миёна собит аз он аст, ки набудани лидери сиёсӣ дар кишварҳои дар ҳоли ҷанг қарор дошта зиндагии мардумонашонро ба табоҳӣ овардааст.
Солҳои наздик ҷаҳонро ҳолатҳои ногуворӣ пешгӯйинашаванда интизор аст ва якояки мо дар гирди Пешвои муаззами миллат муттаҳид ва сарҷамъ бояд бошем.
Ягон миллат наметавонад бе ваҳдат пеш равад ва мо бояд ин гулу гулдастаи ваҳдатро ҳамчун мероси гаронбаҳо ҳифз кунем. Чуноне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд: «Танҳо дар фазои ваҳдати миллӣ ва бародарӣ мо метавонем сулҳ, оромӣ ва рушди пойдорро таъмин намоем.» Ин даъватро бояд бо ҷону дил пазируфт ва ҳамчун уҳда ва масъулияти ҳаррӯза қабул намуд.
Сангов А.Ҷ., Сафаров Ҳ.О. омӯзгорони факултети журналистика