РАВАНДҲОИ МУОСИРИ ЖУРНАЛИСТИКАИ БАЙНАЛХАЛҚӢ: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО

0
11

Имрӯз (07.10. 2025) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Равандҳои муосири журналистикаи байналмилалӣ: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид.

Конференсия бо иштироки муовини ректори ДМТ оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои химия, профессор Сафармамадзода С. М., раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Исмоилзода З. Б., декани факултети журналистика, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳошимзода Б. Ҳ., устодон, муҳаққиқон ва намояндагони васоити ахбори омма дар Маркази фарҳангии ба номи Ш. Ҳусейнзода, воқеъ дар Шаҳраки донишҷӯён баргузор шуд.

Дар сухани ифтитоҳии худ профессор Сафармамадзода С. М. зикр намуд, ки журналистикаи байналмилалӣ ҳамчун рукни муҳимми ҷомеаи муосир ва василаи асосии интиқолу паҳнсозии иттилооту арзишҳои фарҳангӣ дар ҷаҳони имрӯз бо таҳаввулоти босуръати технологӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ аст. Ба гуфтаи ӯ, омӯзиши самтҳои рушди журналистикаи байналмилалӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати воситаҳои иттилоотӣ барои боло бурдани сифати табодули иттилоот ва таҳкими ҳамкориҳои маънавию фарҳангӣ аҳамияти бузург дорад.

“Бовар дорем, ки маърузаву суханрониҳое, ки дар ҷараёни конференсия ироа мегарданд, муҳимтарин паҳлуҳои журналистикаи байналмилалиро фаро гирифта, барои дарёфти роҳҳои нави таҳқиқ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда мусоидат хоҳанд кард,” — таъкид намуд Сафармамадзода С. М..

Сипас, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Исмоилзода З. Б., профессорон Ҳошимзода Б. Ҳ., Муқимов М. А. ва дотсенти кафедраи журналистикаи байналмилалӣ Мирзоалӣ С. бо маърузаҳои илмӣ баромад намуданд. Дар суханрониҳо масъалаҳои марбут ба дурнамо ва мушкилоти рушди журналистикаи байналмилалӣ, таъсири таҳаввулоти рақамӣ ба ВАО ва паҳлуҳои ахлоқию касбии фаъолияти журналистӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Қисмати дуюми конференсия дар ду бахш —«Мушкилот ва дурнамои журналистикаи байналмилалӣ» ва «Инъикоси масоили глобалӣ дар ВАО-и байналмилалӣ ва миллӣ» — дар факултети журналистика идома ёфт.

Мавриди зикр аст, ки дар кори конференсия муҳаққиқон ва намояндагони соҳа аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, инчунин, аз муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Душанбе ва ВАО-и кишвар ширкат варзиданд.