УНСУРҲОИ ПУБЛИТСИСТИИ ЖАНРИ ЛАТИФА (ё, латифа моли журналистика?!)

0
59

Латифа аз қадимтарин жанрҳои фолклору адабиёт ба шумор меравад ва мансубияти он ба адабиёт бештар таъкид гардидааст. Аз маънои истилоҳии он бармеояд, ки бо мазмуни кутоҳи ҳаҷвӣ ҷамъбасти тундро соҳиб аст. Латифа ҳамчун як нақли кутоҳ дар бораи рухдоди аҷиб тафсир карда мешавад. Аз ҷониби дигар дар фолклор он як матлаби нашрношудае, ки аз забон ба забон мегардад, шарҳ ёфтааст.

 Дар ҳақиқат ягона жанрест, ки дар нутқи шифоҳӣ бештар истифода мегардад. Як маънии мантиқии он  дар забони юнонӣ (avekdotov) “нашрношуда” ва “ба табънарасида” фаҳмида мешавад. Ҷузъи муҳими жанри латифа ҳаҷми ниҳоят кутоҳ доштани он мебошад. Ин жанр вазифадор аст, ки бояд дар доираи хеле маҳдуд бо истифодаи муколамаи кутоҳ  мақсадро хеле кутоҳу нишонрас ифода намояд. Латифа хулоса надорад, аз шарҳ истифода намекунад ва ҳузури муаллифӣ дар он коста мебошад.

 Хосияти дигари латифа ҳамин аст, ки муаллифи он аксар вақт номаълум боқӣ мемонад. Аз ҷониби дигар латифа аз забон ба забон сайр карда, як мазмун дар чанд шакл баён мегардад. Яъне зоҳиран (табдили номи қаҳрамон, дигар гаштани макону замон, каму беш гардидани ҳаҷм ва ғ.) тағйир ёбад ҳам, ботину мазмуни он яксон боқӣ мемонад.

Баёни ҳаҷволуда дар публитсистика мавзӯи нав набуда, алакай доир ба он таҳқиқҳои зарурӣ сурат гирифтаанд. Аз асари “Рисолаи дилкушо”-и Убайди Зоконӣ оғоз намуда, то дигар осори ҳаҷвнависони муосир муҳаққиқон дар таҳқиқу пажӯҳишҳои худ назарияҳои гуногуни илмиро баён карда, ҷанбаи воқеъгароёнаи ҳаҷвро махсус таъкид кардаанд.

Дар раванди ҷаҳонишавӣ яке аз шохаҳои муҳиму таъсирбахштари публитсистикаро ҳамчун соҳаи мустақили эҷод (дар баробари адабиёт) ҳаҷву ҳазл (юмор) ташкил медиҳад.  Ба ин мазмун истилоҳот ё мафҳумҳое чун зарофат, ҳаҷвия, ҳазл, базлагӯӣ, мутоиба, танз, лутфи латиф ва амсоли ин дар адабиёти гузаштаву имрӯза васеъ истифода гардида, қатъи назар аз типписозиҳову каломи мухайял дар ҳар яки он ҷузъе аз воқеиятҳои зиндагӣ таҷаллӣ дорад.

Табиист, ки мафҳумҳои боло бештар самти ҳадафу мароми умумиро дарбар мегиранд ва дар навбати дигар қолабҳои мушаххаси жанрӣ гуфтори ҳаҷвдоштаро ҳамчун зарофати маҷмӯӣ ифода менамоянд.  Уфуқҳои ҳаҷв дар асарҳои адабиёт фаррохдоман буда, дар публитсистика бо равзанаи муайяни воқеиятнигорӣ доираи нисбатан маҳдудро соҳиб мешавад.

Дар публитсистика фелетон, памфлет, луқма, пародия, эпиграмма, карикатура ва ғайраҳо ҳамчун жанр бори ҳаҷвро бештар ба дӯш гирифта, хостгори ифода намудани ҳақиқати рӯз мегарданд. Дар ин миён жанри мушаххасу алоҳидае бо номи латифа мавқеи меҳвариро ишғол менамояд, ки дар бораи он баҳсҳои гуногун вуҷуд доранд.

Як хосияти ҳамешагии латифа аз оғоз то имрӯз руҳияи иҷтимоиву сиёсӣ доштани он мебошад. Дар навбати аввал маҳз ҳамин унсур латифаро ба доираи жанрҳои воқеъгароёна то ҳадде наздик мегардонад ва бо ин ҷиҳат дар саҳифаҳои ВАО мавриди истифода қарор мегирад. Ба нашр расидани  жанри латифа дар саҳифаҳои матбуот як падидаи маъмулист. Тавассути он маромеву ҳадафе баён гашта, ҳақиқати мушаххасе мавриди ҳаҷву танз қарор дода мешавад.

Тавре зикр гардид, латифа жанри хосаи публитсистика нест ва ба адабиёту эҷоди шифоҳии халқ дахл доштани он фикри даққиқтар аст. Аммо гузашти вақт ва интихоби васеъи дар ихтиёри хонанда қарордошта барои ин жанр фаҳмишҳои навро ба вуҷуд овардааст. Муҳаққиқ В.Лазутина бо назардошти унсурҳои фазову муҳити хабарӣ “латифаи журналистӣ” [2, с. 169] -ро эътироф менамояд ва ба  андешаи ў ингуна латифа низ бо таъсири худ “дар байни мардум сайр карда метавонад” [2, с. 169]

Махсусан, дар шароити рақобати шаклҳои зиёди васоити ахбор  ва интихоби васеъ латифа бо ҳаҷми кутоҳу фарогирии фишурдаи ҷузъиёти рўзгор диққати аудиторияро ҷалб карда метавонад. Муҳаққиқ И.Усмонов дар шинохти латифа ба хулосае меояд, ки латифа “ба журналистика ҳеҷ иртибот надорад” [8, с. 136]. Муҳаққиқи ҳаҷви публитсистӣ М.Муродов бошад, як андоза ин ҳукмро инкор менамояд ва  андеша дорад, ки “ҷанбаи публитсистӣ-воқеъга  роёна дар латифа мушоҳида мешавад” [6, с. 22]. Ҷанбаи воқеъгароёна доштани латифаро Х.Мирзозода низ мункир нест ва ба таври ҷузъӣ аз “алоқаи зичи ғоявӣ ва эҷодӣ” [3, с. 56] –и латифа ишора менамояд. Муҳаққиқони рус  “нақши иҷтимоии латифа” [2, с. 169] -ро дар шароити таҳаввулоти ахборӣ бо ҳаҷми кутоҳаш афзалиятнок низ мешуморанд.

 Жанри латифа чунон як хосияте дорад, ки ҳатто ба адабиёт пурра марбут донистани он ҳукми қотеъ нест. Зеро аксар латифаҳое, ки муаллифонашон адибони алоҳида мебошанд, дар эҷоди даҳанакии халқ низ дида мешаванд. Ба ибораи омиёнаи  дигар муаллифи латифа халқ аст. Танҳо аз ҳамин ҷиҳат – як андоза хосияти ҷамъиятӣ доштан ва ба воқеияте ишорат кардани он, метавон гуфт, ки дар латифа низ рукни иҷтимоӣ пойдор аст.

Дар асоси ин ҳама назарияҳо хулоса кардан мумкин аст, ки чун дар латифа душмани идеологӣ, воқеаи мушаххас ва унсурҳои иҷтимоии вуҷуддошта мавриди ҳаҷву ханда қарор дода мешаванд, пас он робита ба публитсистика дорад. Ҷиҳати дигари ба публитсистика қаробат доштани латифа он аст, ки масалан,   «фелетонннавис метавонад, бо мақсади образнокии матн аз жанрҳои хурди фолклор, махсусан, латифа, зарбулмасал истифода кунад» [7, с. 151].

 Аллакай чанд садсола аст, ки «матбуоти даврӣ майдони асосии публитсистика» [5, с. 131] ба шумор меравад ва дар ин миён матбуоти маҳаллӣ бо фарогирии латифаҳои гуногун истисно нест. Дар саҳифаҳои нашрияҳои маҳаллии замони шӯравӣ латифаҳо бештар дар саҳифаҳои фароғативу адабӣ истифода мегаштанд, ки баррасиву таҳқиқи баъзеи онҳо дар нашрияҳои “Меҳнати коммунистӣ” ва “Коммуна” дар робита ба андешаҳои боло мувофиқи мақсад мебошад.

Ин латифаҳо асосан дар охири ҳафта рӯзҳои шанбе дар саҳифаҳои “Занбўр”, “Саҳифаи назорати халқӣ”, “Сабоҳат” “Лирика”, “Аз эҷодиёти омўзгорон”,“Саҳифаи рўзи истироҳат”, “Саҳифаи рўзи шанбе”, “Гушаи назм” ва ғайра ба нашр расидаанд. Зери сарлавҳаи “Хушгўиҳои студентон” [Меҳнати коммунистӣ. – 1970. – 7 феврал] чор латифа нашр гардидааст, ки аз юмор ва сатираи хос иборат мебошанд. Дар яке аз латифаҳо аҳволи донишҷўи солҳои ҳафтодуми асри гузашта масхара карда мешавад, ки дар таҳсил фориғбол аст:

“Писар ба модар телефон кард.

  • Имтиҳонро супурда натавонистам, афтидам, падарамро тайёр кун.
  • Падарат алакай тайёр, худат эҳтиёт шав, худат эҳтиёт шав, – ҷавоб дод модар” [Меҳнати коммунистӣ. – 1970. – 7 феврал.]

Нисбат ба аҳволи довталабон ва шартҳои қабул ба макотиби олӣ низ хандаи заҳрдор карда мешавад. Маълум мешавад, ки монеасозиву воситабозиҳо дар қабули довталабон дарди дерина мебошад ва ҳанўз 50 сол муқаддам ба ин тамоюл хандида мешавад:

  • “Писари маро ба институт қабул накарданд. Бо Навоӣ шинос ҳастӣ, ё не, гуфта пурсидаанд.
  • Рост, ин вақтҳо бе шинос ба институт даромадан душвор аст, – ҳамдардӣ кард ҳамроҳаш” [Меҳнати коммунистӣ. – 1970. – 7 феврал. №11]

            Маҳорати эҷодӣ ва такомулу равнақи соҳа собит намудааст, ки «асари санъат бояд эҳсос дошта бошад» [1, с. 141] ва ба гумони инҷониб дар латифа ин хосият (омили ҳаҷв) равшантар аст. Латифаҳо ба хонанда дар бораи авзои сиёсӣ ва муҳиту фазои давру замони шӯравӣ хеле осон хулосаҳои гуногунро мебахшанд. Дар ин ҳолат сатираи пурқувват ба кор бурда мешавад ва хандаи заҳрдор авзои номутаносиберо нишон медиҳад.

Дар латифаи дигар ба ҳоли бунёдкорони коммунизм хандида мешавад ва бо ҳасрат аз гузаштаи қабл аз замони шӯравӣ ёд карда мешавад:

“Дар як корхона дарси сиёсӣ рафта истодааст. Лектор аз корманди куҳансолтарини корхона мепурсад:

  • Шумо чи хел тасаввур мекунед, Коммунизм чист?

– Оҳ Коммунизм! Коммунизм ин даврони аҷоибест. Дар он ҳама серу пур аст. Ҳама чиз арзон аст. Навбатҳо ба назар намерасанд. Ташвишҳо вуҷуд надоранд. Ба як ибора ҳама чун замони подшоҳӣ зиндагӣ менамоянд” [9].

Дар латифаи дигар ба ҳоли ду роҳбар, ё ду сиёсатмадор дар замони Ҷанги бузурги ватанӣ хандида мешавад. Дар ин ханда ва мазмун он маънӣ нуҳуфта аст, ки дар миёни Гитлеру Сталин дар як фоҷиаи бузурги башарӣ чандон фарқе дида намешавад:

Аз Черчил пурсиданд:

–  Сталин аз Гитлер бо чӣ фарқ дорад?

– Бо муйлаб [9].

Дар латифаи дигар хосияти андешапарварӣ зиёд аст ва мантиқе дар он вуҷуд дорад, ки чанд якбора чанд масъаларо матраҳ карда метавонад. Нахуст сиёсати даврони сталинӣ ва аз ҷониби дигар пургӯии масъулону ҳолати ногувори соҳаи кишоварзӣ дар замони шӯравӣ:

Комиссари халқии хоҷагии қишлоқи Украинаро ба ҷаласаи Бюрои сиёсӣ даъват менамоянд. Ӯ мепурсад:

– Ман чи хел маърӯза хонам, муфассал, ё кутоҳ?

             –  Чи хеле, ки мехоҳед, Метавонед, кутоҳ, метавонед, муфассал, лекин регламент се дақиқа аст [9].

Дар ҳақиқат доира ва ҷанбаи публитсистии латифаҳо гуногун аст ва ин ягона жанрест, ки ба тамоми мавзўъҳо дахл карда метавонад. Чунин хусусият ба он ваҷҳ аст, ки халқияти ин жанр баланд мебошад ва дар фаҳму дарки он чандон мушкилӣ вуҷуд надорад.

Ба ақидаи М.Муродов “тавлиди сухани кутоҳу пурмаънӣ ва латифу дилчасп ба дараҷаи эмотсионалии он вобаста аст” [4, с. 62-67]. Маълум аст, ки чунин эҳсос (эмотсия) бештар дар меҳвари ҳақиқати ҳаёт давр мезанад ва дар доираи маҳдудтар дар қолаби жанри латифа хеле хуб ифода ёфта метавонад.  Дар латифаи “Хабар надорам” [Зайниддинов В. Латифаҳо / Коммуна. – 1966. – 17 сентябр] ба ҳоли милитсионер хандида мешавад ва мантиқан юмор ва сатираро дар якҷоягӣ дар худ нигоҳ медорад:

“Шахсе ҳамёни худро гум кард ва ба милиотсионер муроҷиат кард.

Милиотсионер гуфт: мебахшед, ман нагирифтаам” [Зайниддинов В. Латифаҳо / Коммуна. – 1966. – 17 сентябр.]

Дар латифаи “Наход, ки нашиносам” як дараҷа аҳволи мухбирони ҷамоатии рўзномаи он солҳо нишон дода мешавад. Аз мазмуни он пай бурдан мумкин аст, ки манфиатҷўиҳо аз матолиби саҳифаҳои рўзномаи солҳои шастум як анъанаи маълум аст:  “Мухбиртароше бо мақолаҳои худ идораи газетаро охурча намуд. Рўзе ў бо муҳаррир вохўрда гуфт: чаро мақолаҳои маро чоп намекунед? Муҳаррир гуфт: шумо бо он шахсоне ки таъриф кардед, аз дур шиносед. Мухбир гуфт: тавба, наход бо хешу табори худ аз дур шинос бошам” [Зайниддинов В. Латифаҳо / Коммуна. – 1966. – 17 сентябр].

Латифа моли фолклор ва халқ номида мешавад ва шояд ба ҳамин ҷиҳат аст, ки аксари латифаҳо бидуни муаллифанд. Одатан дар ин гуна латифаҳо мантиқи баён амиқият пайдо мекунад. Чунон чӣ дар латифаи “Аспро надидааст” [Меҳнати сотсиалистӣ. – 1972. – 22 январ.] ба сатҳу сифати таълим хандида мешавад:

  • Муаллими мо ҳанўз аспро надида будааст,- гуфт писар ба падар.
  • Чаро ин хел мегўи?
  • Дирўз ба тахтаи синф расми аспро кашида, аз мо “ин расми чӣ” гуфта пурсид” [Меҳнати сотсиалистӣ. – 1972. – 22 январ.]

Дар баъзе ҳолатҳо латифаҳои имрӯзаро аз эпиграмма фарқ кунонидан душвор аст. Маълум аст, ки эпиграмма ҳаҷми васеъро чандон намеписандад ва маъмул аст, ки дар наср ду-се ҷумла ва дар назм 2-3 байтро ташкил медиҳад. Хандаи эпиграмма ҳамчун юмори сабук завқбахш аст ва монанди латифа хонандаро ба завқ оварда метавонад. Ҳамзамон эпиграммаҳои хуб чун латифа дар забони мардум ҷорӣ мешавад. Таҷрибаву андешаҳои гуногун нишон медиҳанд, ки зпиграмма на хандидан (сатира), балки хандониданро (юмор) бештар суроғ мекунад ва бо ҳамин роҳ иллати иҷтимоиро нишон медиҳад. Дар ҳамин сурат ҳаҷми кутоҳ ба мақсад созгортар буда, латифамонанд будани он диққати хонандаро бештар ҷалб карда метавонад.

Эпиграммаҳо метавонанд, ки дар қолаби латифаҳои кўтоҳ низ маънии махсусро ифода кунанд. Масалан дар ин эпиграмма дар баробари бесаводии хонандагон ба паҳлўи дигари масъалаи иҷтимоӣ ишора карда мешавад. Маълум мешавад, ки муаллиф чандон ҷонибдори номгузории мактабҳо нест: “Аз талабае пурсиданд, ки номи мактабатон чист? Номи мактабро ба ман касе нагуфтааст, ман ҳам номашро намедонам” [Латифаҳо / Коммуна. – 1960. – 23 январ.]

Латифа бо мазмуни худ камтар аз фелетону памфлет нест. Ҳарчанд дар он баъзан қаҳрамонон типпӣ кунонида шаванд ҳам, аммо “адресс”-и ҳатмии худро дорад. Як хосияти фелетону памфлет он аст, ки дар онҳо мазмуни афсона, ривоят, ё ягон латифаи ҳаҷви тунддошта мисол оварда шуда, ҳаёти қаҳрамон ба он монанд карда мешавад. Мушоҳидаву таҳқиқҳо нишон медиҳанд, ки агар дар гузашта мазмуни фелетону памфлетҳо дар асоси ривояту афсонаҳо шакл пайдо мекарда бошанд, пас имрӯз латифа ба мақоми аввалтар баромадааст. Зеро дар шароити имрӯзаи ниҳоят зиёд будани теъдоди васоити ахбор, ки хонанда баъзан роҳгум низ мезанад, матлаби ҳаҷман кутоҳ таваҷӯҳро бештар ҷалб менамояд. Дар памфлет тамасхур ва танқиди шадиди маҳвкунанда дар асоси мазмуни афсонаву латифаҳо навишта мешаванд, ки чунин хислат дар памфлетҳои устод Айнӣ дар замони ҶБВ равшан падидор аст.

Раванди бунёдкориҳову сохтмонҳо шебу фарози зиёд дошт ва бо пешниҳоди муколамаву саҳнаҳои рамзиву воқеӣ ва таҷаммўи симои  инсонҳои бунёдкор ин ҳолати инъикос дар мувофиқат ба оҳанги рўз ва талаботи идеологӣ баррасӣ мегардид. Навиштаи таҳиякардаи Х. Азимов бо номи “Як рўз кор мекунем, ду рўз кор мекунем…” [Меҳнати коммунистӣ. – 1973. – 22 декабр] аз лиҳози қолаб ва бандубасти баён ба памфлет монанд аст, ки амали фиребгаронаву меҳнатгурезонаи коргарони заводро маҳкум менамояд. Дар он дарду доғи рўз – фиребу найрангбозӣ ҳамчун муаммо ошкор карда мешавад. Ҳарчанд навишта адресси мушаххас надошта бошад ҳам, он ба ду самт майл пайдо менамояд. Нахуст нисбат ба аҳли бригадаи алоҳидаи завод ва сониян роҳбарияти он хандаи заҳрдор карда мешавад. Дар ин матлаб нисбат ба бюрократияи дар завод вуҷуддошта хандида мешавад, ки оқибати худситоии онҳо ба нестиву барҳам додани завод боис шудааст:

“- Бадии кор дар ҳамин, ки заводамонро барҳам медиҳанд.

  • Барои чӣ? – пурсидем аз ў.
  • Агар шумо бо як бригада ҳамаи планҳои заводро иҷро кунед, пас завод чӣ лозим? – гуфт собиқ сардори сех” [Азимов Х. / Меҳнати коммунистӣ. – 1973. – 22 декабр].

Масъалаи сохтмону бунёдкориҳоро танҳо дар домани жанрҳои алоҳида (очерк, лавҳа, эссе) дарёфтан андешаи саҳеҳ нест. Дар ин роҳ ба ҷуз аз жанрҳои хабарӣ жанрҳои фелетон, латифа, карикатура низ ба кор бурда мешаванд. Зеро маълум аст, ки дирўзу имрўз таркиби ҷамоаи меҳнатии ҳар як сохтмону иншооти бунёдшаванда мухолифону ҳатулкорону қаллобони худро дорад. Рўзномаи замони шуравӣ дар ин ҷода шаклу самти махсуси инъикоси масъаларо дошт ва ба муқобили вайронкорону муфтхўрон муборизаи қатъиро ба роҳ мегузошт.

Аз чанд андешаи боло чунин натиҷагирӣ кардан мумкин аст, ки латифа қолаби жанриест, ки тавассути он оҳанги иҷтимоӣ хеле таъсирбахш замзама мегардад. Бо фарогирии уфуқҳои гуногуни воқеият нуқсону камбудиҳои ҷомеаро нишон дода метавонад. Вобаста ба публитсистика робита доштани латифа ба чунин хулосаҳо расидан мумкин аст:

            – Латифа  жанри хосаи публитсистӣ набошад ҳам, дар қолаби ҳаҷв ба проблемаҳои иҷтимоиву сиёсӣ дахл намуда,  дар аксар ҳолатҳо бо моҳияти иҷтимоии худ дар саҳифаҳои ВАО оҳанги воқеии рўзро ифода карда тавонистааст;

– Ягона жанри публитсистӣ мебошад, ки баъзан чун шеъру таронаҳои дилчасп дар забони мардум ҷорӣ мешавад;

– Латифа ҳаҷву тамасхури тунд дошта, мухотабро ба таври оҷил ба вокуниш водор менамояд;

 – Дар латифа қаҳрамононе бештар таваҷҷуҳро ҷалб менамояд, ки соҳибмақому масъул мебошанд;

– Латифа дар публитсистика  бештар сатираро пайгирӣ менамояд ва қаҳрамону мавзӯъ дар аксар ҳолат воқеӣ мешаванд;

– Мазмуни духураи латифа, ки дар адабиёт бештар маъмул аст, ба публитсистика низ хос буда, ба омилҳои сензор ва худсензор бештар рабт пайдо менамояд;

– Типпӣ гардонидани воқеа, ё қаҳрамон мувофиқи авзои рӯз сурат гирифта, баъд аз фосилаи муайяни вақт шакли худро дигар менамояд;

– Интернет ҳамчун воситаи иртиботӣ ва ҳам иттилотӣ дар нашри латифаҳо бештар мусоидат карда, дар замони имрӯза хонандаи ин жанрро бештар гардонидааст.

Ҳошимзода Бахтиёр Ҳошим

доктори илми филология, дотсент,

 декани факултаи журналистика.