Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз муқаддасоти асосии миллӣ, дар баробари Конститутсия, забони давлатӣ, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори милли ҷойгоҳи хосса дорад. Қабули он дар иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ рамзи бақои давлатдорӣ гардидааст.
Ҳамасола 24 ноябр дар саросари ҷумҳурӣ Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихор, эҳтиром ва шукӯҳу шаҳомати махсус таҷлил мегардад. Ин сана рамзи соҳибистиқлолии давлат, пойдории миллӣ ва ифодаи ваҳдату ягонагии мардум ба ҳисоб меравад.
Имрӯз (22.11.2024), ба ифтихори ин ҷашни давлатӣ, дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор шуд. Дар чорабинӣ ҳайати бузурги донишҷӯёну устодон, намояндагони раёсат, кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, магистрантон, докторантони PhD ва олимони ҷавон иштирок намуданд. Қатори роҳпаймоён парчами 32-метра баланд бардошта шуд, ки рамзи эҳтирому садоқат ба ливои миллӣ ва арзишҳои истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлол бо шарофати сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рамзи неруи давлатдорӣ, нангу номуси миллӣ, ҳаёти осуда ва умед ба фардои обод табдил ёфтааст. Пешвои миллат дар суханони худ таъкид намудаанд:
«Парчами давлатӣ барои мо — тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ мебошад».
Ин чорабинӣ бори дигар собит сохт, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муқаддасу рӯҳбаландкунандаи миллат, аҳли ҷомеаро сарҷамъ месозад ва ба заҳмати созандаи ҷавонону сокинони кишвар неруи тоза мебахшад.





















