РОҲБАРИ ДАВЛАТ ВА ПАРЧАМИ МИЛЛӢ

0
61

(баргузидаи суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Парчами миллӣ)

1. Хушбахтона, ба шарофати истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардиданд.

2. Парчам дар радифи Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллии мо мебошад.

3. Парчам барои мардуми тоҷик рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ ва шуҷоату мардонагӣ буда, халқи мо аз замонҳои қадим ба он ҳамчун василаи муттаҳидкунанда арҷ мегузорад.

4. Ливои зафару нусратҳои мардуми кишварамон ҳамаи моро ба сӯи ояндаи неку дурахшони Ватани азизамон ҳидоят менамояд.

5. Парчам аз байни се рукни муқаддаси миллӣ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии халқи тоҷик мақому манзалати хосса дорад.

6. Таърихи парчамдории миллати мо аз Дирафши Ковиёнӣ оғоз мегардад ва мо имрӯз аз ин таърихи пурғановати чандинҳазорсола ҳувият ва ҳастии халқамонро ҳифз кардааст, ифтихор мекунем.

7. Ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон ва гиромидошти ин рамзи давлати соҳибистиқлоламон 24 – уми ноябрро ҳамчун Рўзи парчам эълон доштем.

8. Ойини парчамдории халқи мо дар масири таърихи чандинҳазорсолаи он умеду ормон ва дастовардҳои мардуми сарбаланди мо, яъне давраҳои гузаштаи давлатдории тоҷикон ва даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони навинро таҷассум менамояд.

9. Парчами давлатӣ дар қатори Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллати соҳибихтиёр ва давлати соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад.

10. Аҷдоди мо ҳанўз аз замони Каёниён соҳиби дирафше будаанд, ки мавҷудияти давлати онҳоро ифода мекард.

11. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда мешавад.

12. Дирафши Ковиён то замони суқути давлати Сосониён дирафши миллӣ ва давлатии ниёгони тоҷикон буд.

13. Дирафш аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат будааст ва ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонсупориҳо кардаанд.

14. Парчами давлатӣ дар раванди бунёди давлатдории навин нишонаи возеҳи соҳибдавлатии миллат, мояи ифтихори шаҳрвандон ва омили муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии мардум ба хотири ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва илҳомбахши ҳар як фарди ҷомеа барои заҳмати содиқона ба хотири фардои ободу осуда мебошад.

15. Сатрҳои «Зи дурии замонаҳо расидаем, ба зери Парчами ту саф кашидаем», ки дар Суруди миллии кишвар садо медиҳад, дар замири ҳар як шахси огоҳу бедордил хотираи пур аз ифтихори таърихӣ ва эҳсоси садоқат ба ойину анъанаҳои деринаи миллиро бедор месозанд.

16. Дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар баёнгари воқеияте мебошанд, ки мардуми шарафманди тоҷик таҳти Парчами давлатии худ имкони ба таърихи гузашта ва мазмуну моҳияти воқеии давлатдории навини хеш бо чашми ибратомӯз ва диди нав назар намуданро пайдо карданд.

17. Ойини парчамдории мо ҳамчун суннати пайвандгари наслҳо ва омили иттиҳоду сарҷамъии сокинони мамлакат умри ҷовидонӣ хоҳад дошт.

18. Имрӯз Тоҷикистони маҳбуби мо таҳти парафшонии Парчами давлатии худ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускору сулҳдӯст муаррифӣ гардида, ҷомеаи ҷаҳонӣ ибтикороти моро ба хотири ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла обу иқлим ва дигар масъалаҳои мубраму доғи рӯз дастгирӣ мекунад.

19. Ҳоло Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар радифи парчамҳои давлатии дигар кишварҳои олам дар созмонҳои бузурги байналмилалӣ парафшон мебошад, ки дар баробари эҳсоси ифтихор масъулияти ҳар як фарди ҷомеаро баланд мебардорад.

20. Мо ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ бояд ҳамеша талқин намоем, ки парчами давлатӣ шарафи инсонӣ, нангу номуси миллӣ ва рӯйи сурху сари баланди ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад.

21. Парчам ҳанўз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукўҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрўз боқӣ мондаанд, аз ин гувоҳӣ медиҳанд.

22. Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

23. Баландии манораи ливои пуршарафи озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон 165 метрро ташкил медиҳад, ки мутобиқи маълумоти мутахассисон дар ҷаҳон баландтарин буда, тўли матои рангинкамони он ба 60 метр ва паҳноиаш ба 30 метр баробар мебошад.

24. Маҳз истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукўҳи тамоми санаҳои таърихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти Парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти Ватанамон шароити мусоидро фароҳам овард.

25. Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди Миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад, ки дар иҷлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олии ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд.

26. Парчами давлатӣ бар фарози биноҳои қароргоҳи расмии Президенти кишвар, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат, гузаргоҳҳои марзиву гумрукӣ ва дигар ҷойҳо доимо афрохта шуда, парафшонӣ мекунад.

27. Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рўҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

28. Бигзор, Парчами пурҷило ва нурафшони истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон меҳри Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд.

29. Парчами давлати навини тоҷикон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, аз нахустин рӯзҳои қабули он мардуми мо дар роҳи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу оромӣ ва бунёди давлатдории миллии худ қадамҳои устувор гузоштанд ва ба зиндагии осудаву ороми имрӯза расиданд.

30. Парчами давлатии Тоҷикистон, ки танҳо баъди гузашти беш аз як соли соҳибистиқлолӣ, дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ва дар вазнинтарин рӯзҳои таърихи халқамон қабул гардид, мардуми кишвар ва фарзандони огоҳу бедордили Ватанро ба хотири барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, таъмин намудани волоияти қонун ва муҳимтар аз ҳама, ҳимояи истиқлолу озодӣ ва якпорчагии сарзамини аҷдодӣ муттаҳид намуд ва ба онҳо тавону неру бахшид.

31. Парчами давлатӣ ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ, таҷассумгари асосҳои таърихӣ, мероси ғановатманду арзишманди миллӣ, ифодагари мақсаду маром ва орзуву омоли мардуми куҳанбунёдамон, дар ҳақиқат мояи ифтихори ҳар фарди ватандӯсту ватандор мебошад.

32. Дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол парафшон гардидани ин рамзи муқаддас тантанаи озодӣ, иттиҳод ва адолат ба ҳисоб меравад, ки тоҷикон дар заминаи чунин арзишҳои наҷотбахшу созанда ҳамчун миллати мутамаддин ташаккул ёфтаанд.

33. Мардуми сарбаланди мо парчамро чун нишонаи нангу номус ва адолату осоиш ҳамеша ҳифз мекунанд ва тибқи анъанаи ниёгони худ парафшон будани парчамро бо сарафрозии ҳар як фард баробар медонанд.

34. Парчами давлатӣ ба омили бисёр муҳимми болоравии ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандории шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил ёфтааст.

35. Мехоҳам бо ифтихору қаноатмандӣ зикр намоям, ки ҳоло мардуми шарифи кишвар, бахусус, насли ҷавону ояндасози мо сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намуда, хуб дарк намудаанд, ки эҳтироми рамзҳои миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ маънои ифтихор аз давлати соҳибистиқлол, арҷгузорӣ ба гузаштаи халқи бостониамон ва заҳмати содиқона ба хотири фардои ободи Ватани маҳбубамонро дорад.

36. Мардуми шарифи Тоҷикистон зери Парчами миллӣ ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расид ва мо сиёсати созандаву бунёдкоронаамонро барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва эъмори ҷомеаи нав – ҷомеаи озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ минбаъд низ таҳти ин рамзи муқаддаси миллӣ амалӣ мегардонем.

37. Эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар як фарди Ватан нисбат ба давлатдории миллӣ буда, мардуми шарифи Тоҷикистон зери ливои давлати худ дар ҳамаи соҳаҳо садоқатмандона заҳмат мекашанд.

38. Халқи тоҷик аз замонҳои хеле қадим то даврони навин ба суннати парчамдорӣ арҷи хосса мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад.

39. Ойини парчамдории мо ба сифати пайвандгари наслҳо умри ҷовидонӣ дорад ва бо хусусиятҳои хоси худ яке аз омилҳои муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии сокинони мамлакат мебошад.

40. Дар замони соҳибистиқлолӣ парафшон гардидани баландтарин Парчами давлатӣ дар пойтахти мамлакатамон – шаҳри Душанбе идомаи суннати қадимаи парчамдории халқамон ба ҳисоб меравад.

41. Барафрохта шудани Парчами давлатӣ дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз таҳким ёфтани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба рамзҳову арзишҳои миллӣ ва ойину суннатҳои давлатдории халқамон дар гӯшаву канораҳои гуногуни кишварамон гувоҳӣ медиҳад.

42. Парчам дар замони соҳибистиқлолӣ тавонист, ки ваҳдату ягонагӣ, ҳисси баланди миллӣ, нангу номуси ватандорӣ, инсондӯстиву фарҳансолорӣ ва саъю талоши созандагии мардуми сарбаланди тоҷикро таҷассум намояд ва ормону орзуҳои деринаи халқамонро дубора зинда гардонад.

43. Мо бояд Парчами давлатиро мисли аҷдоди худ ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем, рӯҳу ҷони худро бо он пайванд созем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш таҳти ин ливои зафар сарҷамъ бошем.

44. Соли 1994 Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд, ки дар он парчами кишварамон дар баробари дигар рамзҳои давлатӣ ҳамчун нишонаи ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллии тоҷикон дарҷ гардид.

45. Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддастарин рамзи давлатдории мо бо се ранги худ баёнгари ҳувият, таърих ва моҳияти давлати тоҷикон ва далели возеҳи соҳибватаниву соҳибистиқлолии мо мебошад.

46. Қабули Парчами давлатӣ дар давраи ниҳоят ҳассоси таърихи давлати тозаистиқлоламон ба мардуми мо тавону қувваи тоза бахшид ва онҳоро муттаҳид сохт, ки таҳти парафшонии маҳз ҳамин парчами давлатӣ сохти конститутсиониро барқарор ва сулҳу оромиро дар кишвар таъмин намоянд.

47. Парчами давлатӣ рамзест, ки қудрати муттаҳидкунанда дорад ва дар қалби ҳар як шаҳрванд ғурури миллӣ ва эҳсоси гарми ватандориро бедор мекунад.

48. Ҳифзи Парчам ва арҷгузорӣ ба он нишонаи ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад.

49. Мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки мардуми Тоҷикистон, хусусан, наврасону ҷавонон аз рӯзи қабули Парчами миллӣ ҳамеша ба он эҳтиром мегузоранд, онро аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ ва нишони зиндагии осудаву ороми хеш медонанд.

50. Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарасти мамлакат ба ҳисоб рафта, ҳар сол бо камоли ифтихору эҳтиром нисбат ба ин рамзи давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад.

51. Қабули Парчами миллӣ ба мо имкон дод, ки ба мазмуну моҳияти ҳаёти давлат ва ҷомеаи худ бо диди нав назар андозем, ба таърихи гузаштаи халқамон бо чашми ибрат нигоҳ кунем ва ба сӯйи ояндаи дурахшону ободи давлату халқи Тоҷикистон бо эътимоди қавӣ қадам гузорем.

52. Бигзор, Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ифтихору сарбаландӣ, нангу номус ва сарҷамъии миллат дар фазои осудаву ороми кишварамон то абад парафшон ва илҳомбахши раванди созандагиву рушди Ватани азизамон – Тоҷикистон бошад.

53. Бояд гуфт, ки ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ парчам барои мардуми куҳанбунёди тоҷик рамзи давлатдориву ватандорӣ, таҷассумгари ҳувияти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу номус ба шумор рафта, фарзандони сарсупурдаи халқамон барои ҳифзи он ҷоннисориҳо кардаанд.

54. Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки имрӯз дар қатори дигар кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар назди бинои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ парафшон мебошад.

55. Парчами миллӣ, ки ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангсолори мо мебошад, ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос кардааст.

56. Дар ҷаҳони муосир соҳиби парчами миллӣ будан яке аз рамзҳои асоситарини истиқлолу озодӣ ва давлатдории мустақил мебошад.

57. Дар қатори дигар рамзҳои муқаддаси миллӣ арҷгузорӣ ба Парчам ва ба ҷо овардани эҳтироми он қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба шумор меравад.

58. Мо вазифадорем, ки Парчами миллии худро ҳифз намоем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварем.

59. Парчами миллӣ ҳамчун рамзи муқаддаси давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёри тоҷикон бояд нишони сарисинагии ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар ва бонангу номуси ҷомеа бошад.

60. Парчами миллӣ бар фарози иншооти азим, ташкилоту идораҳои давлатӣ, муассисаҳои фарҳангиву таълимӣ ва коргоҳу корхонаҳо барафрохта шуда, солҳои охир дар маркази шаҳру ноҳияҳои мамлакат даҳҳо майдони парчам бунёд гардиданд.

61. Ҳоло майдонҳои парчам ба макони баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҳамоишҳои ватандӯстонаи шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла ҷавонон табдил ёфтаанд.

62. Қобили зикр аст, ки ойини бостонии парчамдорӣ – аз дирафши ковиёнӣ то парчами имрӯзаи давлатӣ – дар тӯли таърихи дуру дарози тоҷикон имкон фароҳам овард, ки миллати сарбаланди мо таҳти ин рамзи ватандорӣ дар муқобили ҳама гуна таҳдидҳо истодагарӣ карда, мероси ғании ниёгон, арзишҳои бостонии миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳастии миллати худро ҳифз намояд.

63. Эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар як фарди Ватан нисбат ба давлатдории миллӣ буда, мардуми шарифи Тоҷикистон зери ливои давлати худ дар ҳамаи соҳаҳо садоқатмандона заҳмат мекашанд.

64. Халқи тоҷик аз замонҳои хеле қадим то даврони навин ба суннати парчамдорӣ арҷи хосса мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад.

65. Ойини парчамдории мо ба сифати пайвандгари наслҳо умри ҷовидонӣ дорад ва бо хусусиятҳои хоси худ яке аз омилҳои муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии сокинони мамлакат мебошад.