Гулов Сангин Нурович, мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии ДМТ, дотсент
Илми тоҳик таърихи ҳазорсолаҳо дорад. Дар ин бора садҳо маъхазҳои илмӣ гувоҳӣ медиҳанд. Тоҷикон дар хазинаи илмии олам бо шоҳкориҳои худ дар ҳама самтҳои илм, аз ҷумла табиатшиносӣ, математика, тибб, ҷуғрофия, фалсафа нақш доштанд. Аммо дар бораи журналистикаи тоҳик наметавон ин суханро гуфт. «Журналистикаи тоҳик аз шохаҳои серпаҳлу, вале хеле кам таҳқиқшудаи илмҳои гуманитарии мо мебошад.» (1. 9). То солҳои 70-уми асри 20 баъзе паҳлуҳои таҳқиқи илмии журналистикаи тоҳик дар осори илмии адабиётшиносону муаррихони ҳудогона мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Ҳамчунин то замони истиқлол олимону муҳаққиқон танҳо ба таҳқиқи таърихи матбуоти тоҷик ва нақши ВАО дар иҷрои вазифаҳои идеологии ҳукуматӣ (ҳизбӣ) таваҷҷуҳ доштанд. Таҳқиқи масъалаҳои назариявию амалии журналистика, таърихи радиову телевизион, нақши расонаҳо дар ташаккули афкори омма ва дигаргуниҳои ҷомеа, журналистикаи соҳавӣ баъди солҳои 90-уми асри 20 шуруъ шуд. “Агар гўем, ки таҳқиқи илмии таърих, назария ва амалияи журналистикаи тоҳик ба таври консептуалӣ дар замони истиқлол ташаккул ёфтааст, хато нахоҳад шуд.” (2. 256)
Дар муҳити илмии тоҷик доир ба радиожурналистика китобу рисола ва ёддошт кам нест. Дар ин самт метавон ба таври умумӣ аз асарҳои олимону муҳаққиқон И. Усмонов, Д. Давронов (Таърихи журналистикаи тоҳик. – Душанбе, 2009 – 297 с.), А. Саъдуллоев (Жанрҳои журналистикаи радио. – Душанбе, 1997. – 48 с., Жанрҳои журналистикаи радио. – Душанбе: Эҷод, 2005. -72 с., ҳаммуаллиф), А. Азимов (Таърихи ташаккули радиои тоҷик. – Душанбе: Матбуот, 2005. – 28 с.), С. Гулов (Амвоҷи сухан. – Душанбе: «Эҷод», 2005. – 96 с.), С. Хоҳазод (Таърихи Радиои Тоҷикистон, қ. 1. – Душанбе: Деваштич, 2006. -144 с., Таърихи Радиои Тоҷикистон, қ. 2. – Душанбе: Деваштич, 2006. – 220 с., Махсусияти жанрҳои радиоӣ. – Душанбе: Балоѓат, – 336 с. (ҳаммуаллиф)), А. Ализода (Нақши баранда дар барномаҳои радио ва телевизион. – Душанбе: Балоѓат, – 280 с.), С. Раҳматов (Минбари савту калом.– Душанбе: Статус, 2001.-172 с.), маҳмўаи “Ошёни булбулон” (- Душанбе: Ирфон, 1990. -72 с.), “Расонаи зиндагӣ” (- Душанбе, 2021. – 252 с.), ва ѓайра ном бурд, ки робитае бо фаъолияти радиои “Тоҳикистон” доранд. Ҳамзамон, аз рисолаву китобҳои профессор М. Муқимов “Воқеияти Тоҳикистони соҳибистиқлол ва проблемаҳои инъикоси он дар воситаҳои электронии ахбори хориҳӣ”, “Дастур барои радиожурналистони ҳавон” (ҳаммуаллиф), “Ҳақиқат ва дурўғ”, “Сиёсат ва ҳанги иттилоотӣ”, “Мусоҳиба ва технологияи таҳияи он” метавон ёдовар гардид, ки дар онҳо доир ба радио (дар маҳмўъ) ва баъзе паҳлуҳои фаъолияти он ишора шудааст. Маҳмўи мақолаҳое, ки зери унвони “Журналистикаи байналхалқӣ” (дар 11 ҳилд) ва маҳмўаҳои “Замони муосир ва журналистика”, “Васоити электронии ахбор ва ормонҳои миллӣ” ба табъ расидаанд, мақолаҳое доранд, ки ба радиожурналистика дахл доранд.
Таҳқиқи илмии радио ҳамчун ВАО дар Ҳумҳурии Тоҳикистон то оѓози солҳои 2000-ум ба таври густурда ба роҳ монда нашуда буд. Агар ёддошту мақолаҳои ҳудогонаи кормандону масъулини радио ва муҳаққиқони журналистикаро истисно кунед, пас метавон гуфт, ки асосан фаъолияти радиожурналистика дар таҳқиқотҳои муҳаққиқон Саидмуроди Хоҳазод, Дилафрўз Рустамзода, Обидҳон Саидзода, Умринисо Наҳмиддинова, Шодмон Холов ва чанд муҳаққиқи дигар сурат гирифтаву мегирад. Ин донишмандону унвонҳўён дар мақолаву рисолаҳои илмии хеш роҳеъ ба таърихи таъсис ва ташаккули радиои Тоҳикистон, нақши хонишҳои бадеӣ дар рушди журналистикаи радиоӣ, риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар фаъолияти радиожурналистон, таҳаввули техникӣ ва эҳодии барномаҳои радио, махсусияти барномаҳои субҳгоҳии радио, таҳаввулоти жанрҳои радиоӣ, таърихи таъсиси радиоҳои ѓайриҳукуматӣ ва ҳойгоҳи онҳо дар фазои иттилоотии Тоҳикистон, таъсису рушди радиоҳои иттилоотиву фароғатӣ дар Тоҷикистон ва ѓайраро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Мо дар як мақола наметавонем ҳама корҳои илмии дар ин самт анҳомдодашударо номбар кунем ва баҳо диҳем. Ба таври фишурда аз чанд таҳқиқот ёдовар мешавем.
Муҳаққиқ Саидмурод Хоҳазод дар рисолаҳои номзадӣ ва доктории худ “Радиои “Тоҳикистон” дар солҳои истиқлолият: таърих, махсусияти жанр ва пешомад” (соли 2009) ва “Нақши радиои “Тоҳикистон” дар ташаккули афкори омма дар замони истиқлолият” (соли 2015) таърихи таъсиси радио ва ташаккули радиошунавонӣ дар Тоҳикистон (аз ҳумла радиои «Тоҳикистон»)-ро таҳқиқ кардааст. Дар ин рисола махсусияти радио ҳамчун воситаи муҳими иттилоърасонӣ дар замони истиқлолияти давлатӣ, бурду бохт ва мушкилоти фаъолияти радиои “Тоҳикистон” дар солҳои аввали истиқлол, нақши он дар истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, хусусияти жанриву мавзўӣ ва сохтории радио, маҳорати журналистон дар инъикоси рўйдодҳову таҳаввулоти ҳомеа ва монанди ин таҳлилу таҳқиқ гардидааст. Муҳаққиқ тавонистааст, ки нақши радиоро ҳамчун воситаи муқтадири иттилоърасонӣ дар давраҳои гуногун нишон диҳад, таърихи ташаккули онро дар робита ба дигаргуниҳои сиёсиву иҳтимоии ҳомеа даврабандӣ намояд. Ҳамчунин бо таҳлили барномаҳои ҳудогона нақши онҳоро дар пешрафти радиожурналистикаи тоҳик зикр намуда, ба маҳорати касбиии муаллифонашон арзиш додааст. Рисолаҳои номзадӣ ва доктории С. Хоҳазод аввалин таҳқиқоти диссертатсионие мебошанд, ки ба фаъолияти радио дар Тоҳикистон бахшида шудаанд. (7, 8)
Таҳқиқоти дигари ба фаъолияти радиои «Тоҳикистон» бахшидашуда ин диссертатсияи номзадии Дилафрўз Рустамзода «Проблемаҳои риояи меъёрҳои этикаи касбӣ дар барномаҳои радиои «Тоҳикистон»» (соли 2019) мебошад. Мавзўи Дилафрўз Рустамзода аз зумраи мавзўъҳоест, ки нисбат ба мақом ва сатҳаш дар журналистикаи тоҳик ба таври муфассал таҳқиқ нашудааст. Таҳқиқҳо доир ба масъалаҳои этикаи касбӣ (муҳаққиқон Хушдил Раҳимҳонов масъалаҳои умумии этикаи касбӣ ва Мутриба Бобоҳонова мавзўи махсусияти риояи меъёрҳои этикӣ дар матбуоти маҳаллиро таҳқиқ кардаанд) ҳастанд, вале махсус ба радио бахшида нашудаанд. Муҳаққиқ Дилафрўз Рустамзода зикр мекунад, ки риояи меъёрҳои этикаи касбии журналист дар ВАО бозгўйи маърифату касбияти журналист мебошад. Ба андешаи Дилафрўз Рустамзода, воситаҳои ахбори омма, махсусан, радио бидуни риояи меъёрҳои этикаи касбӣ, бо сарфи назар намудани хусусиятҳои менталитетии мардум, арзишҳои хоси ҳомеа наметавонанд муваффақ бошанд. Дар ин таҳқиқот муаллиф масъалаҳои умумии назариявӣ дар робита ба этикаи касбии журналист, аҳамияти риояи меъёрҳои ахлоқи касбии журналист дар фаъолияти касбӣ, вазъи муносибати журналистони радиои “Тоҳикистон” бо меъёрҳои этикаи касбӣ, таносуби арзишу анъанаҳои миллӣ ва одоби журналистӣ дар радиои “Тоҳикистон”, дараҳаи мувофиқат ва сатҳи журналистикаи радиоии тоҳик дар самти арҳгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, раванди ҳаҳонишавии проблемаҳои касбӣ-ахлоқӣ ва таъсири он ба барномаҳои радиои “Тоҳикистон”, раванди риояи санади этикии миллӣ – “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҳикистон” дар радиои “Тоҳикистон” ва ѓайраро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ин пажуҳиш аз он ҳиҳат арзиши илмӣ дорад, ки бори аввал дар илми журналистикаи тоҳик масъалаҳои назариявии этикаи касбии журналистро дар иртибот ба амалия дар як расонаи умумимиллӣ таҳқиқ кардааст. (4)
Таҳқиқоти Обидҳон Саидзода “Махсусияти таблиѓи адабиёт ва санъат дар осори савтии радио “Тоҳикистон”” (соли 2019) ном дошта, барномаҳои калонҳаҳми “Хонишҳои адабӣ”, “Хонишҳои бадеӣ”, “Намоишномаҳои радиоӣ”, “Драмаҳои радиоӣ”, “Инсенировкаҳои радиоӣ” ва “Пйесаҳои радиоӣ”-ро мавриди пажуҳиши илмӣ қарор додааст. Дар ин рисола муаллиф ба таърихи таъсиси чунин барномаҳо, нақши онҳо дар тарѓиби осори адабиву ҳунарӣ ва боло бурдани маърифату завқи эстетикии аудитория, таҳаввулот дар ҳадаф ва мавзўи чунин барномаҳо ва монанди ин равшанӣ андохтааст. Дар пажуҳиш қайд мегардад, ки гуфторҳои адабӣ бо истифода аз анъанаи адабии маҳорати суханварӣ ва достонсароӣ, на танҳо инъикоскунандаи масоили ҳаётӣ гардид, балки ба майдони сайқали маҳорати адибону публитсистон, ровиён, актёрон ва рўзноманигорон табдил ёфт. Маҳз дар ин барномаҳо маҳорати публитсистии каломи мавзуни чандин насли ровиён шакл гирифт. (5)
Муаллиф қайд мекунад, ки дар замони муосир хонишҳои адабиву бадеӣ аз доираи барномаҳои радиои “Тоҳикистон” берун рафта, характери умумишабакавӣ касб карданд. Ба андешаи муҳаққиқ, омили аслии хислати умумишабакавӣ касб намудани хонишҳои адабиву бадеӣ таъсиррасонӣ ба афкору эҳсоси аудитория тавассути онҳо аст. Дар натиҳаи таҳқиқ бармеояд, ки ровӣ дар осори савтӣ нақши муҳим дорад. Таъсири осори савтӣ, омилҳои маҳбубияти онҳо, барангехтани эҳсоси аудитория ба ровии марѓулаовоз ва хушсадо рабт дорад. Зиёд гардидани намоишномаҳои радиоӣ, хонишҳои адабиву бадеӣ дар радиоҳои Тоҳикистон ва қироати онҳо аз ҳониби муҳаррирону барандагони камҳунар то андозае маҳбубияти онҳоро коҳиш кардааст. Зеро дар намоишномаҳои замони шўравӣ ва солҳои аввали истиқлол онҳо бо садои наттоқони таҳрибадору хушлаҳн, ходимони театру синамо сабт мешуданд. Ин таҳқиқ бо он арзишманд аст, ки барои пажуҳиши минбаъдаи барномаҳои калонҳаҳми ВЭА замина мегардад.
Дар рисолаи муҳаққиқ Умринисо Наҳмиддинова «Махсусияти барномаҳои субҳгоҳии радиоӣ» (дар мисоли барномаҳои субҳгоҳии радиоҳои “Тоҳикистон” ва “Ватан”) (соли 2012) асосан барномаҳои субҳгоҳӣ ба таври муқоиса мавриди барррасӣ карор гирифтаанд. Муаллиф кўшиш кардааст, ки умумият ва тафовути ин барномаҳоро дар радиои давлатӣ (“Тоҳикистон”) ва ва радиои ѓайриҳукуматӣ (“Ватан”) мушаххас созад. Ҳамчунин дар таҳқиқоти мазкур бадеияти матни радиоӣ, нақши жанр дар барномасозӣ, махсусияти талаботи радиоаудитория, нақши мусиқӣ ва дигар эффектҳои овозӣ дар барномаҳои фарҳангиву фароѓатӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Муаллиф дар натиҳаи таҳқиқ хулоса мекунад, ки барномаҳои субҳгоҳӣ бартариву комёбиҳои зиёд доранд, аммо дар баробари ин, баъзан муаллифону ровиён ба суханпардозӣ, иқтибосҳои нозарур, хатоҳои услубиву мантиқӣ роҳ медиҳанд. Таҳқиқоти Умринисо Наҳмиддинова аввалин пажуҳишест, ки фаъолияти радиоҳои давлатӣ ва тиҳоратии ѓайриҳукуматиро дар қиёс таҳлил намудааст. (3)
Тадқиқоти муҳаққиқи ҷавон Шодмон Холов бо номи «Пайдоиш ва ташаккули радиоҳои иттилоотиву фароғатӣ дар Тоҷикистон» (дар мисоли радиоҳои “Имрӯз” ва “Ховар”) низ ба радиожурналистика иртибот дорад. Заминаҳои пайдоиш ва рушди радиоҳои иттилоотиву фароғатӣ дар Тоҷикистон, сиёсат, хусусият, монандӣ ва тафовути барномасозӣ дар радиоҳои иттилоотиву фароғатии давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ, истифодаи қолабҳои жанрӣ, мавқеи жанрҳои хабарӣ, таҳлилӣ ва публитсистиву бадеӣ дар онҳо асоси пажуҳиши мазкурро ташкил медиҳанд. Муҳаққиқ ба сифати сарчашма аз барномаҳои радиоҳои “Имрӯз” ва “Ховар” истифода кардааст. Муаллиф таъкид месозад, ки имрӯз “радио дар баробари дигар воситаҳои ахбори электронӣ на танҳо нақши фароғату иттилоърасониро мебозад, балки ҳамчун абзори идеологии абарқудратҳо ҳам ҷойгоҳи махсус дорад.” Дар баробари ин, радио дар ташаккулу ба миён овардани афкори солим, тарғибу ҳифзи арзишҳои миллӣ, санъат, адабиёт, нигоҳдории забони миллӣ ва ба вуҷуд овардани андешаи нави сиёсӣ нақши муҳим дорад. Радиоҳои иттилоотиву фароғатӣ ҳам бо барномаҳои рангоранги худ дар қолаби жанрҳои мухталиф ин вазифаро иҷро мекунанд. Муҳаққиқ Шодмон Холов ҳамчунин дар тадқиқоти хеш мушкилоти солҳои аввали истиқлолиятро, ки монеаи рушди радио шуда буданд, нишон дода, ба заминаву омилҳои таъсиси радиоҳои иттилоотиву фароғатӣ дар Тоҷикистон равшанӣ андохтааст. Таҳлилу баррасии марҳилаҳои рушду дурнамо, вижагиҳои барномасозӣ, таснифоти жанрӣ, таъсири барномаҳои радиоҳои иттилоотиву фароғатӣ ба тафаккури шунавандагон аз корҳое ҳастанд, ки муаллиф анҷом додааст. Кори анҷомдодаи Шодмон Холов аввалин таҳқиқотест, ки фаъолияти радиоҳои иттилоотиву фароғатӣ дар Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор додааст. (6)
Инчунин муҳаққиқон Бахтовар Каримов, Манижа Аҳмадова, Субҳон Ҳалилов, Абдулло Давлатов, Комрони Абдувалӣ ва дигарон таҳаввулот дар жанрҳои радио, фаъолияти радиоҳои ѓайриҳукуматӣ дар фазои итилоотии Тоҳикистон, таърихи таъсис ва ташаккули онҳо, нақши радио дар фазои итилоотии Тоҳикистон ва ѓайраро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Бовар ҳаст, ки таҳқиқоти онҳо барои комилтар шудани фазои илмӣ мусоидат карда, саҳифаи наве дар илми журналистикаи тоҳик мегардад.
АДАБИЁТ
- Гулов С. «Бухорои шариф» дар таҳқиқи олимони муосири тоҳик / Гулов С. // Журналистикаи байналхалқӣ – 4. (Маҳмўаи мақолаҳои илмӣ). – Душанбе, 2012. – С. 9 – 11. 2. 9).
- Гулов С. Истиқлолият ва рушди журналистикаи тоҳик / Гулов С. // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҳикистон. Бахши илмҳои филологӣ. – 2018, №1. – С. 251-257
- Наҳмиддинова У. Махсусияти барномаҳои субҳгоҳии радиоӣ» (дар мисоли барномаҳои субҳгоҳии радиоҳои “Тоҳикистон” ва “Ватан”) – Душанбе, 2012. – 158 с.
- Рустамзода Д. Проблемаҳои риояи меъёрҳои этикаи касбӣ дар барномаҳои радиои «Тоҳикистон». – Душанбе, 2019. – 155 с.
- Саидзода О. Махсусияти таблиѓи адабиёт ва санъат дар осори савтии радио “Тоҳикистон”. – Душанбе, 2019). – 151 с.
- Холов Ш. Пайдоиш ва ташаккули радиоҳои иттилоотиву фароғатӣ дар Тоҷикистон» (дар мисоли радиоҳои “Имрӯз” ва “Ховар”). – Душанбе, 2023. – 178 с.
- Хоҳазод С. Радиои “Тоҳикистон” дар солҳои истиқлолият (таърих, махсусияти жанр ва пешомад). – Душанбе, 2009. – 200 с.
- Хоҳазод С. Нақши радиои “Тоҳикистон” дар ташаккули афкори омма дар замони истиқлолият. – Душанбе, 2015. – 311 с.



