Дар замони мо, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши терроризм, экстремизм, фундаментализм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананду менависанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад. Асоси ҳуқуқии ин фаъолиятро дар кишвари мо ӯҳдадориҳои байналмилалии он, Конститутсия, Кодекси ҷиноӣ, Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ташкил медиҳанд.
Баъд аз татбиқи босамари Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025 қабул гардид ва айни ҳол бомаром татбиқ гардида истодааст.
Коршиносону олимон зиёда аз 200 навъҳои гуногуни фаъолияти хусусияти террористӣ доштаро, аз қабили терроризми экологӣ, сиёсӣ, динӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, технологӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғ. муайян кардаанд. Дар ин мақола доир ба мавзӯи терроризми экологӣ маълумот медиҳем.
ТЕРРОРИЗМИ ЭКОЛОГӢ
Терроризми экологӣ асосан дар нимаи асри ХХ пайдо шуда, ба муқовимат бо нигарониҳои васеътари ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳити зист таъсир расонид. Бо кӯмаки баъзе кишварҳо бештар кӯшиш карда мешавад, ки масъалаи сиёсиро ҳал кунанд. Мушкилоти «терроризми экологӣ» омили асосии ҷангҳои сиёсати дохилии кишварҳои пешрафта мебошад. Аз нуқтаи назари хатари эҳтимолӣ барои одамон, «терроризми экологӣ» нисбат ба дигар навъҳои он хатарнок аст, зеро зӯроварӣ тавассути муҳити табиӣ сурат мегирад, ки дар оянда зиндагии инсон мушкил ё ғайриимкон мегардад. Баъзе хатарҳои хусусияти глобалӣ дошта ба оқибатҳои ҷуброннопазир оварда мерасонанд. Ба терроризми экологӣ омилҳои зерин шомил ҳастанд: – истифодаи дефолиантҳо, паҳн намудани заҳрхимикатҳо; истифодаи нуқтаи изотопҳо ва дигар маводи радиоактивӣ, аз ҷумла бомбаҳои атомии дорои заҳрҳои кимиёвӣ»; сирояткунонии аҳолӣ тавассути паррандагон ва моҳиҳо, паҳн намудани эпидемия ва эпизоотика; сӯзондани ҷангалҳо, биёбонҳо; кӯшиши бастани сарбандҳои азими об, нерӯгоҳҳои барқӣ ва атомӣ ва сӯхтани миқёси калони чоҳҳои нафт. Бо истифода аз силоҳи муосир ва технологияҳои пешқадам, «терроризми экологӣ» метавонад ба супертерроризм табдил ёбад.
Вазъияти кунунии иҷтимоию сиёсии сайёра бо афзоиши зиддияти тамаддунҳо, бархӯрд миёни “Шимоли рушдкарда” ва “Ҷануби ақибмонда” торафт пуршиддат мегардад. Раванди зиёди муҳоҷират, ифлосшавии муҳити зист, фарсудашавии манбаъҳои об ва ноамнии обтаъминкунӣ – ин ҳама бештар ба кишварҳои рушдёбанда хосанд. Ин омилҳо ба шуури ҷамъиятӣ ва психологияи одамон таъсир мерасонанд. Ҳеҷ кас наметавонад худро бехатар эҳсос кунад, дар ҳар лаҳза метавонад ба ягон таҳдиди минтақавӣ, фаромиллӣ ва глобалӣ дучор шавад. Терроризми экологӣ дорои чунин хатарҳо мебошад: таҳдиди ҷинояти вазнин; мавҷудияти объектҳои антропогении ба муҳити зист хатарнок; имкони истифодаи яроқи аз ҷиҳати экологӣ хатарнок (ядроӣ, кимиёӣ, бактериологӣ). Тавассути терроризми экологӣ метавон низоъҳои ҳарбӣ, аз ҷумла низоъҳои қавмиро роҳандозӣ намуд. Баъзе кишварҳои абарқудрат мекӯшанд, ки ин вазъро дар ҳадафҳои геополитикӣ ва стратегии худ истифода баранд, инчунин, омодаанд бо гурӯҳҳои террористӣ ҳамкорӣ кунанд (ва дар баъзе ҳолатҳо фаъолияти худро оғоз кунанд). Терроризми экологӣ бо мафҳумҳои ҷанги асимметрӣ, усулҳои партизанӣ ва терроризми давлатӣ зич алоқаманд аст. Сарфи назар аз дараҷаи баланди хатари ҷамъиятии терроризми экологӣ, дар шароити муосир консепсия ва хусусиятҳои аслии он дар сатҳи қонунгузорӣ ба таври муфассал шарҳ дода нашудааст.
Амнияти экологӣ аз маҷмуи чорабиниҳо, ки кафолати пешгирии хавфҳои экологиро таъмин менамоянд ва таъсири омилҳои хатарнокро ба солимии муҳити зист ва саломатии инсон кам менамоянд, иборат мебошад.
Дар маҷмуъ, чунин хулоса метавон кард, ки муқовимат ба терроризм ин тадбирест барои таъмину таҳкими амнияти миллӣ, сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзӣ ва шоистагии зиндагиии мардум нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, аз ҳар яки мо шаҳрвандон тақоза мегардад, ки дар муқовимат ба афкори террористӣ бо ҳама шакли зуҳуроташ муборизаи оштинопазир барем.
Ҷамолиддин Яқубов, дотсенти кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ





