
Ҳошимзода Бахтиёр Ҳошим
Унвон: доктори илмҳои филология, профессор
Вазифа: декани факултети журналистика
Маълумот барои тамос:
Тел.: +992 93 532 60 22
E-mail: adab-75@mail.ru
Ҳошимзода Бахтиёр Ҳошим (Бахтиёри Қутбиддин) 26 марти соли 1975 дар деҳаи Чуқураки ноҳияи Файзободи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Солҳои 1982-1992 дар мактаби миёнаи №46 таҳсил намуда, дар ин солҳо аввалин ҳамкориҳоро бо матбуот ба роҳ монда, матолиби гуногунаш дар нашрияҳои “Машъал”, “Пионери Тоҷикистон” (“Анбоз”), “Меҳнати коммунистӣ” (“Набзи Файзобод”), “Ҷавонони Тоҷикистон” ба нашр расидааст.
Соли 1992 мактаби миёнаро хатм намуда, худи ҳамон сол донишҷӯи факултети журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон мегардад. Дар овони донишҷӯӣ низ бо матбуот ҳамкориҳо дошта, соли 1997 Донишгоҳро бо ихтисоси журналист хатм менамояд. Тибқи роҳхати Донишгоҳ солҳои 1997-1999 ба ҳайси мухбири рӯзномаи “Набзи Файзобод” кор кардааст.
Ҳошимзода Бахтиёр фаъолияти худро солҳои 1999-2004 ба сифати ассистенти кафедраи матбуоти ДДМТ оғоз намуда, соли 2005 ҳамчун ассистент дар кафедраи журналистикаи байналхалқӣ фаъолияташро давом медиҳад. Соли 2009 ба вазифаи дотсенти кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ интихоб мегардад. Солҳои 2015-2016 дар вазифаи ҷонишини декан оид ба таълим кор карда, соли 2016 тариқи озмун мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон интихоб мешавад. Соли 2019 соҳиби шаҳодатномаи дотсентии Комиссияи олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. Аз моҳи апрели соли 2021 дар вазифаи декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор мекунад. Соли 2004 рисолаи номзадияшро дар мавзӯи “Публитсистикаи Мирсаид Миршакар” зери роҳбарии профессор Асадулло Саъдуллоев ҳимоя намудааст. Диссертатсияи докториашро таҳти унвони “Хусусиятҳои мундариҷавию жанрии публитсистикаи бадеии матбуоти маҳаллии Тоҷикистон (дар мисоли нашрияҳои «Шаҳриёр» ва «Набзи Файзобод») 24 июни соли 2021 дифоъ кардааст. Ҳошимзода Бахтиёр муаллифи асарҳои илмиву таълимиву оммавӣ ба монанди “Домани наср” (2011), “Таърихи журналистикаи хориҷӣ” (бо ҳаммуаллифӣ, 2011), “Руҳи Хиросима” (2011), “Воқеияти тасвир” (2014), “Равзанаи нигоҳ” (бо ҳаммуаллифӣ, 2015), “Роҳ ба сӯи эҷод” (2015), “Хосияти публитсистика” (2018), “Матбуоти маҳаллии Тоҷикистон” (бо ҳаммуаллифӣ, 2018), “Моҳият ва таъйиноти матбуоти маҳаллӣ” (2018), “Усули таҳқиқ” (бо ҳаммуаллифӣ, 2019), “Назаре ба матбуот ва фарҳанги Бадахшон” (2019), “Матбуот – ҳамқадами замон” (2020) ва “Уфуқҳои мавзӯӣ дар публитсистикаи матбуоти маҳаллӣ” (2022) мебошад.
Ҳошимзода Бахтиёр Ҳошим (Бахтиёри Қутбиддин) дар тули қариб 28 соли фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва омӯзгории худ дар корҳои таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ, ҷамъиятӣ, инчунин тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст. Таҳти роҳбарии доктори илми филология, профессор Ҳошимзода Бахтиёр Ҳошим зиёда аз 100 рисолаи дипломиву магистрӣ, 3 рисолаи номзадӣ дифоъ гардидааст. Ӯ дар айни замон роҳбарии илмии 5 нафар унвонҷӯро ба уҳда дорад.
Солҳои гуногун дар кишварҳои Русия, Япония ва Ӯзбекистон сафари илмӣ дошта, таҷрибаҳои илмиву амалӣ андӯхтааст. Муаллифи 11 асари илмӣ, зиёда аз 100 мақолаи илмӣ ва 800 мақолаҳои оммавӣ мебошад. Аз соли 2024 узви Шӯрои илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистондар бахши илмҳои филологӣ мебошад.
Ҳошимзода Бахтиёр Ҳошим (Бахтиёри Қутбиддин) дар доираҳои илмӣ ва журналистӣ ҳамчун мутахассису коршиноси масъалаҳои сиёсию байналхалқӣ шинохта шудааст. Мавсуф бо Ифтихорномаҳои ДМТ, ифтихорномаҳои ҲХДТ, унвонҳои ифтихории Аълочии матбуот, Аълочии фарҳанги ҶТ, нишони “100-солагии матбуоти тоҷик”, Ҷоизаи ба номи А. Лоҳутии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии телевизион ва радио, Аълочии маориф ва илм ва медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардидааст. Ҳамчун мутахассиси соҳа ба насри публитсистӣ сару кор дошта, муаллиф чандин асарҳои оммавӣ-бадеӣ мебошад.
Мукофоту ҷоизаҳо:
- Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 марти соли 2009
- Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 марти соли 2012
- Барандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2017 (дар бахши таҳқиқи илмӣ)
- Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 марти соли 2018
- Медали “100-солагии матбуоти тоҷик” 20 апрели соли 2018
Номгӯи корҳои илмӣ, таълимӣ-методӣ
Монографияву китобҳо
- Домани наср. – Душанбе, 2011. – 96 с.
- Воқеияти тасвир. –Душанбе, 2014. – 121 с.
- Роҳ ба сӯи эҷод. –Душанбе, 2015. –107 с.
- Хосияти публитсистика. (бо ҳаммуаллифӣ). – Душанбе, 2018. –164 с.
- Матбуоти маҳаллии Тоҷикистон (бо ҳаммуаллифӣ). –Душанбе, 2018. – 200 с.
- Моҳият ва таъиноти матбуоти маҳаллӣ. – Душанбе: Аржанг, 2018. – 160 с.
- Усули таҳқиқ (бо ҳаммуаллифӣ). – Душанбе, 2019. – 200 с.
- Назаре ба матбуот ва фарҳанги Бадахшон. – Душанбе: Аржанг, 2019. – 135 с.
- Матбуот – ҳамқадами замон. – Душанбе: Аржанг, 2020. – 190 с.
- Уфуқҳои мавзӯӣ дар публитсистикаи матбуоти маҳаллӣ. – Душанбе, 2022. – 319 с.
Мақолаҳои илмӣ (интихобан)
- Қутбиддинов, А. Ҳ. «Набзи замон» дар асри иттилоотӣ / А. Ҳ. Қутбиддинов // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ. – Душанбе: Сино, 2014. – №3/9 (154). – С. 314-316.
- Қутбиддинов, А. Ҳ. Нақши ҷолибияти сарлавҳа / А. Ҳ. Қутбиддинов // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ. – Душанбе: Сино, 2014. – №3/9 (154). – С. 301-304.
- Қутбиддинов, А. Ҳ. Нигоҳе ба мавзӯи ватандӯстӣ дар шеъри иҷтимоии Бозор Собир / А. Қутбиддинов // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – Душанбе: Сино, 2015. – №4/1(159). – С. 292 – 296.
- Қутбиддинов, А. Ҳ. Ҷанбаи публитсистии як роман / А. Ҳ. Қутбиддинов // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ. – Душанбе: Сино, 2015. – №429(163). – С. 282-284.
- Қутбиддинов, А. Ҳ. Мақсад ва моҳияти матбуоти зинаи поёнӣ / А. Ҳ. Қутбиддинов, Ҷ. Раҳмонова // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ. – Душанбе: Сино, 2017. – №4/7. – С. 309-312.
- Қутбиддинов, А. Ҳ. Чанд хосияти мондагори публитсистика // А. Ҳ. Қутбиддинов, Ҷ. Раҳмонова // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ. – Душанбе: Сино, 2017. – №4/7. – С. 266-270.
- Қутбиддинов, А. Ҳ. Вазифаҳои дирӯзу имрӯзи матбуоти маҳаллӣ / А. Ҳ. Қутбиддинов, Ҷ. Раҳмонова Ҷ //Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ. – Душанбе: Сино, 2018. – №1. – С.268-273.
- Қутбиддинов, А.Ҳ. Чанд шинохти ноқил ва муаллиф / А. Ҳ. Қутбиддинов, З. П. Иноятова // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ. – Душанбе: Сино, 2019. – №2. – С. 275-280.
- Қутбиддинов, А. Ҳ. Нақши ноқил дар анвои наср / А. Ҳ. Қутбиддинов, З. Иноятова // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ. – Душанбе: Сино, 2019. – №3. – С. 229 – 234.
- Қутбиддинов, А. Ҳ. Заминаҳои пайдоиши матбуоти маҳаллӣ / А. Ҳ. Қутбиддинов // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ. – Душанбе: Сино, 2019. – №5. – С. 284-287.
- Қутбиддинов, А. Ҳ. Имкон ва нерӯйи матбуоти маҳаллӣ / А. Ҳ. Қутбиддинов // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ.– Душанбе: Сино, 2019. – №7. – С.272-275.
- Қутбиддинов, А. Ҳ. Баъзе ҷанбаҳои таърихии матбуоти маҳаллии Тоҷикистон / А. Ҳ. Қутбиддинов, // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ. – Душанбе: Сино, 2019. – №6. – С. 297 – 301.
- Қутбиддинов, А. Ҳ. Матбуоти маҳаллӣ дар муҳит ва фазои иттилоотӣ / А. Ҳ. Қутбиддинов // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ. – Душанбе: Сино, 2019. – №7. – С.297-301.
- Қутбиддинов А. Ҳ. Моҳияти идеологии матбуоти маҳаллӣ / А. Ҳ. Қутбиддинов // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ. – Душанбе: Сино, 2019. – №8. – С.282-285.
- Қутбиддинов, А. Ҳ. Омилҳои рушди матбуоти маҳаллӣ / А. Ҳ. Қутбиддинов // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ. – Душанбе: Сино, 2019. – №8. – С. 305-309.
- Қутбиддинов, А. Ҳ. Матбуоти маҳаллӣ ва рақобат дар шароити нав / А. Ҳ. Қутбиддинов // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ. – Душанбе: Сино, 2020. – №1, 2020.- С.263-268.
- Қутбиддинов, А. Ҳ. Мавзӯъ ва мундариҷаи матбуоти маҳаллӣ / А. Ҳ. Қутбиддинов // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ. – Душанбе: Сино, 2020. – №1, 2020.- С.298-304.
- Қутбиддинов, А. Ҳ. Хусусиятҳои иҷтимоӣ ва таъйиноти матбуоти даврӣ / А. Ҳ. Қутбиддинов // Номаи донишгоҳ. – Хуҷанд, 2020. – №2 (63), 2020. – С.137-142.
- Қутбиддинов, А. Ҳ. Назаре ба таърихи ташаккули нашрияи “Шаҳриёр” / А. Ҳ. Қутбиддинов // Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ. Нашрияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ. – Душанбе: Матбааи ДДОТ ба номи С.Айнӣ, 2020. – №2 (85). – С.168-174.
- Қутбиддинов, А. Ҳ. Чанд шинохти матбуот аз нигоҳи муҳаққиқони тоҷик / А. Ҳ. Қутбиддинов // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ. – Душанбе: Сино, 2020. – №4.- С.279-284.
- Қутбиддинов, А. Ҳ. Назаре ба марҳилаҳои инкишоф ва рисолатҳои матбуоти тоҷик / А. Ҳ. Қутбиддинов // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ. – Душанбе: Сино, 2020. – №5. – С.321-327.
- Қутбиддинов, А. Ҳ. Дирӯзу имрӯзи рисолати матбуот / А. Ҳ. Қутбиддинов // Ҷашни фархундаи матбуоти тоҷик (маҷмӯаи мақолаҳо). – Душанбе, 2012. – С. 255-263.
- Қутбиддинов, А. Ҳ. Жанри симосоз. / А. Ҳ. Қутбиддинов // Паёмномаи фарҳанг. – 2015. – №(32). – С. 37- 46.
- Қутбиддинов, А. Ҳ. Матбуоти маҳаллӣ оинаи ҳаёти деҳот (баъзе андешаҳо дар ҳошияи «Оинаи Рашт») / А. Ҳ. Қутбиддинов // Паёмномаи фарҳанг. – 2016. – №5(36). – С. 20-26.
- Қутбиддинов, А. Ҳ. Масъалаҳои байналхалқӣ дар нашрияи «Ҳисори шодмон» / А. Ҳ. Қутбиддинов // Журналистикаи байналхалқӣ – IX. (маҷмӯаи мақолаҳо). – Душанбе, 2017. – С. 50-59.
- Қутбиддинов, А. Ҳ. Хусусиятҳои мундариҷавии нашрияи «Гулхани Восеъ» / А. Ҳ. Қутбиддинов, М. Муродов // Паёмномаи фарҳанг. №1(37). – 2017. – С. 97-106.
- Ҳошимзода Б. (бо ҳаммуаллифӣ) Воқеияти зиндагӣ ва дидгоҳи бадеият / Паёми ДМТ. № 10, 2024. С.336 -341.
- Ҳошимзода Б. (бо ҳаммуаллифӣ) Журналистика дар шароити ҷаҳонишавӣ / Паёми ДМТ. №9, 2024. С.314-319.
- Ҳошимзода Б. ВАО ва маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа / Паёми ДМТ. №8, 2024. С.290 – 295.
- Қутбиддин Б. Зода ва парвардаи истиқлолият // Воситаҳои ахбори омма пас аз иҷлосияи таърихӣ (маҷмӯаи мақолаҳо). – Душанбе, 2024 – С.19-24
- Ҳошимзода Б. Назми иҷтимоӣ дар матбуоти замони истиқлолият / Журналистикаи байналхалқӣ (маҷ.мақ). – Душанбе, 2025. – С.17-24.
- Ҳошимзода Б. Ҳ. Эссеизм ва уфуқҳои он дар шароити нав // Масъалаҳои назарӣ ва амалии публитсистикаи тоҷик дар замони муосир (маводи конференсияи илмию назариявӣ). – Душанбе, 2025 – С.39-54.
- Қутбиддин Б. Уфуқҳо ва муҳимияти инъикоси “Соли маърифати ҳуқуқӣ дар ВАО // Воситаҳои ахбори омма ва забони миллӣ (маҷмӯаи мақолаҳо). – Душанбе, 2025 – С.39-54.


