Анонс: конференсия ҷумҳуриявӣ дар факултети журналистика

0
91

redaktor      Кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи ДМТ рӯзҳои 25, 26-уми октябри соли равон конференсия ҷумҳуриявии илмию амалиро таҳти унвони «Масъалаҳои баҳсноки забони ВАО» баргузор менамояд.
     Дар конференсия масоили зерини забоншиносӣ мавриди баррасӣ қарор мешавад:
    • забони ВАО ҳамчун як ҷузъи забони миллӣ;
    • саҳми забони ВАО дар рушду такомули забони адабии ҳозираи тоҷик;
    • хусусиятҳои забонии услуби публисистӣ;
    • масъалаҳои забони матбуот ва ВЭА, аз ҷумла, радио, телевизион ва интернет;
    • риояи меъёри забони адабӣ ва забони ВАО
    Забони корӣ, тоҷикӣ ва русӣ буда, иштирок барои хоҳишмандон ва намояндагони ВАО озод аст. Маводи конференсия дар шакли маҷмӯа чоп карда мешавад.