Мудири каферда

Гулов Сангин Нурович

Гулов Сангин Нурович (12. 07. 1965), зодаи д. Виткони ноҳияи Мастчоҳ. Хатмкардаи факултети филологияи УДТ ба номи В. И. Ленин (1991). журналист-омўзгор, номзади илми филология (1997), дотсент (1998). Фаъолияти меҳнатиаш ба ҳайси рўзноманигор дар идораи нашрияҳои ҷумҳурӣ оғоз шудааст.

Аз ибтидои соли 1992 дар ДМТ ба омўзгорӣ машғул аст: 1992-1998 – ассистент, 1998-2011 -дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ, аз соли 2011 то марти соли 2016 мудири кафедраи журналистикаи байналхалқӣ.

Дар ин миён солҳои 1992-1996 – раиси иттифоқи касаба, 1996-2005 – муовини декани факултаи журналистика ва тарљумонӣ доир ба таълим, илм ва тарбия, 2007–2008 – декани факултети журналистика, 2009–2010 – сармуҳаррири нашрияи «Ба қуллаҳои дониш», ҳамзамон солҳои 1999-2002 дар Радиои Тољикистон муҳаррири варзида ва дар нашрияи «Љавонони Тоҷикистон» мухбир буд.

Мураттиби чандин барномаҳои таълимиву дастурҳои методӣ ва китобҳои дастаљамъӣ барои донишљўён. Маводи публисистии худро дар саҳифаҳои маљаллаву рўзнома ба табъ расонидааст. Дар конфронсу семинарҳои донишгоҳӣ, љумҳуриявӣ ва байналхалқии барпошуда дар шаҳрҳои Душанбе, Бишкек, Москва, Қазон иштирок ва суханронӣ кардаву курсҳои бозомўзиро дар Русия, Украина, Қирғизистон, ИМА гузаштааст. Барои журналистон дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ чандин курсу семинарҳои омўзишӣ гузаронидааст. Узви Иттиҳоди журналистони Тољикистон (1994), Аълочии матбуоти Тољикистон ва Аълочии фарҳанги Тољикистон.


Муаллифи асарҳои:
-Жанрҳои журналистикаи радио (васоити таълимӣ, қисми 1, ҳаммуаллиф). – Душанбе, 1997. – 48с.
-Жанрҳои журналистикаи радио (васоити таълимӣ, қисми 2, ҳаммуаллиф). – Душанбе, 2005. – 72с.
-Амвољи сухан (маљмуи мақолаҳои илмӣ). – Душанбе, 2005. – 96 с.
-Таҳсилоти журналистӣ. -Душанбе, 2008, -182 с.
-Риояи меъёрҳои ахлоқи касбӣ дар телевизион (васоити таълимӣ, ҳаммуаллиф). – Душанбе, 2012. – 136с. Номи мақолаҳои илмӣ:
-Муаллифӣ 15 мақолаи энсиклопедӣ
-«Бухорои шариф» дар таҳқиқи олимони муосири тоҷик // Журналистикаи байналхалқӣ қ-IV- Душанбе, Мега принт, 2012.-С9-10.
-Айнӣ ва давлатдории тоҷик// Маводи конфронси устодону донишљўёни ДМТ