Қаландаров Сарабек Давлатёрович (тав. 5. 07. 1968, н. Панҷ, вилояти Хатлон), шарқшинос (1996, шуъбаи арабӣ), журналистика (2010), номзади илмҳои филологӣ (2006), дастпарвари ДМТ.
Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун китобдори мактаби миёнаи № 20 н. Панҷ оғоз карда, сипас аз декабри соли 1986 то декабри 1988 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ (шаҳри Брянск) хизмат кардааст. Аз феврали соли 1989 дар редаксияи рўзномаи «Ҳаёти нав» (н. Панҷ) ба ҳайси мухбир, сипас дар Комбинати нассоҷии шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
Қаландаров Сарабек соли 1991 ба факултаи шарқшиносии (шўъбаи арабӣ) Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, 1996 онро бо дипломи аъло хатм намуда, фаъолияти омўзгории Қаландаров С. пас аз хатми факултаи шарқшиносии (шўъбаи арабӣ) ДДТ (ҳоло ДДМТ) бо роҳхати Раёсати донишгоҳ ба сифати ассистенти кафедраи услубшиносии факултаи журналистика ва тарҷумонӣ оғоз кардааст. Мавсуф ҳамзамон ба омўзиши мавқеи калимаҳои иқтибосии арабӣ дар осори ниёгонамон машғул мегардад.
Соли 2006 натиҷаи ин тадқиқ дар шакли рисолаи номзадӣ бо номи «Калимаҳои иқтибосии арабӣ дар «Наводирулвақоеъ» – Аҳмади Дониш» таҳти роҳбарии забоншинос ва услубшиноси шинохта, профессор Б. Камолиддинов ҳимоя мегардад. Қаландаров Сарабек ба шогирдон аз фанҳои забони арабӣ ва курсу семинарҳои махсус дарс мегўяд.
Собиқаи корӣ
1985 – 1986 – Китобдори мактаби миёнаи № 2. н. Панҷ
1986 – 1988 – Хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ
1988 – 1991 – Корреспонденти рўзномаи «Ҳаёти нав»
1991 – 1996 – Донишҷўйи факултети шарқшиносии ДДТ.
1996 – 2003 – Ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии факултети журналистикаи ДМТ.
2003 – 2005 – Муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷӣ.
2005 – 2008 – Ҷонишини декан оид ба таълими факултети журналистика.
2008 – 2009 – Дотсенти кафедраи забонҳои хориҷӣ
2009 – 2012 – Мудири кафедраи забонҳои хориҷии факултети журналистика.
2012 – 2015 – Ҷонишини декан оид ба таълими факултети журналистика.
Аз моҳи апрели соли 2015 то ҳол мудири кафедраи забонҳои хориҷии факултети журналистика.