Имрӯз дар факултети журналистика бо иштироки Тенгниев Холмаҳмад, раиси Филиали Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон ва намояндагони ин Иттиҳодия дар шаҳри Душанбе семинар-машварат дар мавзӯи “Иваз намудани афкори ҷомеа нисбат ба шахсони имконияташон маҳдуд” баргузор гардид.Меҳмононро дар оғози вохӯрӣ Саъдӣ Исматов, декани факултет хуш омадед гуфта, ба кори семинар-машварат оғози расмӣ бахшид. Дар ҳузури донишҷӯёни ҷамъомада Тенгниев Холмаҳмад, раиси Филиали Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон баромад намуда, сиёсати давлатӣ нисбат ба ин қишри ҷомеа ва талошҳо барои зисту зиндагии осудаи маълулонро дар ҷомеа ёдовар шуд. Ҳамчунин аз донишҷӯён хост то ба ашхоси маълул муносибати хубу хайрхоҳона дошта бошанд. Ба дастгирӣ ва муомилаи нек ин қишри ҷамъият эҳтиёҷи бештар доранд, ки худро чун дигар афроди солим эҳсос кунанд. Онҳо низ дар ҷамъият ҳаққу ҳуқуқи осуда зистан дошта, мо бояд ҳамчун инсон ва шаҳрванд боиси дилозурдагии нобиноён нашавем.Ҳамчунин Сиёвуш Илёсов, дастпарвари мактаб-интернати нобиноёни шаҳри Ҳисор аз ҳаёти худ қисса кард, ки донандаи хуби забонҳои англисию ҷопонӣ мебошад, омӯзгор барои нобиноён тарзи муомилаи дуруст бо равшанзамирон ва таърихи пайдоиши ҳуруфи брайлро ба ҳозирин омӯхт. Бо намоиши видеоролик аз кору фаъолияти нобиноён ҳозирин огоҳ шуданд. Махсусиятҳои муошират бо маълулон бошад аз муҳимтарин масъалаи семинар-машварат буд, ки ҳангоми таҳсили якҷоя ба онҳо чи тавр бояд муносибат кард.Бояд гуфт, ки дар факултети журналистика се нобино таҳсил мекунад ва онҳо ҳам баромад карда, аз муомилаи хуби устодон ва донишҷӯён изҳори миннатдорӣ намуданд.
ӯ


