Мудири кафедра – Усмонова Наргис Кучаровна, номзади илмҳои филология
Ташкили кафедраи матбуот ба таърихи ташкил ёфтани шуъба ва факултаи журналистика ва тарҷумонӣ сахт алоқаманд аст.
Соли 1969 бо ибтикори устоди равоншод, профессор Воҳид Мирашурович Асрорӣ дар факултети филологияи тоҷик кафедраи «Фолклор ва адабиёти халқҳои СССР» ташкил ёфт, ки масъалаи таълиму тадриси журналистика низ ба уҳдаи он гузошта шуд.
Пас аз барҳам хўрдан ва соли 1987 дубора ташкил шудани шуъба кафедра Журналистика ва адабиёти халқҳои СССР ном гирифт.
Соли 1992 бо ташкил шудани факултаи журналистика ва тарҷумонӣ номи кафедра тағйир ёфта Журналистика ва адабиёти хориҷӣ гардид. Соли 1996 Матбуот номгузорӣ шуд.
Аз соли 1969 то соли 1996 вазифаи мудири кафедраро шодравон профессор В. Асрорӣ ва аз соли 1996 то соли 1999 олими шинохта Абдусаттор Нуралиев ба уҳда доштанд. Аз соли 1999 то соли 2011 вазифаи мудири кафедра ба дўши дотсент М. Муродов (ҳоло доктори илмҳои филалогия, профессор) буд, аз соли 2011 то соли 2015 мудирии кафедраро номзади илмҳои филалогия, дотсент Мухторӣ Қ. ба ӯҳда доштанд. Аз феврали соли 2016 то имрўз мудири кафедра Усмонова Наргис, номзади илмҳои филологӣ, мебошанд.
Дар солҳои гуногун олимону мутахассисони варзида Расул Ҳодизода, Иброҳим Усмонов, Муртазо Зайниддинов шодравонон Набиҷон Каримов, Хоҷабек Зулфиқор, Пайванди Гулмуродзода ва рўзноманигор Муҳаммадато Султонов ва чанде дигар чун аъзо ва ҳамкори кафедра ба шогирдон сабақ омўзонидаанд. ҳамчунин устодони ботаҷриба А. Саъдуллоев, А. Азимов, С. Гулов, А. Қутбиддинов замоне аъзои кафедраи мазкур буданд.
Ҳоло ҳайати кафедраро профессорон А. Нуралиев, Ҷ. Саъдуллоев, М. Муродов, дотсент Қ. Мухторӣ, Н. Бозоров, Б. Шукруллоев, Н. Кўчарова, муаллими калон Қ. Шарифзода, ассистентон Н. Расулова, М. Якубова ташкил медиҳанд. Эшон аз фанҳои ихтисосии кафедра: Асосҳои журналистика, Асосҳои фаъолияти эҷодии журналист, Таърихи журналистикаи ватанӣ, Иқтисодиёт ва менеҷменти ВАО, Сотсиологияи журналистика, Асосҳои ҳуқуқии журналист, курсу семинарҳои махсус ва ғайра ба толибилмон таълим медиҳанд.
Устодони кафедра баробари таълиму тарбия ба таҳқиқи таърих, назария ва амалияи публитсистикаи тоҷик машғуланд. Самти илмии кафедра: таърихи таҳаввули ВАО, проблемаи таърих, назария ва амалияи журналистика, мавзўи масъалаи назария ва амалияи публисистикаи тоҷик ва монанди ин аст.
Натиҷаҳои таҳқиқи илмии онҳо дар шакли даҳҳо асару гузоришот, дастуру васоити таълимӣ ва садҳо мақолаҳои илмӣ ба табъ расидааст. Аз ҷумла:
1.Нуралиев А. Жанрҳои ахбории матбуот. – Душанбе, 2002.
2.Нуралиев А. Асосҳои ҳуқуқии журналист. – Душанбе, 2005.
3.Гулмуродзода П. Публицистика и времия. – Душанбе, 2002.
4.Гулмуродзода П. Маорифпарварӣ ва низоми нави ҷаҳон. – Душанбе, 2006.
6.Муродов М. ҳаҷви публисистӣ. – Душанбе, 2003.
7.Муродов М. Баъзе масъалаҳои журналистика ва ҳаҷви публисистӣ. – Душанбе, 2005.
8.Муродов, М. Сотсиологияи журналистика.- Душанбе: Истеъдод, 2012.
9.Шарифзода қ. Аввалин рўзномаи тоҷикӣ. – Душанбе, 2006.
Кафедра дар ташкили корҳои илмӣ ва роҳбарӣ ба кори унвонҷўйҳо низ саҳми арзанда дорад. Таҳти роҳбарии
устодони ботаҷрибаи кафедра танҳо дар солҳои 2003 – 2004 се нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд, аз соли 2004 то имрўз (2015) дар назди кафедра беш аз 10 нафар унвонҷўёну аспирантони ватаниву хориҷӣ рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд.
Кафедра ба мақсади мусоидат намудан ба таҷрибаомўзӣ ва сайқал додани маҳорати донишҷўён бо нашрияҳои даврӣ, чун «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «ҷавонони Тоҷикистон», «Тоҷикистон», «Минбари халқ»,. «Зиндагӣ», «Чархи гардун» ва ғайра шартномаи ҳамкорӣ дорад.
Дар кафедра маҳфили илмӣ – эҷодии «Ҳамзамон» низ амал мекунад, ки он фаъолияти худро дар шакли вохўриҳо, ҷаласаҳои илмӣ ва баҳсҳои эҷодӣ ба роҳ мемонад.