Замони муосирро бидуни техникаву технология тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҳамин аст, ки ҳамасола ҷадидтарин технологияҳо рӯйи кор омада, мушкилии мардумро дучанд осон мекунанд. Вале ҳар як дастгоҳи ихтироъшуда ҷиҳатҳои мусбат ва манфии худро дорад. Дар айни ҳол таҷҳизоти аз ҳама лозима барои инсон ин телефони мобилӣ ба ҳисоб меравад, ки тавассути он метавонем озодона муошират намоем, аммо аз меъёр зиёд истифода бурдани он ба саломатии инсон зарари калон дорад. Мутасифона имрӯзҳо ба мушоҳида мерасад, ки қишри зиёди аҳолӣ хусусан кӯдакону наврасон, истифодабарандагони ин дастгоҳи ҷадид гаштаанд. Аксари мардум бештари вақташонро бо истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ пушти сар мекунанд, ки ин ба саломатии ҳар яки онҳо зиён дошта, эшонро ба бемориҳои гуногуни дилу рагҳо, хирашавии чашм ва сактаи мағзи сар оварда мерасонад. Яке аз сабабҳои гирифтор шудани чунин бемориҳо дар он аст, ки бисёриҳо ҳангоми хоб рафтан телефони мобилиашонро дар назди худ нигоҳ медоранд. Бемуҳобо метавон гуфт, ки ин таҷхизоти ҳозиразамон инсонҳоро ғуломи худ кардааст. Ҳамасола аз ҷониби даҳҳо ширкатҳои гуногуни хориҷӣ телефонҳои мобилие ихтироъ мешаванд, ки нархи ҳангуфте доранду дар баробари ин харидори худро пайдо кардаанд. Ҳатто доштани гаронтарин телефони мобилӣ дар байни мардум муд шудааст. Ба гуфтаи мутахасисони соҳаи тиб ҳангоми аз меъёр зиёд истифода бурдани телефони мобилӣ инсон ба дарди шадиди сар гирифтор шуда, хастагӣ ва заифиро дар худ мушоҳида мекунад. Истифодаи ками телефон ба фоидаи ҳар як инсон аст. Пас мебояд кӯшиш кард то худро аз чунин бемориҳои зараровар ҳифз намуд то солимии худро аз даст надиҳем.
Меҳриддин Бекназарзода,
донишҷӯйи курси сеюм