ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН

0
5

Мардуми мо ин роҳи душвору сангинро ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешрафту тараққиёти давлат ва ободии Ватан бо сабру таҳаммул ва заҳмати содиқонаву аҳлона тай карданд.

Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯзҳо бо эҳсоси баланди ифтихор аз ватандорӣ метавон 28-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллии Тоҷикистонро дастоварди бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвар унвон кард, зеро мо тавонистем, ки дар ин давраи ҳассоси ҷаҳонишавӣ ҳамдилию ҳамбастагии мардумамонро дар мамлакат таъмин намоем.Албатта, метавон бо итминони комил иброз дошт, ки дар ин марҳала қаҳрамони асосии даст ёфтани Тоҷикистон ба Ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, зеро аз рӯзи аввали сари қудрат омадан ба ваҳдату сулҳу салоҳ шарафёб шудани Тоҷикистонро пешбинӣ карданду ваъда доданд ва билохира аҳду паймони Сарвари давлат таъмин карда шуд ва хушбахтона, дар ин рӯзҳои фараҳбахш сарзамини мо аз 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон гарму самимӣ истиқбол мегирад.Мардуми кишвари мо, ки ин лаҳзаҳо дар ваҳдатсарое зиндагӣ доранд, самимона ҳадиси ваҳдату ягонагиро ба забон меоранд ва аз ин ҳадяи Парвардигор шукрона мекунанд.Зеро ба шарофату баракати Ваҳдати миллӣ лаби ҳар сокини Тоҷикистон табассуми самимиро дид, модарон бачаҳои раҳгуми хеш оғӯш карданд. Хушбахтона, Сулҳ ба ҷониби ҷумла мардуми тоҷик оғӯши саховату адолатро бикшод ва суфраҳои холии мо аз неъмати гандум баҳравар гардиданд.Сармои даҳшатангези ҷанги бародаркӯш аз байн рафт ва гармии дилфиреби сулҳу салоҳ таъмин шуд.

Имрӯзҳо ба шарофати Ваҳдати миллии Тоҷикистон, ки ҷавони тануманди 28-соларо мемонад, Ватани азизи мо нусхае аз ҷаннат гаштааст. Боз метавон дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш аз хидматҳои садоқатмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёд кард, ки дар роҳи ҳифзи Ваҳдати миллӣ ҷонфидоӣ карданд.Пеш аз ҳама ин марди вафодору ватандӯст тавассути ироаи суханрониҳои умедбахш асолати миллатро, ки бешубҳа аз Ваҳдати миллӣ сарчашма мегирад, ҷонфидоёна муҳофизат карданд ва нагузоштанд, ки аҷнабие ҳаққи шоиста зистанро аз мардуми Тоҷикистон бигирад.

Хушбахтона, имрӯзҳо низ Сарвари давлати мо бо пешоҳангии хеш дар ҷодаи ватандорӣ рисолати ваҳдатбонии хешро идома медиҳанд. Хидматҳои ин марди бузург аст, ки имрӯзҳо Тоҷикистон ташаббускори бузургтарин ибтикороту иқдомҳои ҷаҳонист.Гузашта аз ин, мо мардуми Тоҷикистон бо талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ ва азму ҷаҳди мардум дар дохили кишвар низ дастовардҳои бесобиқа дорем.Бо ҳисси ифтихор аз дастовардҳои 28-солаи Ваҳдати миллии Тоҷикистон ин лаҳза пораеҳоеро аз суханрониҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа месозем, ки метавон онҳоро паёми хоссе дар самти ҳифзи арзишҳои Ваҳдати миллии Тоҷикистон унвон кард.

Дар нахустин порае, ки ироа медорем, Пешвои миллат мардумро дар шароити ҷаҳонишавӣ ба шинохтани манзалати истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ даъват месозанд.”Мо бояд ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ расем, ин неъматҳои муқаддасу бузурги ҳаётамонро эҳтиёт ва ҳифз намоем”.

Дар идома Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарафёб шудани мардуми Тоҷикистон ба Ваҳдати миллиро дар хиради аҷдодии мардуми тоҷик мебинанд, ки ба шарофати он мо 27-уми июни соли 1997 “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ”-ро ба имзо расонидем, ҷанги шаҳрвандиро хотима додем ва моҳияти сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмиро беш аз пеш шинохтем: “Дар ин санаи сарнавиштсоз хиради аҷдодии миллати тоҷик пирӯз шуд ва санади муҳимму таърихӣ – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, ба хотимаи ҷанги даҳшатбори таҳмилии шаҳрвандӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати мардуми кишвар заминаи устувор гузошта шуд”.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахше аз суханрониҳои хеш, ки дар паёми табрикотӣ ба муносибати 27-солагии Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон ироа дошта буданд, ба имзо расидани “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ”-ро паёми сабз, пайки шодмонӣ, пайғоми осудагӣ ва номаи иқбол мехонанд, зеро ба шарофати имзо шудани ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз лаби мардум ба ханда моил гашт ва миллат аз чанги ҳамдигарнофаҳмӣ раҳид: “Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои халқи Тоҷикистон пайки шодӣ, паёми оромӣ ва номаи иқболу саодат гардид”.

Ба ин монанд, Пешвои миллат халқи Тоҷикистонро пешоҳангу қаҳрамони асосии расидан ба Ваҳдати миллӣ медонанд.Ба он хотир, ки мардуми тоҷик аз азал ваҳдатгаро буд ва ҳеч гоҳ барои маҳву аз худ кардани сарзамине талош накард.Фақат тоҷик дар ҳар даври давлатдорӣ ҷаҳд мекард, ки хиттаи дар ихтиёр доштаи хешро аз бегонагон ҳифз кунад ва дар муҳофизату таъминии осудагии мардум бикушад.Инак, таваҷҷуҳ намоем ба ҳадиси созандагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Қаҳрамони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд. Ҳар яки мо бояд амиқан дарк намоем, ки азамату қудрат ва тавоноии миллат ва давлат бо устувориву пойдории мавҷудияти ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил пайванди ногусастанӣ дорад”.

Эмомалӣ Раҳмон ба унвони пешоҳанги таъмингари Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон асоси таҳким ёфтан ва қавӣ шудани пояҳои Истиқлоли давлатиро дар Ваҳдати миллӣ дониста, онро дар баробари соҳибистиқлолӣ рукни муҳими давлатдорӣ ба қалам медиҳанд ва таъкид месозанд, ки такомулу ҳифзи Ваҳдати миллӣ ва ба он бахшидани умри дароз аз азму талош ва ҷонфидоии мардум сахт вобастагӣ дорад: “Мо ваҳдати миллиро дар баробари истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон медонем ва барои тақвият, таҳким, устуворӣ ва такомули минбаъдаи он бо дастгирии мардуми сарбаландамон ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем”.

Дар тақвияти ин андешаи ваҳдатсоз Пешвои миллат ҳифзи асолати ватандорӣ, соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати миллиро рисолати муқаддасу муқаддаму муқаддами умумимиллӣ унвон месозанд: “Таҳкиму тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи сулҳу амнияти кишвар барои мо вазифа ва рисолати муқаддасу муқаддами умумимиллӣ ва умумихалқӣ мебошад”.

Воқеан ҳам, мо мардуми Тоҷикистон бо бардошт аз суханрониҳову таъкидҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агар бихоҳем, ки умри Ваҳдати миллӣ дар кишварам бардавом бошад, бояд ваҳдатгароиро андешаву пешаи ҳамешагии хеш қарор диҳем.Шояд ин ду мисраи шеърӣ барои мо дар ҷодаи ҳифзи Ваҳдати миллӣ раҳнамои хоссе шавад, зеро ба василаи шинохту таъмини ин муқаддасот кишвари мо барои ҳамеша табдил ба муҳаббатсаро мешавад:

Ба ваҳдат бикӯшу ба ваҳдат гарой,
Ватан аз ту гардад муҳаббатсарой.

Хушбахтона, имрӯзҳо мо мардуми шарифи Тоҷикистон 28-сол мешавад, ки бо шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол ва бо пайравӣ аз сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи фараҳафзои Ваҳдати миллӣ меваҳои шаҳдбор мечашем.Бо чашидани меваҳои нахли ҳамдилӣ дарёфтаему дарк кардаем, ки меваҳои ҳеч боғе ба ҳадди меваҳои боғи Ваҳдати миллӣ шаҳдбору фараҳафзо ва хӯрданибоб нестанд.Аз ин рӯ, имрӯзҳо ҳар сокини Тоҷикистон ба масал худро боғбони ин боғи бузургу пурмева медонад ва бо ҳисси ифтихору сарафрозӣ ба парваришу нигоҳубини нахлҳои боғи Ваҳдати миллӣ машғул аст.


Бигзор армуғони Ваҳдати миллӣ дар чашми ватандорон ҳамеша пурҷило ҷилва кунад ва аз талошҳои халқамон парчами Сулҳи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамеша парафшон бошад!
Бигзор роҳи ватандории моро нури ваҳдату ҳамдилӣ ҳамеша рӯшан нигоҳ дорад ва ҳар яки мо ҳамчу меъмори амонӣ боз ҳам кохи Ваҳдати миллии Тоҷикистонро муҳташамтар намоем.
Ҷашни Ваҳдати миллии Тоҷикистон ҳумоюн бод, ҳаммеҳанони арҷманд!

Ҷамила РАҲМОНЗОДА,
дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ, устоди факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон