Сулҳусуботваваҳдатимиллӣбарои моҳамчунарзишҳоибисёразизу муқаддасаҳамиятиниҳояткалон доранд ваҳифзутаҳкимионҳовазифаи ватандӯстонаиҳарякшаҳрвандибонангуномусиТоҷикистонмебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Воқеан ҳам ба даст овардани сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдати сартосарӣ барои ҳар як давлат, падидаи нек маҳсуб шуда, дар назди ҳар фарди соҳибватану хештаншинос, вазифаи ҳифзи ин неъматро мегузорад. Аслан барои ҳар як давлат, иттиҳоду сарҷамъӣ чун пояи устувори нигоҳдорандаи ҳастии миллат хидмат намуда, мавҷудияти он равшание ба сӯйи фардои дурахшон мебошад.
Дар шароите, ки ҷаҳони имрӯзаро ҳар гуна падидаҳои номатлуб таҳдид намуда, амнияти кишварҳо зери фишори ҷонибҳои манфиатхоҳ қарор дорад, ҳифзи суботу осоиштагӣ аз ҳарвақта дида, боз ҳам аҳамияти бештареро пайдо намуда аст. Шароити имрӯзаи ҷаҳон тақозо менамояд, ки ҳар шаҳрванд, баробари доштани шиносномаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин «шиносномаи худшиносӣ ва ватандӯстӣ» низ дошта бошад, ки гувоҳи соҳибватану содиқ ба Ватан будани ӯ дар ҳама шароит бошад.
Хушбахтии миллати сарбаланди тоҷик дар он аст, ки дар роҳи расидан ба сулҳу осоиштагӣ таҷрибаи ибратомӯз дошта, ҷомеаи ҷаҳон ин таҷрибаро намуна барои аксари кишварҳои олам ном мебаранд. Маҳз доштани таҷрибаи сулҳофарӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ, ба халқи тоҷик имкон дода аст, ки арзиши сулҳу осоиштагӣ ва суботи сартосариро хуб дарк намуда, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд.
Чуноне ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «бузургии миллати тоҷик дар ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат мебошад!». Имрӯз ҳамин иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаст, ки ҷомеаи ҷаҳон миллати сарбаланди тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро чун миллату давлати башардӯст, ташаббускор, ҳомии сулҳу субот, тарғибгари дӯстиву рафоқат, муборизи ҳама гуна падидаҳои номатлуби аср ва муаррифгари фарҳанги волои башарӣ, эътироф кардааст.
Имрӯз бо шарофати сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдати миллӣ, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, ба маркази муколамаи ҳамоишҳои муҳими сатҳи байналмилалӣ табдил ёфта, ҳамчун «Раванди Душанбе», пешбарандаи масоили глобалии марбут ба обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва муборизи падидаҳои номатлуб, аз қабили терроризму экстемизм, шинохта шуда аст. Ташрифи роҳбарони кишварҳои ҷаҳон, намояндагони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон, худ гувоҳи эътирофи дипломатияи муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад, ки реша ба иттиҳоду сарҷамъии миллати тоҷик дорад.
Пешниҳоди ташаббуси созанда ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба СММ, таҳти унвони «Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда», бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Тоҷикистон ва роҳбари давлати он, на танҳо барои сулҳу осоиштагии миллату давлати худ талош меварзанд, балки дар андешаи зиндагии осоиштаи тамоми башарият, бахусус насли ҷавон буда, таъмини зиндагии арзандаро волотарин арзиш барои ҷомеаи ҷаҳон эътироф мекунанд. Чунин иқдоми байналмилалии Тоҷикистон, бешак баёнгари дарки амиқи суботу осоиштагӣ ва ваҳдати миллии халқи тоҷик дар шароити муосир маҳсуб мешавад.
Манижа Баҳромзода,номзади илмҳои филологӣ,ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии факултети журналистикаи ДМТ