ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ АСОСИИ КОМИЛ ШУДАНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

0
94

Имрӯз ҷашни ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузургу таърихии халқамон ба яке аз ҷашнҳои умумимиллии мо ва рамзи иттиҳоду ҳамбастагии мардуми шарифи тоҷик табдил ёфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Бо ифтихори хоси ватандорӣ ва ибрози самимият ба Тоҷикистони соҳибистиқлол метавон ваҳдати миллиро рамзи саодат ва иттиҳоду ҳамбастагии мардуми шарифи тоҷик унвон кард, ки ҳамасола 27 июн ҳамчун санаи муҳим ва таърихӣ таҷлил карда мешавад.

Соли 1997 санади сарнавиштсоз – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ба шарофати он дар кишвар заминаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ гузошта шуд.

Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳояшон ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар ин бора қайд намуданд, ки “…бо ташаббуси фарзандони огоҳу ватандӯст даъват гардидану баргузор шудани Иҷлосияи шонздаҳуми таърихии Шурои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд ва интихоби роҳбарияти нави сиёсии мамлакат дар он шароити ниҳоят вазнин роҳи ягона ва дурусти қатъи хунрезӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик, бартараф намудани оқибатҳои ҷанг ва фароҳам овардани шароит барои таъмин намудани рушди Тоҷикистон буд”.

Инак, 27 сол мешавад, ки дар Тоҷикистони азизи мо ваҳдати миллӣ тантана дорад. Бешак, метавон гуфт, ки расидан ба ваҳдати миллӣ омили асосии комил шудани Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон гардид, зеро ҳанӯз аз қадамҳои нахустини даврони истиқлолу озодӣ дар натиҷаи фитнаву дасисаи душманони миллати тоҷик ва давлати тоҷикон ба зарбаи даҳшатноку фоҷиабори таърих-мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва баъдан ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид ва расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва мустаҳкам намудани раванди ваҳдати миллӣ масири бисёр вазнину пурпечутоб буд.

Бо дарки ин маънӣ месазад, ки мардуми кишвар ва хусусан, насли ҷавони мо донистану дарк кардани қадру қимати сулҳу ваҳдат ва кӯшишу талоши пайваста ҷиҳати ҳифзу таҳкими онро вазифаи муҳимтарин бихонанду бидонанд.

Ба андешаи Пешвои муаззами миллат “…ваҳдат дар баробари арзишҳои истиқлолу озодӣ ва ватану миллат ҷузъи таркибии хираду андешаи сулҳҷуёнаву таҳаммулгароёнаи мардуми Тоҷикистон ва равшанибахши роҳи пурифтихори созандагиву ободгаронаи аҳли ҷомеа гардидааст”.

Воқеан ҳам натиҷаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, самараи заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи халқи қаҳрамони Тоҷикистон ва албатта, мояи ифтихору сарфарозии хурду бузурги мамлакат мебошад.

Бояд гуфт, ки ваҳдати миллӣ чун омили муттаҳидсозандаи мардуми тоҷик дар самти беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё намудааст.

Боиси ифтихор аст, ки таҳкиму густариш додани фарҳанги сулҳ армонҳои ҳамешагии мардуми тоҷик аз қадим то имрӯз будааст. Дар ҳар давру замоне мардуми мо сулҳро барои худ неъмати пурарзиш ва дастоварди бебаҳо унвон кардаанд, зеро сулҳпарварӣ омили асосии пиёда кардани армонҳои инсонӣ ва меҳандорӣ мебошад.

Имрӯз ҳам мардуми шарифи Тоҷикистон бо талошҳои пайвастаи истиқлолхоҳии хеш худро ба унвони пуштибони арзишҳои ҷовидонаи инсондӯстию фарҳангпарварӣ муаррифӣ менамоянд.

Ҳар сокини Тоҷикистони азизи мо бо пайравӣ аз сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат бояд дарк намоянд, ки дар шароити ниҳоят печидаву ҳассоси минтақа ва ҷаҳони муосир тарғибу талқини ғояҳои сулҳу амният, суботу оромӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ҳисси ифтихори миллӣ ва омӯхтани таъриху фарҳанги миллат аҳаммияти аз ҳарвақта бештар пайдо кардааст.

Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “…тазодҳои замони муосир, зуҳури ғояҳои хатарбор, шиддат гирифтани муборизаҳои мафкуравӣ, рақобатҳои иттилоотӣ ва хатарҳои дигар, ки тӯфони ҷаҳонишавӣ бо худ меоварад, моро водор месозанд, ки андешаи муқаддаси ваҳдати миллиро ба хотири саодати миллат ва бақои давлат ҳарчи бештар густариш бахшем. Мо бояд дар ҳама ҳолат сарҷамъу муттаҳид, ҳушёру зирак ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатии худ омода бошем, истиқлолу озодиро ҳамчун неъмати муқаддастарини ҳаётамон ва ваҳдати миллиро чун дастоварди бузургтарини халқамон эҳтиёт ва ҳифз намоем”.

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ сидқан табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар зиндагии шоиста ва ба Тоҷикистони маҳбубамон суботу оромии комил орзу менамоем.

Раҳмонзода Ҷамила Мирзо,дотсенти кафедраи телевизионва радиошунавонии факултетижурналистикаи ДМТ