Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд.
Эмомалӣ Раҳмон
Пайдост, ки ҳеҷ як давлату иттиҳоди миллӣ худрӯ намебошанд ва дар таърихи ҳар як давлату миллат шахсиятҳое ҳастанд, ки нақши онҳо дар сарнавиштсозии кишвар беназиру мондагор аст. Ҷойи баҳс нест, ки барои Тоҷикистон, чунин шахсият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътироф гардидааст. Ӯ ҳамчун меъмори Ваҳдати миллӣ тавонист, Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокату гирдоби нобудӣ раҳо бахшида, ба сӯи суботу тараққиёти устувор раҳнамоӣ кунад.
Оғози Истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон душвориҳову имтиҳони сангинро пеш овард. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани Истиқлолият, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз сахттарин фоҷиаҳо ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд. Дар кутоҳтарин фурсат ҳама низомҳои иқтисодиву иҷтимоиву сиёсӣ фурӯ рафтанд. Солҳои 1992–1997 дар кишвар муҳити сиёсию иҷтимоӣ ноором, иқтисод вайроншуда ва ҷомеаи пароканда ҳукмфармо буд. Маҳз дар чунин як вазъият, соли 1992 шахсияти наве дар саҳнаи сиёсии кишвар зуҳур кард, ки бо садоқат ба Ватан ва бо диди сиёсиву давлатдорӣ роҳбарии кишварро ба уҳда гирифта, ҳамон замон, дар яке аз аввалин суханрониҳояшон изҳор доштанд, ки «Ман ба шумо сулҳ меорам!» Ин суханони тиллоӣ ва умедбахш танҳо ваъда набуд, ин аҳд буд, садоқат буд, ки дар тамоми фаъолияти сиёсиву ҷамъиятии ояндаи Роҳбари давлат татбиқ гардиданд.
Ҷомеа ниёз ба осудагиву қатъи ҷанги шаҳрвандӣ дошт. Ба даст овардани сулҳ дар шароите, ки ҷомеа аз ҷиҳати сиёсӣ, динӣ ва иҷтимоӣ дар ҳалқаи буҳронӣ қарор дошт, сомон бахшидани ҳама мушкилот осон набуд. Аммо бо раҳнамоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳукумати тозатаъсиси Тоҷикистон бо мухолифини мусаллаҳ вориди музокирот гардид. Ҷонибҳо тавассути даҳҳо даври гуфтугӯҳои сиёсӣ, ки бо миёнаравии Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои минтақа баргузор шуданд, дар ниҳоят ба натиҷаи таърихӣ расиданд. 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Москва ба имзо расид. Дар давлатдории навини мо саҳифаи нав ворид гардид. Ин ҳуҷҷат рамзи олии хиради сиёсӣ, иродаи мардумсолорӣ ва диди хоси Роҳбари кишвари дар минтақа ва тамоми ҷаҳон гардид. Ҷанги қатъ гардид, беш аз як миллион гуреза ба Ватан баргардонида шуд, сохторҳои давлатӣ барқарор гаштанд ва кишвар ба сӯи эъмори давлати миллӣ роҳ пеш гирифт.
Дар масири расидан ба суботу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, хизматҳои мондагор ва қаҳрамониҳои беназири Пешвои муаззами миллат, мунодии асили сулҳу ваҳдат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назари ҳар яки мо ҷилвагар аст. Ин ҳама дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои зарҳалин сабт гардидаанд. Имрӯз тамоми доираҳо медонанд, ки маҳз бо талошу заҳматҳои ин шахсияти шариф миллати мо дубора худро шинохт ва ба эҳёи арзишу муқаддасот даст ёфту рӯ овард. Хидматҳои шоёни Пешвои миллат дар иттиҳоду ҳамбастагӣ, дар ташаккули давлату давлатдорӣ, такомули фарҳанг, ҳуввияту асолати миллӣ, шаъну шукӯҳ, такомули ахлоқу одоб, арзишу муқаддасот ва эҳёи ҳуввияти таърихии миллати тоҷик, мондагор ва тақдирсоз ба ҳисоб мераванд. Таърихан собит гардидааст, ки заминаи асосии расидан ба Ваҳдати миллӣ ҳанӯз дар Иҷлосияи тақдирсозу таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихоби Роҳбари ҷавони давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда, роҳҳи минбаъдаи инкишофи давлатдорӣ мушаххас гардидааст. Таъмини сулҳ ва Ваҳдати миллӣ мукаммалтарин ва муҳимтарин барномаи кории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғоз то ба имрӯз ба шумор меравад. Аз оғози Иҷлосия то имзо шудани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи ниҳоят вазнин ва пурпечутоби музокироту муколамаҳоро паси сар кардааст. Дар ин раванд ҳадафи асосӣ таъмини сулҳу оромӣ, Ваҳдати миллӣ, ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва сарҷамъ намудани миллат буд. Хушбахтона, бо вуҷуди ҳама монеаву мушкилот тамоми он вазифаҳои асосие, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии мамлакат муайян гардида буданд, амалӣ гардида, волоияти қонун дар мамлакат барқарор шуд ва роҳи бунёдкориву созандагӣ маҳз бо шарофати ҷонбозиҳо, фидокориҳо ва қаҳрамониҳои беназири фарзанди фарзонаи миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардиданд. Татбиқи ин рисолату вазифаҳои бузург саодати миллати ҷафодидаи тоҷик дар домани садсолаҳост. Ваҳдат кафили пояндагии миллат гардида, ҳама монеаҳову мушкилот бартараф гардиданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои манфиати халқ, пойдории миллат ва давлати Тоҷикистон тамоми ҳастии худро бахшиданд, заҳмат кашиданд ва тамоми неруву тавон ва азму талоши худро баҳри ба саодат расидани халқ равона сохтанд. Ин абармард барои миллат ваҳдату суботу амният оварданд, ҳама дороӣ, қудрат ва сиёсатро дар хизмати инсон гузошта, пояи давлатдориро аз сифр, низоми молияро аз хазинаи холӣ, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ намуданду шакл бахшиданд ва неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо карданд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натанҳо барои имрӯз, балки барои ҳазорсолаҳо қаҳрамониҳо кардаанд. Зеро дар пойдории ин Ваҳдат ҳама мутмаъин ҳастем. Насли имрӯзу фардои миллат ва ҳазорсолаҳои баъд низ ин қаҳрамониҳои Пешвои миллатро фаромӯш нахоҳанд кард.
Ваҳдати миллӣ кафили рушду пешрафти давлат ва омили асосии саодати халқ маҳсуб меёбад. Маҳз устуворӣ ва азми қатъии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии халқи сулҳхоҳи кишвар буд, ки ба ҳама мушкилу монеаҳо ва хатару таҳдидҳо нигоҳ накарда, ҳадафи асосии давлату миллат, яъне таъмини сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ амалӣ шуд. Ҳар як пешравию тараққиёти кишвари мо ба сулҳу ваҳдат иртибот дорад ва дар кутоҳтарин фурсат халқи тоҷик бо шарофати ин ваҳдат роҳи чандсадсоларо тай карда тавонист.
Иттиҳоду ҳамбастагии ҳар як халқу миллат шарти асосии канор мондан аз ҳама ихтилофу даргириҳо мебошад. Давлате, ки халқу миллаташ ҳамдиливу ҳаммаромӣ ва дӯстиву иттиҳод дорад, соҳиби қасри поянда аст. Арзиши воқеии Ваҳдат барои миллат ва халқи тоҷик маҳз дар ҳамин ягонагӣ, дастҷамъӣ, бо ҳам будан, ҳадафи бузурги ягона доштан зоҳир мегардад. Вақте тамоми афроди як миллат ба ҳам меояд, дастгиру пуштибони ҳамдигар мешавад, як ҳадафи баланди миллиро пайгирӣ мекунад, ин нерӯи тавонову бешикастест, ки миллатро ҳамеша дар тӯли таърих пирӯзу сарбаланд нигоҳ медорад. Ваҳдат ормони ҳазорсолаи халқи тоҷик буд, ки ба даст омад, ҳама роҳи ноҳамворро суфта гардонид ва халқ тоҷикро аз вартаи хавфнок наҷот бахшид. Бояд ҳеҷ гоҳ қатъи назар насохт, ки Ваҳдати миллат пояндагии миллат аст. Махсусан дар равандҳои ҷаҳонишавии муосир ногузир мебошад, ки қадру манзалати ваҳдатро беш аз ҳарвақта донем ва қимати заҳматҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро имрӯзу фардо ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем.
Мавзуна САМАДОВА,номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии факултети журналистикаи ДМТ