Густариши самтҳои нави ҳамкориҳо

0
34

Имрӯз, 02 декабри соли 2025, ҳайати роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С., раиси Шӯрои таҳсилоти олии Туркия Эрол Озвар-ро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғоз ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С., меҳмононро бо вазъи кунунии фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, низоми таълим, равобити байналмилалии ДМТ бо донишгоҳҳои хориҷӣ, сатҳи омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва имкониятҳои неруи илмии донишгоҳ шинос кард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масоили муҳими ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ, густариши равобити байналмилалӣ, табодули таҷриба миёни донишгоҳҳо, вусъат бахшидани равобити академӣ, табодули донишҷӯён, инчунин мусоидат ба тарбияи мутахассисони баландихтисос мубодилаи назар намуданд.

Ректори Донишгоҳ зикр кард, ки ҳамкориҳои дуҷониба барои рушди устувори низоми таҳсилот аҳамияти махсус доранд.

Дар навбати худ, Эрол Озвар зарурати таҳкими ҳамкориҳо дар самти рушди ихтисосҳои тиббӣ, омӯзиши забон, адабиёт ва фарҳанг, инчунин фаъол сохтани лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои технологияи инноватсионӣ, зеҳни сунъӣ ва рақамисозии таълимро муҳим шуморид.

Дар анҷом, ҷонибҳо омодагии худро барои тақвияти робитаҳои минбаъда ва тавсеаи иқдомҳои муштарак дар самти баргузории семинару ҳамоишҳои илмӣ, табодули устодону донишҷӯён, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва дигар шаклҳои ҳамкорӣ изҳор намуданд.