Нимаи дуюми рӯзи 19.11.2025 тибқи нақша вохуриву сӯҳбатҳои ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ бо кулли устодону кормандони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва садорати ҳама факултетҳои донишгоҳ баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ бори дигар ҳозиринро ба идҳои бузурги моҳи ноябр табрик гуфта, масъулиятшиносӣ ва садоқатмандии ҳар як фард ҷонибдорӣ аз сиёсати рӯз ва саҳмгузориву мусоидат дар самти пешрафту ташаккули ҷомеа арзёбӣ гардид.
Масъалаи интизому донишомӯзии ҷавонон дар кафедраи ҳарбӣ ва дарсҳои варзиш дар муқаддимаи сӯҳбати ректор махсус таъкид гардид. Гуфта шуд, ки бояд дар ин масъала ҷиддияти хос зоҳир гардад ва дар ин самт робитаи чандҷониба низ нақш дорад. Чанд андешаи мухтасар:
НАСРИДДИНЗОДА ЭМОМАЛӢ:
Дар толор ҷамъ омадани устодони кафедраҳои умумидонишгоҳии фалсафа, педагогика, тарбияи ҷисмонӣ, назарияи иқтисодӣ, забонҳои хориҷӣ ва умуман, ҳамаи инҷо нишастаҳо давоми суҳбатҳои мову шумо бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ аст. Ҳузури шумо ҳисси масъулият аст ва раёсати васеи имрӯза фарогири ду мавзуъ мебошад: Татбиқи стратегиву барномаву нақшаҳои зиёди давлатӣ ва баъдан низоми илму таълиму тарбия.
Стратегияҳову барномаҳо ба ду ҷиҳат ба ҷомеаи меҳнатии мо ирсол гардидааст:
1. Аз рӯи он амал намудан;
2. Иҷрои он ва роҳандозӣ намудани ҳама барномаҳо, ки барои ин ҳар як корманди донишгоҳ масъул аст;
Андешаҳои мо дар ин толор дар бобати ин масъалаҳо борҳо зикр шгудаанд ва бояд донем, ки кирдори барои ҷомеа хавфнокро барҳам задан вазифаи аслии мову шумост.
Дар мадди назар қарор бояд дод, ки таълифоти илмӣ надоштани магистрҳо ва докторантону унвонҷӯён мушкилу муаммои оянда мешавад.
Барои баланд гаштани ҷаҳонбиниву маърифати унвонҷӯён бояд барномаҳо амалӣ гарданд.
Этикаву эстетика, тозакориву ободониҳо аввалин баҳоест, ки дар зоҳир ҳар як бинанда медиҳад.
Барои ҳамагон маълум аст, ки маҷмӯи консепсияҳо аз фаъолият дар самти таълим гирифта шудааст. Ҳама камбудиҳо бо дастгириву ҳамкориҳо рафъ мегарданд. Мо минбаъд дар масъалаи баланд бардоштани маоши кормандон дар ҳама самтҳо аз рӯи натиҷаи кору доштани унвонҳои илмӣ аҳамият медиҳем.
Яъне маоши онҳое минбаъд баланд бардошта мешаванд, ки унвони илмӣ доранд.
Ҷамъиятикунонии варзиш саломатии ҷомеа мебошад. Бояд роҳнамоӣ дар самтҳо мушаххас бошанд.
Бояд Рӯзи парчами давлатиро дар сатҳи баланд ҷашн гирифт ва дар ин маврид донишгоҳ дар доираи ду чорабинӣ нақши худро мегузорад. Парчами давлатӣ, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазироӣ шудааст, муқаддасоти бузург миллии мост.
Дар идома мудири бахши ҳуқуқи донишгоҳ Бурҳоналӣ Шерзода доир ба масъалаҳои “Давлат ва ҳукумати ба ДМТ ҳамчун яке аз маркази бузурги илмиву маърифатӣ менигарад…”, “ДМТ ҳамчун яке аз иҷрочиёни фаъоли стратегияву барномаҳо…”, “Муқовимат бо коррупсия…”, “Тарғибу ташвиқи ҳатмии масъалаи мубориза бо коррупсия…”, “Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар кафедраҳову факултетҳо…”, “Оқибатҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии амалҳои номатлуб…”, “Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ…”, “Муроҷиатҳои шаҳрвандон…”, “Фаъолияти Донишкадаи такмили ихтисос…”, “Муқовимат бо ҷинояткорӣ…”, “Анҷом додани таҳқиқи илмӣ дар самтҳои афзалиятноки иҷтимоӣ…”, “Фаъолияти илмӣ дар самти магистратура…”, “Бозомӯзии кормандон ва такмили ихтисос…”, “Сифатнокии таълим дар дарсҳои такмили ихтисос…”, “Гузаронидани дарсҳои онлайн дар маркази такмили ихтисос…”, “Роҳандозии нақшаи мукаммали пардохти ғайринақдӣ дар донишгоҳ…” ва монанди ин фикру андешаҳоро баён намуд.
Сардори раёсати таълими донишгоҳ Исмоил Шарифзода бошад, андешаҳояшро доир ба масъалаҳои “Пешгирии дарсшиканӣ ва баъдан баланд бардоштани сифати таълим…”, “Таҷдиди лексияҳо…”, “Ба назар гирифтани махсусиятҳои ихтисоси тадрисшаванда аз ҷониби кафедраҳои умумидонишгоҳӣ…”, “Сатҳу дараҷаи устодони унвондор дар дар кафедраҳои умумидонишгоҳӣ…”, “Нашри мақолаҳо дар саҳифаҳои расонаҳо…”, “Дарсҳои кушод ва ба дарсҳои ҳамдигар даромадани устодон…”, “Баланд бардоштани савияи касбии устодони ҷавон…”, “Дарсшиканаву дарсивазнамоӣ…”, “Таъмини давомоти донишҷӯ аз ҷониби худи устоди дарсдиҳанда…”, “Ба дарси баъзе устодон вобаста будани иштироки донишҷӯ…”, “Механизми таъмини донишҷӯ дар машғулиятҳои варзишӣ…” ва монанди ин баррасӣ намуд.










