ЗАБОН – АРЗИШ ВА МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

0
40

Боиси ифтихор аст, ки ҳамасола дар Ватани мо 5 октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мешавад. Ин ҷашну ин ифтихор аз файзу баракати истиқлол аст. Маҳз шарофати истиқлол ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мо ба гиромидошти арзишҳои миллӣ ва эҳёи ҳофизаи таърихиамон рӯ овардем. Бешак, миллати тоҷик дар таърихи беш аз 6-ҳазорсолаи хеш дар тамаддуни башарият, дар ҳама самтҳои ҳаёти маънавӣ, аз ҷумла адабиёт, фарҳанг, ҳунар, ахлоқ ва монанди ин нақши мондагоре гузоштааст. Дар баробари ин саҳми фарзандони миллати мо дар рушду инкишофи илмҳои бунёдӣ, истеҳсолот, шаҳрсозӣ, кишоварзӣ, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ сазовори таъкиду ситоиш аст. Ин нақшу саҳмро намояндагони барҷастаи илму фарҳанги ҷаҳонӣ эътирофу таъкид доштаанд. Панди Рӯдакӣ, ватансароии Фирдавсӣ, шифои Сино, ғазали Ҳофизу Камол, фалсафаи Хайёму Носири Хусрав, инсоншиносии Мавлавӣ, муаммои Бедил… то ҳанӯз оламиёнро тасхир мекунад. Ва ҳамаи индурри маънӣ тавассути забони тоҷикӣ офарида шудааст. Оре, забон аст, ки моро дар радифи адабиёт, «Шоҳнома», «Шашмақом», «Фалак» дар имтиҳони таърих ҳифз намудаву дастболо намудааст. Ин осор гувоҳи қудрату тавоноии забони тоҷикист.

Таърихи сиёсӣ, адабӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мо ҳамеша пайванд ба забон будааст. Агарчи мо баъди Сомониён давлати миллӣ надоштем, аммо забону фарҳангимо давлатӣ буд. Ҳар касе меомад, маҷбур буд бузургии забони моро эътироф намояд. Шоҳону ҳокимон, агарчи аз бегонагон буданд, маҳз забони моро василаи таъмини иртибот ва муоширати худ бо мардум интихоб мекарданд

Аммо бояд эътироф кард, ки бо вуҷуди нақши муносибу мондагораш забони мо мақому ҷойгоҳи сазовори худро маҳз дар замони Истиқлол тавассути сиёсати Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овард. Дар сатҳи давлативу расмӣ як силсила қонуну қарор ва асноди меъёриву ҳуқуқӣ оид ба забони тоҷикӣ қабул ва амалӣ гардиданд, ки онҳо мақому манзалати забонамонро ба сатҳи зарурӣ боло бурданд. Дар моддаи 2-юмиКонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми забони тоҷикӣ равшану возеҳ муайян шудааст: “Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.” Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ”, таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти ҶТ, ки имконияти беҳтарин барои бо забони модарӣ ҳимоя кардани рисолаҳои илмӣ мебошад, эълон доштани «Соли забони тоҷикӣ», қабули «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ва ғайра барои устувор нигоҳ доштану таҳким бахшидани мақоми забон дар ҷомеа нигаронида шудаанд. Ба нашр расидани асари арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» (дар 2 ҷилд), нишони эҳтирому бузургдошти забони модарӣ буда, бори дигар моро ба қадршиносии арзишҳои миллӣ, аз ҷумла забон ҳидоят менамояд. Ва дар саргаҳи нишондани забони тоҷикӣ дар мақомаш Сарвари давлат меистанд. Маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикиро ба минбари баландтарини сиёсии ҷаҳон – минбари Созмони милали муттаҳид баровардаву аз ҳастии миллате бо номи тоҷик, давлате бо номи Тоҷикистон ва забоне бо номи тоҷикӣ башорат доданд. Ва ин амалишавии орзуву армони ҳазорсолаи фарзандони боору номуси миллат буд. Ҳамин фарзонагон буданд, ки бо осори худ, ки тавассути забони модарӣ эҷод карда буданд, моро умед мебахшиданд. Устод Садриддин Айнӣ забонро дар қатори мактабу матбуот пойдевори давлат дониста, дар солҳои 30-юми асри 20 барои эътирофи миллати тоҷик оид ба бузургии забони тоҷикӣ даҳҳо мақолаҳои илмиву публитсистӣ навиштаанд. Кори Устод Айниро фарзонагони дигари миллат Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода ва даҳҳо нафари дигар идома доданд. Пешвои муаззам ҳақ ҳастанд, ки мегӯянд: «Имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд.»

Бале, бо ҳамин забон моро мешиносанд. Омили асосии ваҳдати ҳама тоҷикони ҷаҳон ҳамин забон аст. Бо ҳамин забон мо сарҷамъу муттаҳид ҳастем. Аз ин хотир Давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз забон пуштибонӣ менамоянд. Ба фармудаи Сарвари давлат «Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забон мебошанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд».

Мувофиқи маълумотҳо ҳар сол дар олам даҳҳо забон аз байн мераванд. Бо нестшавии забон миллату халқият ва давлатҳо аз байн мераванд. Яъне забон яке аз унсурҳои асосии мавҷудияти миллату давлат аст. Забони тоҷикӣ арзиш ва муқаддасоти миллати мост. Забони давлатиро ҳифзу ба ояндагон мерос гузоштан танҳо вазифаи Давлату Ҳукумат нест, балки ҳамаи намояндагони миллат вазифадоранд, ки барои ҳифз ва беолоиш нигоҳ доштани нахустунсури ҳастии миллат – забон талош намоянд. Дар ин роҳ саҳми воситаҳои ахбори омма, хоса матбуот барои ташвиқу тарғиби эҳтироми забони давлатӣ, риояи меъёрҳо ва тозаву пок нигоҳ доштани он бисёр муҳим аст.

Сангин ГУЛЗОД,дотсент, мудири кафедраи телевизион варадиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ