ЗЕҲНИ СУНЪӢ ЧӢ МЕДИҲАД ВА ЧИРО МЕГИРАД?

0
21

Инноватсия натанҳо ихтироот аст, балки такмили маҳсули ихтироот аст.

Дар Япония захираву сарватҳои табий ночиз аст ва онҳо қарор доданд, ки итилотро ҳамчун захираву сарват соҳиб гарданд.

Зеҳни сунъӣ дар оянда кормандони зиёдро ихтисор мекунад ва ҳам ҷойҳои нави кориро ба вуҷуд меоварад.

Таъсиси агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи замон буд.

Омори инноватсия бахши алоҳида дорад, ки фарогири илму таҳқиқ аст.

Татбиқи инноватсия дар истеҳсолот рукни муҳим мебошад.

Як ихтирооти муҳаққиқи донишгоҳи миллӣ дар истеҳсолот амалӣ гардидааст, ки дар як сол 40 ҳазор доллар фоида меорад.

Самтҳои фарматсевтӣ, биология, физика, химия низ аз донишгоҳи миллӣ соҳиби ихтироот буда, дар истеҳсолот амалӣ мегарданд.

Таҳқиқотҳои бунёдӣ аз марҳилаҳои инноватсия ба шумор меравад.

Ихтирои ним асри охири инсоният аз нуздаҳ асри гузашта бештар аст.

Рисолати IT – технология дар аввал оддиву сода буд ва ба ҳисобу китоб рабт дошт.

Беш аз 4 миллиард сокинони сайёра дар соли 2025 бо техникаву технологияи мобилӣ таъмин мегарданд.

Маркази инноватсияи донишгоҳи миллӣ дорои иқтидор ва имкониятҳои зиёд гардидааст.

Зеҳни сунъӣ ба майнаи сари инсон ҳам таъсир расонида, қобилияти фикрронии шахсро хуб месозад.

Зеҳни сунъӣ метавонад хатогиҳои инсонро кам кунад ва раванди корро боз ҳам самаранок гардонад.

Барномаҳои ҳушманд ҳатто қудрати таҳлил карданро доранд.

Зеҳни сунъӣ забонро шинохта метавонад ва он аллакай маъмул аст. Мисол тарҷумаи онлайн.

Зеҳни сунъӣ метавонад натиҷаҳои ғайриинсониро ба миён орад, ки қарорҳои инсониро маҳдуд менамояд.

Факултети химия зиёда аз 200 патенти ихтироот дорад.

Ихтирооти мо ҳарчанд бузург набошад ҳам, вале онро зина ба зина такмил доан имконпазир аст.

Соли1942 заводи семент дар Душанбе ба кор андохта шуд. Дар замони шӯравӣ 3500 нафар корманд дошт ва дар як шабонарӯз 500 тонна семент истеҳсол мекард. Имрӯз бо 1000 корманд дар як шабонарӯз 3000 тонна семент истеҳсол мекунад.

Идора карда тавонистани дастгоҳу технологияи нав ҳунару дониш мехоҳад.

Бозори истеҳсолии мо бояд бо бозори технологияи нав рақобатпазир бошад.

Аз оғози соли равон донишгоҳ бо Агентӣ ҳамкорӣ дорад.

Санади татбиқ ва санади имконияти татбиқ вуҷуд дорад, ки аз ҳамдигар фарқ доранд.

Рақамикунонии истеҳсолӣ талаботи ногузири замон аст.

Давлат барои ихтироъкорон дастгириҳоро ба роҳ мондааст.

Дар панҷсолаи иқтисоди рақамӣ чандин соҳаҳо таҳаввулоти амиқ мебинанд.

Агентӣ мақоми ваколатдори давлатӣ аст.

Интернет дар ҳақиқат ҷаҳони маълумот аст ва бояд дар бораи мо маълумот камтар дошта бошад.

___________________

Ин чанд бардошт ва хулоса аз ҳамоиши имрӯзаи донишгоҳи миллӣ буд.

___________________

Имрӯз дар ҳошияи қарори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.

Ҳамоишро муовини ректор оид ба илм, профессор С.Сафармамадзода ифтитоҳ намуда, дар бораи муҳимияти татбиқи илм дар истеҳсолот ва ихтирооту инноватсия андешаҳояшро иброз дошт. Гуфта шуд, ки масъалаи “ҳукумати электронӣ” ва “рақамикунонии иқтисодиёт” дар Паёми навбатии Пешвои миллат яке аз нуқтаҳои асосиро ташкил дода, аз таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ба ин самт дарак медиҳад.

– Рушди тенологияҳои рақамӣ аз омилҳои асосие ба шумор меравад, ки ба суръат бахшидани иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир мегузорад. Аз ин рӯ, ташаббуси раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мавриди ҳамасола гузаронидани “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” дар рушди технологияҳои рақамӣ ва пешрафти иқтисодиёти миллӣ нақш хоҳад гузошт. Ҳамчунин бо баргузории чунин чорабиниҳо метавон баланбардории сифати таълим, бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба эҷодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, тарғиби маданияти истифодаи иттилооти интернетӣ, табиқи техникаю технологияи инноватсионӣ дар раванди таълим ва дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавонро таъмин намуд.

Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, Раҳмонов Ҷалолиддин Равшанқулович бо мавзӯи “Равандҳои инноватсионӣ: пайванди илм бо истеҳсолот” дар бораи татбиқи илм бо истеҳсолот андешаҳояшонро баён кард.

Муаллими калони факултети механикаю математика Пиров Саидалӣ Мирзоалиевич бошад, дар мавзӯи “IT- технология ва зеҳни сунъӣ ҳамчун муҳаррики рушди иқтисод ва ҷомеаи муосир” андешаҳояшро иброз дошт.

Дар музокираҳо декани факултети химияи донишгоҳ Файзуллозода Эркин, декани факултети ҳуқуқшиносӣ Мирзозода Парвон ва намояндаи Агентии инноватсия ва технологияи рақамӣ иштирок намуданд.

____________

Ҳамоиш аз паҳлуҳои зиёди мусбат иборат буд ва барои татбиқи илм дар истеҳсолот роҳнамоиҳои зиёд дошт.

Декани факултети журналистика,

Ҳошимзода Бахтиёр Ҳошим